Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар манзили иҷораи Акбарҷон Ҷалилов чӣ ёфтанд? ВИДЕО


Акси Акбарҷон Ҷалилов, ҷавони муттаҳам дар таркиши метрои Санкт-Петербург аз саҳифаи "Одноклассники"

Мақомоти Русия гуфтанд, ки тафтиши манзили иҷораи Акбарҷон Ҷалилов, ҷавони муттаҳам ба бомбгузории метрои шаҳри Санкт-Петербургро ба поён расонданд. Онҳо гуфтанд, ки Ҷалилов як моҳ пеш аз ҳамла манзилеро ба иҷора гирифта ва дар онҷо ба сар мебурд. Тафтиши манзили иҷораи ӯ 4 апрел, як рӯз пас аз ҳамла, ки ҷони чаҳордаҳ нафарро гирифт, аз тарафи ниҳодҳои амниятии Русия сурат гирифтааст.

Аз модари Ҷалилов пурсиданд, ки то куҷо ба гунаҳкор будани писараш бовар дорад. Зан ба нишони нобоварӣ ба ин иттиҳом сарашро ҷунбонд.

Бошандагони бино дар сӯҳбат бо хабарнигори Ройтерс гуфтаанд, ки қабл аз кофтукоби манзили зисти Акбарҷон Ҷалилов ҳамаро аз бино берун карданд, то агар таркише ба амал омад, касе зиён набинад. Даря, яке аз ҳамсояҳои Ҷалилов, гуфт, “онҳо омада, дастур доданд, ки мардум аз бино берун шаванд. Аз аввал на пулис ва на хадамоти наҷот инҷо набуданд. Ҳеҷ кас намефаҳмид, ки чӣ иттифоқ афтодааст.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар манзили иҷораи Акбарҷон Ҷалилови муттаҳам бо бомбгузорӣ чӣ ёфтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Даря гуфт, баъдан ӯву шавҳараш ба пулис занг зада, хостаанд, то вазъро шарҳ диҳанд. “Вақте пулис омад, ман ба берун рафтам, вале хушдоманам мегӯяд, пулис бо шоҳидон ба бино ворид шуда, дар ҳузури онҳо дари манзили ҳамсояро боз намуд. Пулис ба онҳо гуфт, ки шахси муттаҳам бо терроризм дар ҳамин манзил сабти ном шудааст”, - афзуд ӯ.

Як нафаре, ки ба ҳайси шоҳид ҳангоми тафтиши манзил ҳузур доштааст, мегӯяд, дар ин хона ашёву колои Ҷалилов дар қуттиҳои сиёҳ ва ҳамчунон чанд қуттии картонӣ ёфт шуданд, ки дар дохили он хокаи сафеди ношинос ба чашм мехӯрд.

Манзили волидони Акбарҷон Ҷалилов дар Ӯши Қирғизистон
Манзили волидони Акбарҷон Ҷалилов дар Ӯши Қирғизистон

Акбарҷон Ҷалилови 22-сола дар шаҳри Ӯши Қирғизистон таваллуд шуда, соли 2011 бар асоси аризаи падараш соҳиби шиносномаи Русия шудааст. Баъдан ӯ ба Санкт-Петербург кӯчида, дар ошхонаи як фурӯшгоҳ бо ошпазӣ ва дар як коргоҳи дигар бо таъмири мошин машғул будааст. Волидон ва бародари хурдии Ҷалилов дар Қирғизистон ба сар мебаранд ва ба навиштаи расонаҳо, Ҷалилов ҳамеша ба зиёрати наздиконаш мерафт.

Таркиш дар қатори метрои Санкт-Петербург дар миёни истгоҳҳои "Технологический институт" ва "Сенная плошад" рӯзи 3 апрел рух дод. Баъдан дар истгоҳи "Плошад Восстания" низ дастгоҳи тарканда ошкор ва хунсо карда шуд. Шумори қурбониёни ин ҳамла ба 14 нафар расида, 49 тани дигар бо захмҳои гуногун бистарӣ шуданд.

Модари Акбарҷон Ҷалилов дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербург
Модари Акбарҷон Ҷалилов дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербург

Модари Акбарҷон Ҷалилов, ҷавони муттаҳам дар таркиши метрои шаҳри Санкт-Петербург, рӯзи 5 апрел ба онҷо рафт ва ӯро дар фурудгоҳ хабарнигорону дастгоҳҳои наворбардорӣ пешвоз гирифтанд. Аз модари Ҷалилов пурсиданд, ки то куҷо ба гунаҳкор будани писараш бовар дорад. Зан ба нишони нобоварӣ ба ин иттиҳом сарашро ҷунбонд. Ӯ дигар ба ҳеҷ саволи журналистон посух надод ва танҳо як дафъа гуфт, ки "чизе намедонад".

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG