Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қаҳрамон"-ҳои "чемпионат"-и фасод дар байни идораҳои давлатии Тоҷикистон


Оҷонсии зидди фасод вазоратҳои маорифу илм, тандурустӣ ва молияро 3 ниҳоди давлатии "фасодзадатарин" дар соли 2014 ном бурд. Аммо гуфта мешавад, дар ниҳодҳои дигари давлатӣ дар Тоҷикистон камтар аз инҳо ришва намегиранд.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз миёни идораҳои давлатии ин кишвар дар соли 2014 ҳам вазорати маориф ва илмро аз нигоҳи мизони фасоди молӣ бо 101 мавриди ошкоршудаи фасод дар ҷои аввал қарор дод. Ҷои дувум бо 70 мавриди фасод “насиб”-и вазорати тандурустӣ шуда, дар зинаи севум вазорати молия қарор гирифт.

Аммо дар умум бар асоси гузориши Оҷонсии зидди фасод, мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру навоҳӣ ба фасод бештар ғарқ шудаанд. Дар сатҳи ин мақомот дар соли гузашта 224 ҳолати коррупсионӣ сабт ёфтааст. Бонкҳо низ бо 127 ҳолати коррупсионӣ мақоми “боло” доранд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи 26 январ дар нишасти матбуотиаш гуфт, агарчи имсол довталабон аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳо дохил шуданд, боз ҳам буданд устодоне, ки бо роҳи фиреб ришва гирифтаанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб

Ба гуфтаи ҷаноби Ғоиб, бо он ки шумораи ин афрод ба мисли солҳои қаблӣ зиёд набуд, аммо ҳаҷми порае, ки гирифтаанд, баракс афзудааст: “Кормандони мактабҳои олӣ имсол таваккал карданд. Онҳо медонистанд, ки ҳама тариқи Маркази миллии тестӣ имтиҳон месупоранд, аммо боз ҳам ба одамон мегуфтанд, ба мо фалон миқдор пул диҳед, фарзандатонро дохил мекунем. Агар довталаб дохил шуд - хуб. Мегӯяд, ман хидмат кардам ва ҳаққашро “ҳалол” кардааст. Ҳатто миёнаравҳо ва деканҳои факултаҳову мудирони кафедраҳо низ ҳастанд, ки дар чунин корҳо даст доранд.”

Аммо масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба чунин “раддабандӣ”-и Оҷонсии зидди фасод чандон розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо, дар худи вазорат дар як соли ахир ягон мавриди ришваситонӣ сабт нашудааст.

Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, албатта, Оҷонсии зидди фасод шояд хубтар донад, ки дар кадом ниҳод ришва бештар аст, аммо онҳо соҳаи маорифро ба сурати умум дар назар доранд, на вазорати маориф ва илмро.

Ба қавли ҷаноби Исмонов, Оҷонсии зидди фасод дар ҳар муассисаи мактабӣ ва ҳатто агар боғчаҳо низ як ҳолати ришва ба қайд гирад, онро ба вазорати маориф ва илм шомил мекунад, Ҷаноби Иноятов дар ин бора мегӯяд: “Ҳол он ки мактабҳову боғчаҳо бештар ҳокимиятҳои маҳаллиро нигоҳ мекунанд. Тавре аз маълумотҳо бармеояд, ҳолатҳои ришва бештар дар мақомотҳои маҳаллӣ дида мешавад. Дар раёсати маориф ин гуна ҳолатҳо қайд нашудааст. Қисмати бештари мактабҳои мо - ҳудуди 4000 мактаб - аз ҳисоби ҳокимиятҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд.”

Ҳамчунин дар нишасти навбатии Оҷонсии зидди фасод мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо имсол фасодзадатарин буда, 224 мавриди ришвахорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон ба Озодӣ гуфт, дар ҳокимиятҳои маҳаллӣ бештар ришваситонӣ дар робита ба тақсимоти замин ба мушоҳида мерасад. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Раҷабов, санҷишҳои Оҷонсии зидди фасод нишон медиҳад, ки дар бештари маворид фасоду ришва дар сатҳи ҷамоатҳо вуҷуд дорад: “Он ки дар баъзе ҳуҷҷатҳо маоши касе зиёдтар ё камтар нишон медиҳад. Ваё баъзе ҳуҷҷатгузорӣ надуруст аст, ин хатоҳои техникист, ки боз ислоҳ карда мешаванд.”

Биволида Самадова, раиси дастгоҳи шаҳри Хуҷанд низ гуфт, онҳо дар робита ба санҷишҳои Оҷонсии зидди фасод дақиқан чизе гуфта наметавонанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, бар асоси охирин санҷиши Палатаи ҳисоб, дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд ягон ҳолати вайрон шудани қонун дида нашудааст. Ҳамчунин ду соли пеш аз ҷониби санҷиши Оҷонсии зидди фасод низ гузаронида шуд, ки ягон хел ришваситонӣ сабт нашудааст.

Оҷонсии зидди фасод дар ҳоле мегӯянд, ки ришва бештар дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ вуҷуд дорад, аммо иддае аз шаҳрвандон дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, баръакс ин мавридҳо дар ниҳодҳои қудратӣ бештар мушоҳида мешаванд.

Фарангиси Файзуллозода, сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба назари ӯ, фасод аз ҳама бештар дар мақомоти додгоҳӣ ва ҳамчунин дар додситонӣ ҷой дорад. Фарангис мегӯяд, ҳар боре ки дар ин ниҳодҳо корафтода шудааст, натавонистааст мушкилашро бе пора ҳал кунад.

Аммо ба назари Довудшоҳ Назаров, яке аз савдогарони бозори маҳаллаи “Якуми Совет”, фасод аз ҳама бештар дар соҳаи андоз, гумрук ва “Тоҷикстандарт” ба назар мерасад. Вай мегӯяд, сӯхторнишонҳо низ барои андак камбудӣ ё ҷаримаи ҳангуфт мебанданд ваё маблағи камтар аз ҷарима гирифта, дигар ба даҳон об мегиранд.

Таҳлилгарони соҳа низ раддабандии Оҷонсии зидди фасодро ба чолиш мекашанд ва мегӯянд, ниҳодҳои қудратӣ дар Тоҷикистон аз маорифу тандурустӣ камтар ришва нагиранд.

Алиакбар Абдуллоев, раҳбари Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, азбаски мардум бештар дар идораҳои маориф ва тандурустӣ кор афтода мешаванд, Оҷонсии зидди фасод ҳам ин ду ниҳодро зиёдтар месанҷанд. Вале ба гуфтаи вай, кашфи 70 ё 101 ҷиноят ҳанӯз барои бастани тамғаи “фасодзатарин” ниҳод ба ин ё он вазорат кофӣ нест.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, “баъзе ниҳодҳои қудратие ҳастанд, ки то шикоят нашавад, мавриди санҷиш қарор намегиранд. Бо ин мо гуфта наметавонем, ки дар он ҷо ришва умуман нест. Ҳолатҳое ҳастанд, ки бо тақаллуби ҳуҷҷатҳо маблағҳои буҷаро аз худ мекунанд. Аз ришваситонӣ дида ин бадтар аст. Аммо инро нодида мегиранд. Корхонаҳое ҳастанд, ки раҳбаронаш хешу таборҳои худро ба кор мегиранд. Ин ҳам ҳолати коррупсионӣ аст.”

Тибқи гузориши оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, дар як соли ахир дар мақомотҳои қудратӣ ҳам даҳҳо мавриди фасоду ришва сошкор шудааст. Аз ҷумла дар вазорати умури дохила - 46 маврид, дар додситонӣ - 1 ҳолат, гумрук - 7 маврид, вазорати адлия - 6 маврид, вазорати дифоъ - 14 ва дар Кумитаи амният - 4 мавриди ришва.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар қатори 20 кишвари фасодзадатарини дунё ном бурда мешавад. Маркази таҳқиқоти стротегии ин кишвар ду сол пеш дар як гузориши фарогир гуфта буд, сатҳи фасоду ришва дар Тоҷикистон ба андозае доман паҳн кардааст, ки ин падидаи манфиро амалан ба як таҳдид ба амнияти миллӣ табдил додааст.

XS
SM
MD
LG