Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси беш аз 11 млн $. Тафтиши дубораи шифохонаи "Истиқлол"


Маҷмааи тандурустии "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ
Маҷмааи тандурустии "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои тафтиши "сарфи нодурусти" маблағҳои буҷети пойтахт дар сохтмони шифохонаи "Истиқлол" ташхиси дубораи иқтисодӣ таъин кардааст. Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 3 май гуфт, ки бар асоси ҳисобҳо дар ин тарҳ беш аз 100 миллион сомонӣ, муодили беш аз 11 миллион доллар, пули буҷет нодуруст истифода шудааст. Дар маҷмуъ, барои сохтмони ин бемористон аз буҷаи шаҳрдорӣ зиёда аз 700 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд.

Саидшариф Анваров ва ҳафт тани дигар, ки дар сохтмони Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ширкат доштанд, соли гузашта боздошт шуданд.

"Як гурӯҳ таъсис дода шуд ва инҳо бояд нархи масолеҳи сохтмониеро, ки дар иҷрои тарҳ истифода шудааст, муқоиса кунанд. Дар нархҳо низ изофанавӣ шудааст, ки он бояд пурра бар асоси далелҳо исбот шавад. Масалан, нархи як кило мех дар соли 2014 дар бозор чанд сомонӣ буд ва дар харҷи инҳо чанд пул нишон дода шудааст, пурра тафтиш мешавад", - афзуд манбаъ.

Мақомот расман ин хабарро тасдиқ ё такзиб намекунанд. Инчунин, сабабҳои дубораи харҷи пулҳои буҷет дар сохтмони шифохонаи "Истиқлол" маълум нест. Дақиқ нест, ки оё ин тафтиш ба қазияи боздошту бозпурсии баъзе аз кормандони собиқу ҳозираи Оҷонсии зиддифасод ҳам рабт мегирад, ё не.

Вале қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе дар бораи Саидшариф Анваров, сардори пешини раёсати сохтмони асосии Душанбе, ки охири ҳафтаи гузашта дастикам дар ду расонаи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла нашрияи "Ҷумҳурият" чоп шуд, идомаи тафтиш дар бемористони "Истиқлол"-ро тасдиқ мекунад. Дар ин қарор гап дар бораи 24 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 3 миллион доллар меравад.

Дар ин қарор гуфта шудааст, "бо қарори роҳбари гурӯҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ оид ба тасарруфи зиёда аз 24 миллион сомонӣ маблағи буҷетӣ, ки барои сохтмони ҳамин иншоот равона гардидааст, ба пешбурди алоҳида ҷудо шуда, тафтишот идома дорад."

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти моҳи феврал хост, ки тафтиши харҷи пулҳои буҷа дар сохтмонҳои Душанберо то 1 июли имсол ба поён расонанд
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти моҳи феврал хост, ки тафтиши харҷи пулҳои буҷа дар сохтмонҳои Душанберо то 1 июли имсол ба поён расонанд

Ҳукми Саидшариф Анваров ду ҳафтаи пеш содир шуда ва ин бахши хулосаи додгоҳ хабари тоза аст. Додгоҳи шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров, сардори собиқи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ё УКС-ро бо гуноҳи аз худ кардани пули сохтмони шифохонаи "Истиқлол" ва пешниҳоди ришва 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин ҳукм рӯзи 19 апрел содир шудааст. Додгоҳ Анварови 65-соларо, инчунин, ба пардохти 9 миллион сомонӣ ҷуброн муваззаф намудааст.

Саидшариф Анваров ва ҳафт тани дигар, ки дар сохтмони Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ширкат доштанд, соли гузашта боздошт шуданд. Асомуддин Бобохонзода, муовини раиси Додгоҳи шаҳри Душанбе, гуфт, дар доираи ин парванда Фазлиддин Маҳмудов, мудири “Тоҷикколхозсохтмон” низ ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 миллион сомонӣ маҳкум шудааст. Фирӯз Раҳмонов, муовини ӯро 5 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Панҷ нафари дигар асосан ҷарима шуда ва барои муддатҳои муайян аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳрум гардидаанд.

Боздошти ин афрод аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод моҳи октябри соли 2015 сурат гирифтааст. Шубҳаи тафтишот ба инки ҳангоми сарфи маблағҳои буҷет масъулин ба изофанависӣ роҳ доданд, боиси боз шудани парванда шуд ва баъдан, замоне ки гумонбарон мехостанд бо додани пора аз ҷавобгарӣ фирор кунанд, боздошт шуданд. Ин яке аз пурсарусадотарин қазияҳои охири соли 2015 буд, ки ба давраи раҳбарии Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо фасод рабт мегирад.

Баъди боздошти ин гурӯҳ, моҳи марти соли 2016 "Маҷмаи тандурустӣ" ба фаъолият оғоз кард. Дар маросими ифтитоҳи он рӯзи 4 марти соли 2016 президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок кард ва бо пешниҳоди ӯ, исмаш Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" шуд. Ин маҷмаа дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дар шафати "Маркази ташхиси тиббӣ" (Диагностика) ва бозори "Султони Кабир" воқеъ шуда, аз як бемористон бо 650 кат ва як поликлиника барои қабули 800 бемор иборат аст.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону мақомоти пойтахт. 15 феврали 2017
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону мақомоти пойтахт. 15 феврали 2017

Аммо тафтиши сохтмони "Истиқлол" дар ҳоле дубора аз сар гирифта шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, моҳи феврал дар мулоқот бо фаъолони пойтахт аз раҳбарияти Оҷонсии зиддифасод хост, харҷи пулҳои буҷет дар сохтмонҳои Душанбберо санҷида, моҳи июли имсол гузориши худро ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кунанд. Раиси ҷумҳур дар ин ҷаласа гуфт, дар даҳ соли гузашта Оҷонсии зиддифасод "дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва субъектҳои дигари хоҷагидории давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 800 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардааст".

Ӯ дар ин маврид аз сохтмони Маркази тандурустии "Истиқлол" ва "Душанбе – Плаза" ёдоварӣ карда ва гуфта буд, бар асоси санҷишҳо дар ҳардуи сохтмон беш аз сад миллион сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG