Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Давлатбек Хайрзода аз мақомаш барканор шуд


Давлатбек Хайрзода

Фирӯз Хайрзода – писари Давлатбек Хайрзода – муовини пешини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз вазифаи ёвари додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шудааст.

Манобеи мӯътамад дар додситонии вилояти Суғд рӯзи 26-уми июл гуфтанд, ки Фирӯз Хайрзода бо сабаби доштани шаҳрвандии Русия аз кор ронда гардид. Худи Давлатбек Хайрзода, падари Фирӯз, се моҳ боз дар боздошт аст ва баррасии парвандааш дар қатори нӯҳ корманди дигари Оҷонсии зиддифасод дар Додгоҳи олӣ идома дорад.

Аз аввали соли ҷорӣ мутобиқи қонуни ислоҳшудаи Тоҷикистон дар бораи хидмати давлатӣ, мансабдорон дигар ҳаққи доштани душаҳрвандиро надоранд.

Як манбаъ дар додситонӣ, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, “дар фармон навишта шудааст, барои доштани шаҳрвандии Русия аз кор сабукдӯш карда шуд. Чунки аз рӯи қонуни нав шахсе, ки ба ҷуз шаҳрвандии Тоҷикистон, шаҳрвандии ягон кишвари хориҷиро дорад, дигар ҳаққи кор дар мақомҳои давлатиро надорад.”

Ба қавли манбаъ, барканории Фирӯз Хайрзода хеле қабл сурат гирифта буд ва акнун расонаӣ шуд. Аз додситонии вилояти Суғд нахостанд ҷузъиёти бештари ин қазияро шарҳ диҳанд. Дар додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ аз шарҳи сабукдӯш шудани ҳамкори худ худдорӣ намуданд.

  • Тамосҳои мо бо худи Фирӯз Хайрзода то ин дам бенатиҷа буд, то сабаби аслии барканории ӯро аз забони худаш бишнавем.

Аз аввали имсол мутобиқи қонуни ислоҳшудаи Тоҷикистон дар бораи хидмати давлатӣ, мансабдорон дига ҳаққи доштани душаҳрвандиро надоранд. Ин қонун шарти сари вазифа монданро дасткашӣ аз шаҳрвандии кишвари дигар медонад ва дар ғайри он аз мансаб барканор мешаванд.

Ба гуфтаи манобеъ аз додситонии Суғд, Фирӯз Хайрзода - собиқ ёвари додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, нахустин корманди мақомоти додситонӣ дар вилояти Суғд аст, ки ба сабаби доштани шаҳрвандии Русия ва пинҳон доштани он аз мақомот аз кор барканор гардид.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл дар Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи падари ӯ – Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ва нӯҳ тан аз кормандони ин ниҳод, оғоз ёфт. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ҳафтаи гузашта дар нишасти хабариаш дар Душанбе гуфт, ин даҳ мақоми оҷонси мазкур ба “қаллобӣ”, “гирифтани пора” ва ҷиноятҳои дигар, муттаҳам шудаанд.

Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ ба нафақа рафта буд. Ӯ аз моҳи марти соли 2015 сари ин мансаб буд ва қабл аз он вазифаи раҳбари бахши оҷонси мазкур дар Душанберо бар дӯш дошт.

Вале дар робита ба парвандаи пурсарусадои мансабдорони собиқи ин Оҷонсӣ моҳи апрели ҳамин сол Давлатбек Хайрзода низ дастгир гардид. Ба гуфтаи бархе манобеъ, ӯро дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон ва ба қавли манобеи дигар, дар фурудгоҳи Хуҷанд замоне ки мехост қаламрави Тоҷикистонро тарк кунад, боздошт карданд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG