Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш мақоми собиқи Оҷонсии зиддифасод, ки ба қаллобӣ, гирифтани пора ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам мешаванд, дар Додгоҳи олии Тоҷикистон сухани охирини худро ироа карданд. Ин афрод рӯзи 12-уми сентябр дар мурофиаи ниҳоӣ аз додрас хостаанд, ки нисбат ба онҳо "ҳукми одилона", "аз рӯи инсоф" ва "боадолатона" содир кунад. Ин парванда мӯҳри сиррӣ дорад ва муҳокимаҳо паси дарҳои баста мегузарад.

Аз 7 то 17 сол

Дар миёни онҳо Фирӯз Холмуродзода ҳам буд. Дида мешуд, ки хеле лоғар шудааст. Ин саҳнаро хешутабори гумонбарон низ аз пушти дарвозаи додгоҳ мушоҳида мекарданд

Ин дархости онҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки ба қавли вакилони дифоъ ва наздикони боздоштшудаҳо охири моҳи август айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хостааст, ҳамаи шаш гумонбарро ба мӯҳлатҳои аз 7 то 17 соли зиндон маҳкум кунад. Ӯ гуфтааст, ки дар ҷараёни тафтиш ва муҳокимаи додгоҳӣ гунаҳкории гумонбарон пурра тасдиқ шудааст.

Фирӯз Холмруодзода
Фирӯз Холмруодзода

Ҷузъиёти суханронии айбдоркунандаи давлатӣ ва тафсилоти дигари мурофиаи додгоҳӣ дар даст нест. Рӯзи 12-уми сентябр хешутабори гумонбарон ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ки умед доранд, ҳукми одилона содир хоҳад шуд. Додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафт ва интизор меравад, рӯзҳои наздик ҳукм содир гардад.

"Фирӯз Холмуродзода лоғар шудааст"

Субҳи сешанбе, дар лаҳзаҳое, ки хешовандон пушти дари Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, микроавтобуси боздоштгоҳи муваққаттӣ шаш гумонбарро ба ҳавлии додгоҳ расонд. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки пушти дари додгоҳ қарор дошт, гуфт, ҳамаи гумонбарон либоси мулкӣ дошта, дар дасташон завлона буд.

"Дар миёни онҳо Фирӯз Холмуродзода ҳам буд. Дида мешуд, ки хеле лоғар шудааст. Ин саҳнаро хешу табори гумонбарон низ аз пушти дарвозаи додгоҳ мушоҳида мекарданд", - афзуд хабарнигори Озодӣ.

Бинои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон
Бинои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Баъд аз ин танҳо вакилони дифоъ вориди додгоҳ шуда, дигар ҳама пушти дар монданд. Бархе аз хешутабор ғизо оварда, умедвор буданд, ки шояд барояшон иҷозати мулоқот дода мешавад, вале баъди мурофиа ҳамаи гумонбаронро дубора савори мошин карда ба боздоштгоҳ бурданд. Аксар хешовандон мегӯянд, аз шурӯи моҷарои боздошти наздиконашон то ҳол дар бораи парванда ва ҷузъиёти он аслан хабар надоранд ва вакилони дифоъ ҳам, ки ӯҳдадории ҳифзи сирри тафтишотро имзо кардаанд, бо онҳо сӯҳбат намекунанд.

Қаллобӣ, ришвагирӣ...

Мурофиаи нахустини даҳ корманди боздоштшудаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл дар Додгоҳи олӣ оғоз шуда буд. Дар курсии айбдорӣ, дар баробари онҳо ҳамчунин 3 корманди Хадамоти гумрук ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ нишастаанд. Ба гуфтаи мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, даҳ нафар кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ба “қаллобӣ”, “гирифтани пора” ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам мебошанд.

Боздошти кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар охирҳои моҳи апрели имсол оғоз шуд ва сарусадоеро дар матбуоту ҷомеа ба миён овард. То ин дам на Вазорати умури дохилӣ, на Додситонии кулл ва на Додгоҳи оливу Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи ҷузъиёти парвандаи боздоштшудаҳо ошкоро суҳбат накарданд ва тасвири куллии ин қазияро ба мардум надодаанд.

Ҳукми Хайрзода ва Беназирзода

Рӯзи 27 июл Радиои Озодӣ дар бораи содир шудани ҳукми ду мақоми собиқи баландпояи дигар аз рӯи ин қазия – Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Оҷонсии зиддифасод ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси идораи гумруки Хуҷанд ба даҳуним солии зиндон маҳкум шуданд. Давлатбек Хайрзода ва Фаридун Беназирзода бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.

Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасодро таъсис дод. Дар оғоз ин Оҷонсиро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон омад ва каме беш аз як сол дар ин ниҳод машғули кор буд.

Тоҷикистон ва мубориза бо фасод

Коршиносон мегӯянд, боздошти якбораи даҳ мансабдори Оҷонсии зиддифасод ҳодисаи бесобиқа аст. Танҳо дар соли 2012 дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳоди додситониву Оҷонсии зиддифасод се муовини раиси ин ниҳод аз мақомҳои худ барканор шуда, аммо баъд аз чанд муддати “бекорӣ” ду нафарашон дар порлумону Додситонии кулл ҷо ёфта буданд.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG