Пайвандҳои дастрасӣ

Зоиров: "Ҳанӯз тасмим нагирифтам, ки номзадиро монам ё не". САДО


Раҳматилло Зоиров

Аъзои Ҳизби сотсиал – демократ, ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, ба зудӣ раҳбари нави худро интихоб хоҳанд кард. Раҳматилло Зоиров – раиси кунунии ҳизб – рӯзи 25 феврал дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз тасмим нагирифтааст, номзадии худро пешбарӣ кунад ё не, вале афзуд, "ҳамааш дар анҷуман ҳал мешавад".

Худи Зоиров ҳам дар як сӯҳбати қаблияш бо Радиои Озодӣ эътироф карда буд, ки як соли охир сукут доштанд, вале гуфт, ба ислоҳот ё азнавсозии ҳизбаш хоҳад пардохт.

Ба қавли Зоиров, замони баргузории анҷумани навбатии ҳизбаш дар нимаи дувуми моҳи март таъин шудааст. "Анҷуман рӯзи 18 март баргузор хоҳад шуд. Аммо, мумкин аст, сана тағйир ёбад. Ин анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботӣ аст ва дар он на камтар аз 5-6 масъала баррасӣ хоҳад шуд. Албатта, раиси нави ҳизб ҳам интихоб хоҳад шуд. Дар аввали март феҳрасти вакилони анҷуманро мушаххас хоҳем кард", - афзуд ӯ.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо тақрибан 12 ҳазор узваш яке аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст, ки расман фаъолият дорад. Коршиносон мегӯянд, аммо тақрибан ду сол боз ин ҳизби мухолиф аз худ камтар дарак дода, саҳнаи сиёсатро холӣ гузоштааст.

Онҳо бовар доранд, зоҳиран гаштҳои ҳукумат баъд аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар моҳи сентябри соли 2015 ва баста шудани ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф буд, ин созмони сиёсиро водор кардааст, то "оромиро пеша кунад". Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 25 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳизб дар гузашта низ дар чаҳорчӯби рӯшанфикрони тоҷик маҳдуд буд ва ҳодисаи ду соли пеш маҳдудтар кардааст.

Ӯ афзуд, "вақте ҳизбҳои сиёсӣ дарк карданд, ки ҳукумат дигар бо онҳо бозӣ карданӣ нест ва бозии демократие, ки дошт, аллакай роиҷ нест, аз ҷумла ҲСДТ хомӯширо ихтиёр карданд. Фаъолии ин ҳизб хеле кам шуд, вале дар ҳар сурат дар майдони сиёсии Тоҷикистон алҳол ягона ҳизбе аст, ки худро мухолиф медонад ва мухолифаташро пинҳон намекунад."

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Худи Зоиров ҳам дар як сӯҳбати қаблияш бо Радиои Озодӣ эътироф карда буд, ки як соли охир сукут доштанд, вале ваъда дод, ба ислоҳот ё азнавсозии ҳизбаш хоҳад пардохт. Ӯ гуфта буд, ҳарчанд дар як соли гузашта аз танқид даст бардоштанд, аммо аз таҳлил дур набуданд.

Раҳматилло Зоиров аз соли 1998, замони таъсиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон то кунун раёсати ин ҳизбро бар ӯҳда дорад. Вай баъд аз хатми мактаб дар солҳои 1977-79 дар Олмон дар ҳайати артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украина буда, дар онҷо ду сол ба сифати омӯзгор фаъолият доштааст.

"Занони фаъол" дар гузашта чанд бор дар дафтари Ҳизби сотсиал демократ "ҳузур ёфтаанд"
"Занони фаъол" дар гузашта чанд бор дар дафтари Ҳизби сотсиал демократ "ҳузур ёфтаанд"

Аз соли 1986 то 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти омӯзгориро идома дода ва аз соли 1989 ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуд. Дар соли 1992 тарҳи алтернативии Қонуни асосии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод карда буд. Вай аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ кор кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG