Пайвандҳои дастрасӣ

Манбаъ: Вазъи саломатии Фирӯз Холмуродзода дар СИЗО бад шудааст


Фирӯз Холмуродзода

Вазъи саломатии Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, вазнин шуда, таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтааст. Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 11 май ба Радиои Озодӣ гуфт, Фирӯз Холмуродзода дар ҳафтаҳои охир ҳадди ақал ду бор дучори сактаи қалбӣ шудааст. "Барои табобаташ аз бемористони “Шаҳраки тиббӣ” пизишконро даъват карданд. Холмуродзода аз бемории қалб ранҷ мебарад", - гуфт ин манбаи Радиои Озодӣ, ки нахост номаш фош шавад.

Ин манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтишот гуфт, ки ҳафтаи гузашта ду корманди дигари Оҷонсии зиддифасод боздошт шуда, нисбат ба онҳо бо моддаи “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” парванда боз гардидааст.

Фирӯз Холмуродзода як моҳ пеш бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "сӯистифода аз мақом" дастгир шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Манбаи наздик ба тафтишот гуфт, таҳқиқи қазияи ӯ идома дорад ва то кунун дар чаҳорчӯби парвандааш нафаре бозпурсӣ шудааст, ки гӯё дар робита бо иттиҳоми гирифтани миқдори зиёди тилло шаҳодат медиҳад. Манбаи Радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ин зан бо исми Баҳринисо ном бурд.

Ба иттилои манбаъ, ин зан қаблан бо ҷурми "қаллобӣ" боздошт шуда, гӯё муфаттиш Холмуродзода бо ваъдаи озод кардани ин зан миқдори зиёди тиллоро талаб кардааст. Ин зан баъдан гӯё ба муфаттишони қазияи кормандони оҷонсии зидди фасод шоҳидӣ додааст, ки Фирӯз Холмуродзода дар ивази раҳоии ӯ 6 кило тило талаб карда буд. Иттилое, ки мақомот то ҳол расман тасдиқ ё такзиб накарданд.

Давлатбек Хайрзода
Давлатбек Хайрзода

Ин манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтишот гуфт, ки ҳафтаи гузашта ду корманди дигари Оҷонсии зиддифасод боздошт шуда, нисбат ба онҳо бо моддаи “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” парванда боз гардидааст.

Ӯ гуфт, ки дар маҷмуъ 7 корманди Оҷонсӣ дар боздошт ҳастанд, вале ин манбаъ аз ошкор кардани исму мақоми ҳамаи онҳо худдорӣ кард. Бо инки тасдиқи дурустии ин иттилоъ тавассути манобеи мустақил имкон надорад, то кунун боздошти ҳадди ақал 2 нафар - муфаттиш Фирӯз Холмуродзода ва муовини пешини раиси Оҷонсии зиддифасод Давлатбек Хайрзода тасдиқ шудааст.

Бинои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон
Бинои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бародари Давлатбек Хайрзода - Қутбиддин Хайров рӯзи 2 май гуфт, ки бародарашро дар шаҳри Хуҷанд боздошт ва ба Душанбе интиқол доданд. Ба гуфтаи Хайров, бародараш таъкид кардааст, ки ҳеҷ гуноҳ надорад, вале мушаххасан нагуфт, ки иттиҳоми ӯ чист.

Қаблан матбуот дар бораи эҳтимоли боздошт шудани то 17 нафар хабар дода буд, вале манобеи Радиои Озодӣ дар оҷонсии зидди фасод гуфтанд, ки шумори боздоштшудаҳо панҷ нафар буда, дигарҳо барои бозпурсӣ даъват мешаванд.

То ҳол ҳеҷ сохтори ҳифзи ҳуқуқ ҷараёни тафтишот ва ҷузъиёти марбут ба шахсиятҳои боздоштшударо расман шарҳ намедиҳанд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин парвандаро муфаттишони додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пеш мебаранд.

Қазияи боздошт ва дар қонуншиканӣ гумонбар шудани гурӯҳи кормандони Оҷонсии зидди фасод дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бесобиқа буда, тахмин меравад, ки ин санҷишҳо бо иҷозати мақомоти баландтарини кишвар сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG