Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Санҷишҳо кам шуд. Тоҷирон: Ҳанӯз эҳсос накардем. САДО


Мақомоти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол санҷиши ҳамагуна корхонаву идораҳо то 70 дарсад коҳиш дода хоҳад шуд. Онҳо гуфтанд, ҳамзамон миқдори мақомоти тафтишкунанда низ кам карда мешавад.

Мақомот гуфтанд, ки 70%-и санҷиши соҳибкорон кам хоҳад шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00
Линки мустақим

Тӯли чанд соли ахир тоҷирони дохилӣ ва сармоягузорони хориҷӣ аз сангин будани ҳаҷми андозбандӣ ва набудани шароити муносиби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Солҳои охир соҳибкорони тоҷик аз санҷишҳои пай дар пайи мақомот шикоят мекунанд. Созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ки ба Тоҷикистон барои ислоҳоти иқтисодӣ кӯмак мекунанд, низ гуфтаанд, “санҷишу тафтиши зиёд камари соҳибкорони тоҷикро хоҳад шикаст”.

То аввали имсол дар Тоҷикистон 37 мақоми ваколатдор вуҷуд дошт, ки ҳақ дошт кори ширкат ё соҳибкорро бисанҷад. Ҳоло мақомот мегӯянд, ҳадди ақалл сояи шаш ниҳоди тафтишкунандаро аз сари соҳибкорону моликони ширкатҳо дур хоҳанд кард.

Файзиддин Қаҳҳорзода.
Файзиддин Қаҳҳорзода.

Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи 31-уми июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар сурати зарурӣ ин масъаларо Додситонии кулл зери назораташ хоҳад гирифт. “Тибқи нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти санҷишӣ, ки мо таҳия кардем, имсол миқдори тафтишҳо бояд 70 дарсад коҳиш дода шавад. Дар сурати риоя нашудани ин нақша, Додситонии кулли Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки иҷрои ин қарорро таъмин кунад”, - афзуд ӯ.

Қаҳҳорзода шарҳ дод, ки Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти тафтишотӣ нақшаи баргузории санҷишҳои ниҳодҳои тафтишкунандаро таҳия ва тасдиқ кардааст ва риояи он ҳатмӣ мебошад. Яъне, як сохтор дигар наметавонад пайи ҳам як ниҳодро гаштаву баргашта тафтиш кунад. Зимнан, дар миёни 31 сохтори тафтишкунанда дар Тоҷикистон додситонӣ, пулис, андоз, Оҷонсии зиддифасод, беҳдошт, оташнишонӣ ва бехатарии корҳо дар сохтмону амнияти ғизоӣ ҳастанд.

Бархе тоҷирон мегӯянд, ки ахиран санҷишҳои наве пайдо шудаанд, ки қаблан дар бораашон ҳеҷ иттилоъ надоштанд.

Инъомҷон Самадов, як тоҷири суғдӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз кам шудани тафтишҳоро эҳсос накардааст. Ӯ баръакс гуфт, ахиран санҷишҳои наве пайдо шудаанд, ки қаблан дар борааш ҳеҷ иттилоъ надошт. “Бори аввал фаҳмидам, ки санҷиши амалиётӣ низ будааст. Ин санҷиш ҳам ба масъалаи андоз вобаста мебошад”, – гуфт ӯ.

Воҳид Обидов, тоҷири дигари тоҷик мегӯяд, санҷишҳои дигаре пайдо шудаанд, ки бо дастгоҳи наворбардорӣ анҷом дода мешавад. Ӯ гуфт, “дар аввали имсол, танҳо дар ду моҳ се дафъа моро санҷиши камеравӣ гузаронданд. Дар қонун мушаххас гуфта нашудааст, ки чунин санҷишҳо чанд дафъа бояд гузаронда шавад.”

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, санҷишҳои фаъолияти иқтисодиро “як рукни асосии давлатдорӣ” донист ва гуфт, “комилан аз байн бурдани он ба манфиати ҷомеа нест”. Ӯ афзуд, дар гузашта Гурҷистон низоми санҷишҳоро то ҳадде содда кард, аммо ночор шуд дубора низоми шадиди назоратиро роҳандозӣ кунад.

Собир Вазиров.
Собир Вазиров.

Ӯ дар робита ба коҳиши миқдори санҷишҳо дар Тоҷикистон гуфт, "санҷишҳо заруранд, вагарна ҷомеа бо хатарҳое рӯбарӯ мешавад. Аммо таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки бояд низоми тафтишот бар пояи вуҷуди хатарҳое асос бигирад. Мисол, тавассути хатсайри ҳавопаймо аз Туркия ҳудуди 200 нафар вориди Душанбе мешавад. Сохторҳои назоратӣ набояд ҳамаи мусофиронро зери шубҳа қарор дода, онҳоро бозрасӣ кунанд."

Ба гуфтаи Собир Вазиров, "бояд бо истифода аз наҳваи пешгирии хатарҳо як ё ду нафари эҳтимолиро бозрасӣ кард. Чунин наҳваи санҷишҳо бояд дар низоми андозбандӣ ё беҳдоштиву сифати ғизо роҳандозӣ шавад. Дар умум, коҳиши миқдори санҷишҳо ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат мекунад. Зеро, соҳибкорон аз санҷишҳои зиёдатӣ халос шуда, дунболи рушди фаъолияти худ мешаванд."

Ин дар ҳолест, ки тӯли чанд соли ахир тоҷирони дохилӣ ва сармоягузорони хориҷӣ аз сангин будани ҳаҷми андозбандӣ ва набудани шароити муносиби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла, Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ахиран гуфта буд, ки ба ин сабаб сармоягузорони рус аз харҷи пули худ дар иқтисоди Тоҷикистон худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG