Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Оҷонсӣ: “Дар ин кор хусумат нест. Касе гуноҳ кард, ҷавоб мегӯяд” ВИДЕО,САДО


Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориз бо коррупсия дар Тоҷикистон
Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориз бо коррупсия дар Тоҷикистон

Масъулони Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон гуфтанд, ки бо боздошти 10 нафар тафтиши фаъолияти кормандони ин ниҳод аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулл поён ёфтааст. Бо ин изҳорот раҳбарияти Оҷонсӣ ба матбуоту ҷомеа паём дод, ки дар ҳоли ҳозир “сюприз”-и дигаре надорад.

"Алайҳи Умед Камолзода парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд"

Миёни ягон мақомот ягон хел хусумат нест. Касе ҷиноят кардааст, гуноҳ кардааст, ҷавобашро медиҳад.

Сулаймон Султонзода – раиси Оҷонсии зиддифасод – рӯзи 28-уми июл дар рӯбарӯи хабарнигорон сарусадо дар бораи боздошти кормандони бештари ин ниҳодро рад кард. Ӯ гуфт, ки ба ҷуз ин даҳ навар ҳеҷ корманди дигар аз сӯи мақомоти амниятӣ дастгир нашудааст.

Султонзода: Касе гуноҳ кард, ҷавобашро мегӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00
Линки мустақим

Султонзода таъид кард , ки алайҳи Умед Камолзода, корманди пешини Оҷонсӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Аммо ӯ дар бораи ин парванда маълумоти бештар надод ва гуфт, шояд мақомоти Додситонии кулл дар нишасти хабарии худ тавонанд ҷузъиёти бештар ироа кунанд. Умед Камолзода писари генерал Саиданвар Камолов, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аст.

"Миёни мо хусумату қасдгирӣ нест"

Сулаймон Султонзода дар ин сӯҳбаташ эҳтимоли мавҷудияти ихтилоф дар байни ниҳодҳои интизомиро рад кард, ки ҳадафаш гӯё баднома кардани Оҷонсӣ буд. Ӯ гуфт, ки боздошти кормандонаш рабте ба қасосгирӣ надорад. “Миёни ягон мақомот ягон хел хусумат ҷой надорад. Боз такрор мекунам, ки касе ҷиноят кардааст, гуноҳ кардааст, ҷавобашро медиҳад. Умуман миёни мо хусумату қасдгирӣ нест” - гуфт Султонзода

Раиси Оҷонсӣ: “Дар ин кор хусумат нест. Касе гуноҳ кард, ҷавоб мегӯяд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Раиси Оҷонсии зиддифасод гуфт, боздошти кормандони собиқ ва амалкунандааш ба фаъолияти ниҳоди зери раҳбарии ӯ таъсир нагузоштааст ва онҳо мисли пешина ба корашон идома медиҳанд.

Маъракаи зиддифасод дар Оҷонсӣ дар ҳоле оғоз шуд, ки шикоятҳо аз фасодкор шудани муҳофизони зиддикорруптсия бештар мешуд.

Розҳои сар ба мӯҳр. Касе ҷузъиётро намегӯяд

Боздошти кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар охирҳои моҳи апрели имсол оғоз шуд ва сарусадоеро дар матбуоту ҷомеа ба миён овард. То ин дам на Вазорати умури дохилӣ, на Додситонии кулл ва на Додгоҳи оливу Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи ҷузъиёти парвандаи боздоштшудаҳо ошкоро суҳбат накарданд ва тасвири куллии ин қазияро ба мардум надодаанд. Ин аст, ки ба қавли коршиносон ҳанӯз ҷои тахмину гумон дар расонаҳо ва сӯҳбати хосу ом холист.

Наздикони боздоштшудаҳо низ мегӯянд, ки ангеза ё сабаби дастгир шудани онҳоро намедонанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, низ дар сӯҳбати ду ҳафтаи қаблаш бо расонаҳо фақат вуҷуди парвандаи даҳ корманди Оҷонсии зиддифасодро таъйид кард ва гуфт, ки мурофиаи онҳо паси дарҳои баста мегузарад ва аз ин бештар маълумот надод. Танҳо ишора кард, ки парвандаи ин афрод бар асоси қаллобӣ ва ришвагирӣ баррасӣ мешавад.

Нахустин мурофиаи даҳ корманди боздоштшудаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 19-уми июл дар Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Дар миёни боздоштшудаҳо, муовини собиқи раиси ин ниҳод Давлатбек Хайрзода ва сардори раёсати тафтишот Фирӯз Холмуродзода, низ ҳастанд. Номи дигари афроди боздоштшуда расман эълон нашудааст.

Мубориза бо фасод. Аз то 2006 то кунун

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад.

Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасодро таъсис дод. Дар оғоз ин Оҷонсиро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон омад ва каме беш аз як сол дар ин ниҳод машғули кор буд.

Коршиносон мегӯянд, боздошти якбораи даҳ мансабдори Оҷонсии зиддифасод ҳодисаи бесобиқа аст. Танҳо дар соли 2012 дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳоди додситониву Оҷонсии зиддифасод се муовини раиси ин ниҳод аз мақомҳои худ барканор шуда, аммо баъд аз чанд муддати “бекорӣ” ду нафарашон дар порлумону Додситонии кулл ҷо ёфта буданд.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG