Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади яке аз қурбониёни таркиши Петербургро ба хок супурданд


Ҷасади як донишҷӯи қазоқро, ки дар таркиши метрои шаҳри Санкт-Петербург ҳалок ва аз тарафи баъзе расонаҳои Русия иштибоҳӣ омили таркиш муаррифӣ шуда буд, рӯзи 7 апрел ба хок супурдаанд. Максими 22-сола донишҷӯи соли севуми бахши технологияи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург будааст. Баъзе аз расонаҳои Русия дар соатҳои аввали баъд аз ҳодиса гузориш доданд, ки гӯё Орешов як фарди гумонбар аст. Вале ин хабар расман собит нашуд ва сипас ӯ яке аз қурбониёни воқеа шинохта шуд. Волидонаш гуфтанд, Максим қасд дошт, баъди адои таҳсил ба кишвараш баргардад. Таркиш дар метрои Санкт-Петербург рӯзи 3 апрел рух дода, 14 кушта ва беш аз 50 захмӣ барҷой гузошт. Мақомоти Русия Акбарҷон Ҷалилов, зодаи 22-солаи Қирғизистонро омили аслии таркиш эълон карда, ҳашт нафарро ба гумони ҳамдастӣ дар ин таркиш дар Санкт-Петербургу Маскав боздошт кардаанд. Расонаҳои Русия рӯзи 7 апрел гуфтанд, яке аз боздоштшудаҳо шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон будааст. Вале ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки ин иттилоъ ҳанӯз дақиқ нест.

Видеоҳои охирин

Мулоқоти раҳбарони ду Корея
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG