Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрзода ва Беназирзода беш аз 10-сол ҳукм гирифтанд


Давлатбек Хайрзода
Давлатбек Хайрзода

Додгоҳи олии Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Оҷонсии зиддифасод ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси идораи гумруки Хуҷандро, ки дар гузашта дар мақоми сардори шӯъбаи тафтишоти раёсати Оҷонсии зиддифасод кор мекард, ба даҳуним солии зиндон маҳкум кард.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад.

Наздикони Давлатбек Хайрзода рӯзи 1-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми Додгоҳи олӣ рӯзи панҷшанбеи 27-уми июл содир шуд. Давлатбек Хайрзода ва Фаридун Беназирзода бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.

Як манбаи наздик ба ин парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, “онҳо бо моддаи 319, қисми 4, гирифтани пора ба миқдори калон аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок дигар, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта” айбдор шудаанд.

Ин модда маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайянро, пешбинӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир ҳукми додгоҳ алайҳи ин афрод ба иҷро надаромадааст ва маҳкумшудаҳо фурсат доранд, ки дар тӯли даҳ рӯз аз рӯи қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Бинои Оҷонсии зиддифасод
Бинои Оҷонсии зиддифасод

Мурофиаи нахустини даҳ корманди боздоштшудаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл дар Додгоҳи олӣ оғоз шуда буд. Дар курсии айбдорӣ, дар баробари онҳо ҳамчунин 3 корманди Хадамоти гумрук ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ нишастаанд. Ба гуфтаи мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, даҳ нафар кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ба “қаллобӣ”, “гирифтани пора” ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам мебошанд.

Боздошти кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар охирҳои моҳи апрели имсол оғоз шуд ва сарусадоеро дар матбуоту ҷомеа ба миён овард. То ин дам на Вазорати умури дохилӣ, на Додситонии кулл ва на Додгоҳи оливу Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи ҷузъиёти парвандаи боздоштшудаҳо ошкоро суҳбат накарданд ва тасвири куллии ин қазияро ба мардум надодаанд.

Мурофиаи кормандони боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасод паси дарҳои баста дар Додгоҳи олӣ
Мурофиаи кормандони боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасод паси дарҳои баста дар Додгоҳи олӣ

Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасодро таъсис дод. Дар оғоз ин Оҷонсиро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон омад ва каме беш аз як сол дар ин ниҳод машғули кор буд.

Коршиносон мегӯянд, боздошти якбораи даҳ мансабдори Оҷонсии зиддифасод ҳодисаи бесобиқа аст. Танҳо дар соли 2012 дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳоди додситониву Оҷонсии зиддифасод се муовини раиси ин ниҳод аз мақомҳои худ барканор шуда, аммо баъд аз чанд муддати “бекорӣ” ду нафарашон дар порлумону Додситонии кулл ҷо ёфта буданд.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG