Пайвандҳои дастрасӣ

Ба қазияи фасод боз як исми дигар изофа шуд


Акс аз бойгонӣ аст

Ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чаҳорчӯби тафтиши қазияи кормандони собиқи оҷонсии зиддифасод як мақомдори дигарро боздошт карданд. Аз рӯи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар чаҳорчӯбӣ ин парвандаи махфӣ, аз моҳи апрел то имрӯз 9 нафар боздошт шудааст.

Боздошти як ҳафта пеши Қосим Саидзода

Як манбаи наздик ба тафтишот дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки салоҳияти сӯҳбати ошкоро бо матбуотро надорад, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳорчӯби тафтишот Қосим Саидзода, сардори собиқи Раёсати якуми Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дорои хусусияти коррупсионии ин ниҳод боздошт шудааст. Ин мақомдори собиқ тахминан як ҳафта пеш боздошт ва алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 319-и Кодекси Ҷиноӣ - “Гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонун ҳабси аз 7 то 12 соли зиндон бо мусодираи моликияти хусусиро дар назар мегирад.

Манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 19 июн гуфт, "тасмими ба ҷавобгарӣ кашидани Қосим Саидзода баъди он гирифта шуд, ки бар пояи баёнот ва рӯбарӯкунӣ бо гумонбарони дигари боздоштшуда тафтишот ин шахсро дар ришваситонӣ гумонбар донистаанд."

Яке аз боздоштшудаҳо - Давлатбек Хайзода, собиқ муовини раиси оҷонсии зиддифасод аст
Яке аз боздоштшудаҳо - Давлатбек Хайзода, собиқ муовини раиси оҷонсии зиддифасод аст

Дар ҳоле, ки тасдиқи боздошт ва иттиҳоми Саидзода аз манобеи дигар имкон надорад санҷида дурустии иттиҳомоти тафтишот нисбати ин шахс аз худи боздошт навбатдори оҷонсӣ да рӯзи 19 июн ва ҳам масъули дафтари матуботи Оҷонсии зиддифасод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Қосим Саидзодаро аз мақом барканор карданд ва ӯ тақрибан як моҳ боз дар оҷонсӣ кор намекунад.

Оҷонсии зидди коррупсия ба таври расмӣ дар робита ба боздошти Қосим Саидзода изҳори назар намекунад.

Манобеи дигари Радиои Озодӣ дар Оҷонсии зидди коррупсия мегӯянд, ки Қосим Саидзода дар моҳи апрели соли равон дар баробари Умед Камолов ва Фирдавс Ниёзбадалов, корманди дигари масъули ин оҷонсӣ аз вазифааш барканор шуда буд, вале боздошту эълони иттиҳом дар ришвахорӣ баъди бозпурсиҳову рӯбарӯкуниҳо бо дигар гумонбарон сурат гирифт. Ҷузъиёти иттиҳоми Саидзода мушаххас нест, вале таъкид мешавад, ки ӯ дар ришваситонӣ дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар мешавад.

Қосим Саидзода яке аз кормандони собиқадори Оҷонсии зидди фасод ҳисоб мешавад, ки аз муфатиши оддӣ то мақоми сардори Раёсати якуми Сарраёсати мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ баланд шудааст.

Иттиҳоми навбатии Фирӯз Холмуродзода

Дар таҳаввулоти ахир манбаи наздик ба тафтишот ба радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран алайҳи Фирӯз Холмуродзода, собиқ муфаттиши Оҷонсии зиддифасод аз рӯи як моддаи дигар айб кардаанд. Холмуродзода, ки моҳи апрел боздоштшудаи аввалин дар парвандаи пурсарусадо бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва “сохтакории санадҳо” буд, дар аввалҳои моҳи июн барои “Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда” ҳам гумонбар дониста шуд. Ин модда пардохти ҷаримае ба андозаи дусаду панҷоҳ нишондиҳанда ё бештар аз ин, ё ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Фирӯз Холмуродзода аз аввалин боздоштшудаҳои қазияи кормандони оҷонсии зиддифасод аст
Фирӯз Холмуродзода аз аввалин боздоштшудаҳои қазияи кормандони оҷонсии зиддифасод аст

Наздикони Фирӯз Холмуродзода рӯзи 19 июн дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҷараёни тафтиши парвандаи ӯ хабар надоранд ва танҳо барояш ба боздоштгоҳ ҳамарӯза ғизо мебаранд.

Парвандае, ки дар ду моҳи охир таваҷҷӯҳи ҷомеа ва матбуоти Тоҷикистонро ба худ ҷалб кардааст, таҳти мӯҳри сиррии додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқ мешавад. Дар миёни аксар боздоштшудаҳо – кормандони Оҷонсии зиддифасод мебошанд, ки бархе замони боздошт дар мақомҳои масъул ифои вазифа мекарданд. Аксари онҳо барои қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом ва ришвахорӣ гумонбар дониста мешаванд.

Сулаймон Султонзода парвандаро дорои "мӯҳри сиррӣ" меномад
Сулаймон Султонзода парвандаро дорои "мӯҳри сиррӣ" меномад

Аксари наздикони онҳо танҳо факти боздошташонро тасдиқ карда, аз шарҳи ҷузъиёти парванда худдорӣ мекунанд. Моҳи май дар як посухи катбӣ ба радиои Озодӣ раиси Оҷсонии зиддифасод Сулаймон Султонзода бо таъкид ба “махфӣ” будани парванда гуфт, хабарҳои дар матбуот пахшшуда оиди гӯё ошкоршавии миллионҳо доллар маблағ ва тилло дар хонаҳои бархе боздоштшудаҳо бепояву асос аст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG