Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро мақомот боздошти кормандони Оҷонсии зиддифасодро шарҳ намедиҳанд?


Боздошти эҳтимолии афроди баландпояи Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ва хомӯшии мақомот дар баробари гузоришҳои зиёд ҳадсу гумонҳоро дар бораи ин боздоштҳо ба миён овардааст.

Бо вуҷуди гузашти як моҳ аз хабари боздошти 7 корманди феълӣ ва собиқи Оҷонси мубориза бо фасод, ҳеҷ яке аз мақомот, на аз худи оҷонсӣ, на аз додситонӣ, на вазорати умури дохилӣ, на кумитаи амният, масъули таҳқиқи парвандаҳои фавқуллода муҳим дар Тоҷикистон, дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Аз як тараф гузоришҳое зиёде бо такя ба манобеи интизомӣ нашр мешаванд ва афроди беном дар шабакаҳои иҷтимоӣ далелу субут меоранд, аз тарафи дигар мақомот хомӯшанд ва ба чунин ба назар мерасад, ки чизеро нашунидаанду надидаанд.

Фирӯз Холмуродзода
Фирӯз Холмуродзода

Ягона хабаре, ки намояндагони оҷонсӣ ва он ҳам ғайрирасмӣ гуфтаанд, ин аст, ки Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши калони оҷонсӣ ба қаллобӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Дар бораи боздошти Давлатбек Хайров, муовини собиқи раиси оҷонсӣ, дар ҳамаҷо сукут аст, ҳарчанд бародараш ба боздоштгоҳ бурдани ӯро таъйид кардааст. Ин ду нафар яке корманди феълӣ ва дигари собиқро охири моҳи апрел дастгир кардаанд.

Хомӯшии мақомоти Тоҷикистон, ки боздошти момодоя ва ё муаллиму котиби ҷамоат барои "ришваситониро" бо истифода аз тамоми минбарҳо “муборизаи беамон ба зидди ришвахорӣ” ҷилва медиҳанд, сабаби ҳадсу тахминҳои зиёде дар байни ҳалқаҳои таҳлилгарону хабарнигорон шудааст.

Иддае мегӯянд, ки мумкин аст, масъала он бошад, ки як ниҳод нодониста ба “қаламрави ниҳоди дигар” ворид шудаасту ҷанҷолу кашмакаш байни онҳо идома дорад. Ё ниқори ниҳодҳои амниятӣ аз Оҷонси мубориза бо фасод аст, ки соли 2016, ки 45 ҷинояти кормандони вазорати корҳои дохилӣ ва 15 ҷиноят дар Кумитаи давлатии амнияти миллиро ошкор кардааст.

Яъне ба гуфтаи таҳлилгарон боздошти муфаттишони оҷонсӣ аз тарафи кадом ниҳоде, ки набошад, як навъ гӯшзаде ба оҷонси мубориза бо фасод аст, ки “худи шумо ҳам чандон покиза нестед.”

Як омили дигари хомӯшӣ ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ метавонад он бошад, ки мақомот аз таъйиди хабари боздоштҳо “хиҷолат мекашанд”, зеро метарсанд, инъикоси васеи хабар як далел мешавад, ки фасод дар тамоми сатҳҳо дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

“Онҳо мефаҳманд, ки ифшогариҳои зиёд ба манфиати ҳукумат нест ва ба обрӯяш латма мезанад. Барои ҳамин чунин сардаргумист. Ҳамчунин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ин сиёсатро пеш гирифтаанд, ҳар қадар матбуот камтар донад, ҳамон қадар беҳтар. Пештар агар фарзияи худро дар бораи ҳодисае мегуфтанд, ҳоло ҳеҷ чизе намегӯянд.” -мегӯяд, Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷик, ки ин қазияҳоро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Гузашта аз ин эътирофи ришвахорӣ дар ниҳоде, ки онро Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур раҳбарӣ мекард ва худи Эмомалӣ Раҳмон онро “пешгоми мубориза бо коррупсия” номид, мақоме ва ё ниҳодеро, ки хабари боздоштҳоро шарҳ бидиҳад, дар ҳоли ногувор мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон, моҳи январ дар маросими таҷлил аз 10-солагии Оҷонси мубориза бо коррупсия, таъсиси ин ниҳодро “яке аз дастовардҳои Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия” номид ва гуфт, “таҳлили кори агентӣ нишон медиҳад, ки кормандони он вазифаҳои худро поквиҷдонона иҷро мекунанд, дар фаъолияти худ қонунро риоя карда, барои пешгирии қонуншиканиҳо тамоми чораҳоро меандешанд.”

Зафар Абдуллоев, хабарнигори тоҷик мегӯяд, барои ӯ ҳам номафҳум аст, ки чаро мақомот ба гузоришҳои зиёду баҳсбарангез аз паси панҷа нигоҳ мекунанд.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

“Воқеан мушкил аст, шарҳ додан, зеро мақомот метавонистанд, ин қазияҳоро ҳамчун намунаи пешрафт дар мубориза бо коррупсия нишон бидиҳанд. Мумкин аст, хомӯшӣ ва худдорӣ аз шарҳи мавзӯъ, ҳассос будани он аст, чунки ин афрод кормандони ниҳоди муборизакунанда бо фасод ҳастанд. Яъне чунин бармеояд, онҳое, ки бо коррупсия мубориза мебаранд, худашон аз ҳама ришвахортар ҳастанд. “

Замоне, ки ин гузориш омода мешуд, боз ҳам аз манобеи интизомӣ хабар расид, ки як корманди собиқи Оҷонси мубориза бо коррупсия, ки дар Кумитаи гумрук кор мекард, дастгир шудааст ва ӯ низ ба таққаллуб муттаҳам мешавад. На оҷонсӣ ва на ҳеҷ ниҳоди интизомӣ ҳам ин хабарро расман шарҳ надодааст.

Ришвахорӣ дар Тоҷикистон солҳост, ки ба эътирофи худи мақомот, як дарди музмин ва ё хроникӣ ва хатарнок барои амнияти миллии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Бо вуҷуди қабули барномаҳои зиёд, таъсиси Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, шикоят аз он зиёд аст, ки ҳар ҷое наравед, аз шумо ҳаққи хизмат талаб мекунанд, чӣ дар идораи ҷамоат ва чӣ дар вазорату бонку ҷойи дигар. Як узви шӯро ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳар сол ин шӯро ду дафъа ҷамъ омада, пешрафту камбудиҳои мубориза бо коррупсияро баррасӣ мекунад.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахорӣ дар созмони Шафофияти Байналмилалӣ дар мақоми 152-ум ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад ва ба гуфтаи ин созмон далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад.”

Яъне чунин бармеояд, онҳое, ки бо коррупсия мубориза мебаранд, худашон аз ҳама ришвахортар ҳастанд.

Шаффофияти Байналмилалӣ мегӯяд, бо вуҷуди андешидани чораҳо барои мубориза бо коррупсия дар кишвар иродаи сиёсии муқобила бо ин зуҳуроти бад, ки дар дили мардум нисбат ба сохторҳои давлатӣ нафрат бедор мекунад, вуҷуд надорад.

Созмонҳое, ки ба Тоҷикистон дар ин самт кӯмак мекунанд ва аз ҷумла Созмони Милал ба ҳукумат тавсия додаанд, ки шаффофиятро дар кори ниҳодҳои ҳукуматиро таъмин кунад, иттилои лозимиро дар ихтиёри хабарнигорон бигузорад, то “афроди ришвахор” дар назди ҷомеа ҳиҷолат бикашанд. Тавсияе, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон фаромӯш кардаанд.

XS
SM
MD
LG