Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсӣ: Фирӯз Холмуродзода барои "қаллобӣ" боздошт шуд


Фирӯз Холмуродзода.

Оҷонсии зиддифасод хабар дод, ки нисбат ба муфаттиши калони ин ниҳод Фирӯз Холмуродзода тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад. Фирӯз Холмуродзода ду ҳафта қабл аз тарафи маъмурони интизомӣ ва амниятии кишвар боздошт ва ҳамакнун дар СИЗО-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Масъулони Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, Фирӯз Холмуродзода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии кишвар -- 247, яъне "қаллобӣ" ва 391 - "сӯистифода аз мақом ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ", айбдор дониста мешавад.

Фирӯз Холмуродзода, сардори гурӯҳи тафтишотии қазияҳои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов буд ва аз аввал то лаҳзаи боздошташ ин амрро иҷро мекард.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир қазияи боздошти Холмуродзода аз ҷониби намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Оҷонсии зиддифасод баррасӣ мешавад. Манбаъ гуфт, Холмуродзода барои дахолат ва таъсир расондан ба парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон, дар заминаи ришваситонӣ, айбдор дониста мешавад ва ҳудуди ду ҳафта қабл аз мақомаш барканор шуд.

Масъулони Оҷонсии зиддифасод ба хотири халал ворид накардан ба раванди тафтишоти ин парванда, аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд. Аммо гуфтанд, ки аз эҳтимол дур нест, ба ду иттиҳоми эълоншуда боз айбҳои дигар низ илова шаванд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, Фирӯз Холмуродзода танҳо барои тафтишоти ғалат бурданаш дар робита ба қазияи як сокини кишвар, боздошт шудааст.

Зимнан, Фирӯз Холмуродзода, сардори гурӯҳи тафтишотии қазияҳои соҳибкори зиндонӣ - Зайд Саидов буд ва аз аввал то лаҳзаи боздошташ ин вазифаро иҷро мекард.

Ин бори аввал нест, алайҳи кормандони Оҷонсии зиддифасод, ки масъули мубориза бо ин падида дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳастанд, парванда боз мешавад. Қаблан як масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, кормандони Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар бархе ҳолатҳо худ даст ба фасод мезананд ва шояд танҳо 5 дар сади онҳо вазифаҳои худро содиқона анҷом диҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG