Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаш шаҳрванди кишварҳои ОМ дар Санкт-Петербург. ВИДЕО


Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт-Петербург хабар дод, ки аз рӯи моддаи "мусоидат ба фаъолияти террористӣ" 6 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт кардааст. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ин афрод бо гумони таҳияи нақшаи ҷиноятҳои террористӣ аз моҳи ноябри соли 2015 ва иртиботашон бо созмонҳои мамнӯе ба мисли "Ҷабҳат-ан-нусра" ва "Давлати исломӣ" дар ҳудуди Санкт-Петербург дастгир шудаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, яке аз бахшҳои фаъолияти онҳо марбут ба ҷалби ҷангҷӯёни эҳтимолӣ ба фаъолиятҳои мамнӯи террористӣ будааст. Рабт доштани ин афрод ба таркиши метрои Санкт-Петербург дар рӯзи 3 апрел санҷида мешавад.

Боздошти шаш зодаи Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми ифротгароии исломӣ дар Санкт Петербург
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки иттилое дар мавриди эҳтимоли боздошти шаҳрванди ин кишвар дар ин қазия дар даст нест ва "маъмулан, дар қазияҳои марбут ба терроризм мақомоти тафтишотӣ метавонанд бо сохторҳои ҳамсони худ иктифо кунанд". Ин масъули сафорат гуфт, ки қазияро пайгирӣ хоҳанд кард.

Дар он ҳамла, ба қавли мақомоти тафтишотии Русия, маводи таркандае дар дохили борхалтаи ҷавоне инфиҷор шуд, ки дар дохили метро ҳаракат мекард. Мақомот гуфтанд, ки эҳтимол ин таркишро як ҷавони зодаи Қирғизистон анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG