Пайвандҳои дастрасӣ

Қутбиддин Хайров: Бародарам худро гунаҳкор намедонад. САДО


Акси Давлатбек Хайрзода аз саҳифаи "Одноклассники"-и Қутбиддин Хайров гирифта шудааст

Қутбиддин Хайров, бародари Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Оҷонсии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ боздошти бародарашро таъид кард, вале гуфт, ки ӯ худро гунаҳгор намеҳисобад. Хайрзода зоҳиран баландтарин мақоми собиқ аст, ки дар чаҳорчӯби қазияи тафтиши кормандони собиқу амалкунандаи оҷонсӣ боздошт шудааст. Ӯро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Қазияи боздошт ва дар қонуншиканӣ гумонбар шудани гурӯҳи кормандони оҷонсии зидди фасод дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бесобиқа буда, тахмин меравад, ки ин санҷишҳо бо иҷозати мақомоти баландтарини кишвар сурат мегирад.

Рӯзи 2 май Қутбиддин Хайров, раҳбари дастаи футболи “Хайр"-и Ваҳдат гуфт, аз рӯи иттилои ӯ ҳамроҳ бо бародараш боз се нафари дигар ​боздошт шудааст ва кормандони дигар барои бозпурсӣ даъват мешаванд.

"Бародарам худро бегуноҳ меҳисобад"

Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ду ҳафта пеш дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон боздошт шуд. Қаблан, манобеи радиои Озодӣ гуфтанд, ки алайҳи ӯ дар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Хайров дар як сӯҳбати телефонӣ боздошти бародарашро, ки дар шоҳидии ӯ сурат гирифт, шарҳ дод.

Қутбиддин Хайров: Ростӣ гап, дар ҳамон Фейсбук ва дигар сайтҳо дурӯғ зиёд менависанд. Аз куҷо мегиранд, ин қадар дурӯғро, намедонам. Вазъияти бародарам хуб аст ва ягон гапи зиёдатӣ нест ин ҷо. Нофаҳмиҳо шудааст, ки иншоаллоҳ, ҳамааш хуб мешавад. Қонун худаш муайян мекунад. Бародарам гуноҳ дошта бошад, ҷавоб медиҳад, надошта бошад, озодаш мекунанд

Радиои Озодӣ: Ҳатто хабарҳое пахш шуд, ки шумо ҳам дастгир шудаед?

Қутбиддин Хайров: Гуфтам, ки аксари гапҳое, ки дар Интернет ҳаст, дурӯғ аст. Ба ман дар ҳамон лаҳзаи боздошти бародарам гуфтанд, ки “рав, ба ту кор надорем”. Ҳар кас гунаҳкор аст, ҷавоб медиҳад. Чӣ даркор тӯҳмат? Охир маро на боздошт кардаанд ва на ягон гапи ганда гуфтаанд. Нисбати ман ягон гап нест. Ҳозир дигар аз ин бештар чизе гуфта наметавонам. Ман дар озодӣ ҳастам.

Радиои Озодӣ: Бародаратон ҳоло дар куҷо қарор дорад?

Қутбиддин Хайров
Қутбиддин Хайров

Қутбиддин Хайров: Ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи амният қарор доранд. Дар ҳамон ҷо мепурсанд, вале ягон гапи зиёдатӣ, ягон муносибати бад нест, ягон таҳқир ҳам нашудааст. Муносибат бо ӯ бисёр хуб аст. Нофаҳмиҳо ҳаст, ки онро пурсуҷӯ мекунанд. Нофаҳмиҳо дар робита бо коргаронаш аст. Ин рӯзҳои наздик муайян мешавад.

Радиои Озодӣ: Ба бегуноҳӣ ва озодшавиаш то куҷо бовар доред?

Қутбиддин Хайров: Ман бовар дорам, лекин боз ҳама чиз дар доираи қонун санҷида мешавад. Ин дигар кори тафтишот аст, ки онҳо дида мебароянд, ки қонун чӣ мегӯяд. Дар дохил чӣ гап ҳаст, ростӣ намедонам. Лекин бовар дорам, ки бегуноҳиаш рӯзе исбот мешавад. Бародари ман баднафс ҳам набуд ва пулдор ҳам набуд. Моҳи январ ба нафақа баромада буд. То омаданаш ба агентӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард.

Боздошт дар Хуҷанд ба нақли Хайров

Радиои Озодӣ: Дар бораи маҳалли боздошти Давлатбек Хайров ду хабар аст. Бар асоси яке дар марзи Қирғизистон ва бар асоси хабарҳои дигар - дар фурудгоҳи Хуҷанд боздошт шудааст.

Қутбиддин Хайров: Фурудгоҳи Хуҷанд... бубинед, вақте одам донад, ки ӯро боздошт мекунанд, фурудгоҳи Хуҷанд намеравад. То ин вақт ӯро касе даъват накарда буд ва нисбаташ ягон гап набуд. Чун касали қанд, фишорбаландӣ ва панкреатит (дарди талахдон) дошт, барои табобат ба Хуҷанд рафта буд. Вақте ӯро даъват карданд, куҷое намегурехт. То он вақт аз ҳеҷ куҷо огоҳ нашуда буд, ки бояд набарояд, касе ҳам ба хонааш наомада буд. Се рӯз дар Хуҷанд дар хонаи писараш буд, ман наздаш рафтам ва гуфтам, ки “биё, даҳ рӯз барои табобату истироҳат меравем”. Ҳамон ҷо (дар фурудгоҳ як нафар омаду) бе ягон таҳқир гуфт, ки “биё, бо мо равем”. Бо хубӣ гуфтанд, ки як-ду чиз мепурсем, маслиҳат мекунем. Ҳамон ҷо ман шоҳид будам. Ин гапҳое, ки гӯё ӯро дар марз боздошт карда бошанду фирор мекард, дурӯғу тӯҳмат аст. Як нафар наздаш омада буд. Ман аз қафояш рафтам, вале ба ман гуфтанд, ки ба худат кор надорем. Баъдан саҳар Душанбе оварданд. Гуфтанд, ки ту ба ин корҳо дахл надорӣ ва маро ҷавоб доданд. Пурсиш карда истодаанд, вале ман дар бораи ин гапҳо тасаввуроте надорам.

Фурудгоҳи Хуҷанд
Фурудгоҳи Хуҷанд

Радиои Озодӣ: Ба кадом ҷурм ӯро боздошт кардаанд?

Қутбиддин Хайров: Чизе мушаххас нест, дақиқ чизе намедонам.

Радиои Озодӣ: Гуфта мешавад, ҳамроҳаш аз 12 то 17 нафар боздошт шудааст.

Қутбиддин Хайров: Ман ба чашмам надидам. Фақат се-чор нафарро дидам. Аввал навиштанд, ки гӯё дар сарҳади Қирғизистон боздошт шудааст, ки дурӯғ буд. Ман ҳоло гуфта наметавонам, ки ҳамроҳони ӯ кӣ ҳастанд.

Дар нафақа бо муолиҷа машғул буд

Радиои Озодӣ: Пас аз боздошт аз ҳолаш хабар гирифтед?

Қутбиддин Хайров: Адвокат ҳамроҳаш сӯҳбат кардааст, вазъияташ хуб аст. Доруҳояшро сари вақт мегирад. Ғизое, ки мебарем, сари вақт дастрас мешавад. Ягон мушкил дар расондани дору ва хӯрок нест. Аз чизе шикоят накардааст. Ҳангоме ки ҳамроҳаш будам, касе бо ӯ муносибати бад накард, ҳама бо эҳтиром ҳамроҳаш сӯҳбат мекарданд.

Радиои Озодӣ: Бародаратон то замони боздошт ба чӣ кор машғул буданд?

Қутбиддин Хайров: Дар моҳи январ нафақа баромада ва дар хона хоб буд. Саломатиаш хуб набуд. Як-ду бор рафта табобат гирифт, лекин дар хона буд. Ман кӯмакаш мекардам. Барои табобат ба Қазоқистон ҳам рафта буд. Кораш фақат табобат буд. Мо ҳоло нисбати боздошту тафтишот ҳеҷ шикояте надорем.

Оҷонсӣ: 5 нафар дар боздошт аст

Рӯзи 2 май як мақоми Оҷонсии зидди фасод дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, шумори онҳое, ки бо ҷурми “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон" боздошт шудаанд, дар маҷмӯъ панҷ нафар ҳастанд. Боқӣ нафарон, ба гуфтаи ӯ, дар сурати зарурат ва ё пайдо шудани маълумоти тоза барои сӯҳбат даъват мешаванд. Ин шахс, ки нахост исми боздоштшудаҳоро фош кунад, танҳо гуфт, номи Ҷамолиддин Муҳаммадзода (Муборов), сардори Раёсати ташкиливу нозиротӣ, ки дар бархе расонаҳо дар миёни боздоштшудаҳо зикр шудааст, ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.

Вай гуфт: “Ҷамолиддин Муҳаммадзода дар ҳақиқат аз тарафи мақомоти тафтишотӣ барои ру ба ру кардан бо Фирӯз Холмуродов, ки дар баёноташ чанд маротиба номи Ҷамолиддинро зикр кардааст, даъват шуд ва баъди тасдиқ нашудани фактҳо, боз ба иҷрои вазифааш баргашт”.

Беназирзода - исми нав дар қазияи Холмуродов

Рӯзи 2 май мақомот дар сохтори гумруки Тоҷикистон дар бораи даъват шудани Фаридун Беназирзода, муовини раиси минтақавии гумруки вилояти Суғд ба тафтишот хабар доданд. Даъвати ин мақом дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи гурӯҳе аз кормандони собиқу амалкунандаи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сурат гирифтааст. Тафтишро додситонии кулл ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пеш мебарад. Бархе маълумот мегӯянд, Беназирзода дар гузашта дар Оҷонсии зидди фасод дар Душанбе кор кардааст.

Фирӯз Холмуродзода зоҳиран нафари калидӣ дар парванда мебошад
Фирӯз Холмуродзода зоҳиран нафари калидӣ дар парванда мебошад

Се манбаи мухталиф дар бахши гумруки вилояти Суғд субҳи рӯзи 2 май дар бораи аз утоқи корӣ ҳамроҳ бо мақомот берун рафтани Беназирзода хабар доданд. Ба гуфтаи яке аз муовинони раиси минтақавии гумрук, Беназирзода “барои сӯҳбат ба Душанбе бурда шудааст”. Вале ин мақом, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ӯ дар боздошт нест ва эҳтимолан ба саволҳои тафтишот посух медиҳад. Ӯ гуфт, ки Беназирзода аз рӯи парвандаи Фирӯз Холмуродзода, як муфаттиши оҷонсии зидди фасод барои сӯҳбат даъват шудааст. Холмуродзода яке аз аввалин боздоштшудаҳо ва гумонбар дар “қаллобӣ” дар миёнаҳои моҳи апрел боздошт шуд.

То ҳол ҳеҷ сохтори ҳифзи қонун вуҷуди парванда, ҷараёни тафтишот ва ҷузъиёти марбут ба шахсиятҳои эҳтимолии боздоштшударо расман шарҳ намедиҳанд. Қазияи боздошт ва дар қонуншиканӣ гумонбар шудани гурӯҳи кормандони оҷонсии зидди фасод дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бесобиқа буда, тахмин меравад, ки ин санҷишҳо бо иҷозати мақомоти баландтарини кишвар сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG