Пайвандҳои дастрасӣ

Зоиров: "Санҷиши ҳизбҳо ҳадафҳои сиёсӣ дорад". ВИДЕО


Раҳматилло Зоиров.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ба салоҳияти Оҷонсии зиддифасод вогузор шуданд ҳақи санҷиши фаъолият ва буҷаи созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ ангезаҳои сиёсӣ дошта бо ҳадафи зери назорат гирифтани ин созмонҳо анҷом шудааст.

​Дар охири моҳи маи соли ҷорӣ порлумон ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” тағйирот ворид кард ва ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон салоҳияти санҷиши кори дафтари созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҳизбҳои сиёсиро вогузор кард.

Раиси ҲСДТ мегӯяд, ба салоҳияти Оҷонсии зиддифасод вогузор шудани ҳаққи санҷиши фаъолият ва будҷаи созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ, ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Мақомот мегӯянд, чунин иқдом бо ҳадафи “таъмини амнияти кишвар” ва шафоф сохтани кори ин созмонҳо амалӣ шуд. Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, ҳизбҳо ҳаққ надоранд барои роҳандозии фаъолиятҳои сиёсӣ аз хориҷа маблағгузорӣ шаванд ва созмонҳои ҷамъиятӣ бояд қабл аз гирифтани грант аз фондҳои хориҷӣ, ҳаҷм ва ба кадом мақсад масраф шудани ин маблағҳоро дар феҳристи вижаи Вазорати адлия, сабт кунанд.

Раҳматилло Зоиров дар як мусоҳибааш бо Currennttime.tv гуфт, “ҳамагуна назорати давлатии молиявӣ, палатаи ҳисоб ва ниҳоди зидди фасод, метавонад танҳо фаъолияти молиявии созмонҳоеро тафтиш кунад, ки аз буҷаи кишвар маблағгузорӣ мешаванд. Агар ин ва ё он созмони иҷтимоӣ ва ё аҳзоби сиёсӣ ба гирифтани маблағҳои манъшуда аз кадом як шаҳрванд ё кишварҳои хориҷӣ машғул бошанд, расман ин маблағҳо сабт намешаванд. Дар ин сурат ин маблағҳо ғайриқонунӣ ва шубҳанок ҳисоб меёбанд. Дар ҳолате, ки маблағгузорӣ машкук аст, бояд бо он мақомоти амниятӣ машғул шаванд”.

Раҳматилло Зоиров, асосгузор ва раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва раиси созмони ҷамъиятии консорсиуми ҳуқуқӣ аст. Мегӯяд, дар 15 соли фаъолияташ ба беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикиcтон ба таври ройгон кӯмаки ҳуқуқӣ расондааст. Аз нигоҳи ӯ, ислоҳоти ворида ба қонуни коррупсия, ки ба санҷиши молиявии созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ иҷозат медиҳад, на танҳо ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки ба ҳукумат низ таъсири манфӣ, хоҳад дошт.

Зоиров мегӯяд, “ниҳоди зиддикоррупсионӣ дар ҳамон шакле, ки ҳоло ҳаст, набояд фаъолият кунад, зеро худи конститутсия инро манъ мекунад. Аз тарафи дигар, ин ниҳод ваколати мақомоти дигарро, ки бевосита бояд бо ин кор машғул бошанд, аз худ кардааст. Дар ин баробар, ба як ниҳод ваколати тафтиш намудан ва ҳамзамон боз кардани парвандаи ҷиноиву бурдани таҳқиқот дода шудааст, ки ин метавонадба сӯиистифода аз ваколат, боис шавад”.

Ба бовари Раҳматилло Зоиров, ислоҳоти нав ба хотири он қабул гардид, ки Оҷонсии назорати молиявӣ ва зидди фасод имкони дигарбора ба даст овардани эътимоди ҳукумат ва сокинони кишварро дошта бошад. Ин тағийрот баъди боздоштҳои пурсарусадои кормандони ин ниҳод бо гумони фасодкорӣ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чанд моҳи пеш, сурат мегирад. Феълан ҳадди аққал 7 корманди собиқи ин оҷонсӣ дар боздошт мебошанд.

Ба бовари Зоиров, “ин иқдом, аз як сӯ, бо ҳадафи баланд бардоштани обрӯи Оҷонсии зидди фасод ва додани шанс барои хусафедкунии онҳо гирифта шудааст. Аз ҷониби дигар, ангезаи сиёсӣ дорад, то аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ зери назорат қарор дошта бошанд. Ҳизбҳо ва созмонҳои ҳукуматгаро тафтиш намешаванд, вале агар кадоме аз онҳо ба хотири гуногунандешӣ мавқеи дигар баён кунанд ва ё талаби худро дар миён гузоранд, он гоҳ мавриди санҷиши молиявӣ қарор мегиранд”.

Амма на ҳама коршиносон ва раҳбарони созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо ин андешаи Раҳматилло Зоийров мувофиқ ҳастанд. Ин гурӯҳ мегӯяд, санҷишҳои молиявӣ ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва иҷтимоие, ки фаъолияти озоду шаффофро пеш мебаранд, ҳеҷ таҳдиде надоранд. Гузашта аз ин, ба ақидаи онҳо, ислоҳот саривақтӣ буда, амнияти сиёсӣ ва иқтисодиикишварро таҳкиммебахшанд.

Алиакбар Абдуллоев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии тарғиби маърифати зиддикоррупсионии Тоҷикистон мегӯяд, барои созмонҳое, ки қонунро нақз намекунанд, ҷои тарс вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, ҳадаф ин аст, ки созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ҳамкори давлат бошанд.

Алиакбар Абдуллоев.
Алиакбар Абдуллоев.

Вай гуфт: “Бигзор тафтиш кунанд. Якум ин ки, мо тибқи қарордод ҳамкорӣ мекунем. Ман ҳеҷ гоҳ аз чаҳорчӯби қонун берун намеравам. Ман ҳеҷ гоҳ аз ягон манбаъҳои ғайриқонунӣ маблағгузорӣ намешавам. Барои он ки қонунро хуб медонам. Бигзор онҳое битарсанд ва ҷавоб гӯянд, ки ба ин кор машғуланд. Агар ҳизбҳои сиёсиро бигирем, метавонам дар бораи ҳизби наҳзати исломӣ бигӯям, ки солиёни зиёд фаъолият дошт ва дар ниҳоят ҳадафаш маълум шуд. Мо шоҳиди он будем, ки онҳо аз хориҷа маблағгузорӣ шуда, ҳадафашон тамоман дигар будааст”.

Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро масъули ошӯби мусаллаҳонаи нокоми сентябри соли 2015 номид ва ин ҳизби сиёсиро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ ва фаъолияташро террористӣ унвон кард. Худи ҳизб ва тарафдоронаш бо ин иттиҳом розӣ нестанд ва мегӯянд, ошӯби мусаллаҳона баҳонаи бастани ин ҳизби пуртарафдор дар Тоҷикистон буд.

Дар навбати худ Раҳматилло Зоиров, бовар дорад, ки санҷишҳои аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣбарои ташаккулёбӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки фаъолияташ дар кишвар камранг шудааст, монеаи бештар эҷод мекунад ва аз ҳамин назар, мояи нигаронии фаъолони ҷомеаи маъданӣ мешавад. Назорати куллӣ боиси он мешавад, ки сармоягузорони хориҷӣ аз мабалғгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ худдорӣ намоянд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG