Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 7-солии зиндон ба ду вакили собиқ - Баҳси 200 000 доллар


Додситонии вилояти Суғд аз додгоҳ талаб кардааст, ки ду вакили собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлол (Табошари пешин) ба 7-солӣ зиндон маҳкум шаванд. Ин афрод бо қаллобӣ ва пешниҳоди ришва кормандони мақомот муттаҳам мешаванд. Наздикони вакилони собиқ мегӯянд, онҳо бегуноҳанд ва бояд раҳо шаванд.

Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов, ду вакили маҷлиси шаҳри Истиқлол 4 моҳи пеш аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуданд. Масъулини Оҷонсӣ мегӯянд, Шарифзода ва Ҳасанов аз як нафар барои хусусӣ кардани чанд иншоот 200 ҳазор доллар гирифтаанд.

Боз шудани парванда алайҳи ду вакили собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлол, барои сокинон ва мақомоти ин шаҳр ғайричашмдошт будааст. Чунки онҳо ин ду нафарро ҳамчун шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша мешинохтаанд.

Аммо вакилони дифоъ ба бегуноҳии нафарони таҳти ҳимояташон исрор меварзанд. Таҳмина Раҳимова, вакили дифои Саодат Шарифзода, рӯзи 14-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафта, қарор аст, оғози ҳафтаи оянда ҳукмро эълон кунад. Раҳимова мегӯяд, вакилони собиқ бегуноҳ боздошт шуданд, чун дар парванда далелҳои кофӣ вуҷуд надорад.

“Вакилон вақте ваъдахилофӣ карданд”

Баррасии парвандаи Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов моҳи сентябри имсол дар Додгоҳи вилояти Суғд оғоз шуд. Ин аз камтарин ҳолатҳое буд, ки ду вакили маҳаллӣ барои содир кардани ҷиноят боздошт шуданд.

Қаблан як муфаттиши огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ба иловаи ду вакил дар ин парванда боз Акбар Исмоилов, сокини шаҳри Истиқлол ва дар гузашта ронандаи Саодат Шарифзода, низ ҳамчун ҷавобгар иштирок мекунад.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар Суғд, қазия аз он оғоз шуд, ки чанд сол пештар як шаҳрванд барои хусусӣ кардани чанд иншооти давлатӣ, аз ҷумла боғчаи бачагона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба гумонбарон беш аз 200 ҳазор доллар дода, дар иваз чизе нагирифтаст. “Баъд аз онки гумонбарон ба ваъда вафо намекунанд, ин мард ба Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шикоят кардааст. Вақте кормандони Оҷонсӣ қазияро тафтиш мекунанд ва ҳолатҳои тақаллубкорӣ ошкор мешавад, Ҳасанов ва Шарифзода ба кормандони оҷонсӣ ду ҳазор доллар пешниҳод мекунанд. Вақти додани «пора» дастгир шуданд”, - шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.

"Ӯ танҳо эътироз кард, ки чаро дар рӯзи якшанбе бозпурсӣ мекунед"

Ҳамза Ҳакимзода, вакили дифои Равшан Ҳасанов, мегӯяд, як эроди нафари таҳти ҳимояташ барои бозпурсӣ накардани рафиқаш дар рӯзи якшанбе ба сараш ин балоро овард. “Вақте як шиносашро дар рӯзи якшанбе даъват мекунанд, ӯ мегӯяд, Шумо чӣ кор карда истодаед, мумкин нест. Дар мошини рафиқаш нишаста, то онҷо меравад, баъдан ӯро дастгир мекунанд”, - афзуд ин вакили дифоъ.

Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов сокинони шаҳри Хуҷанд буда, замони боз шудани парванда ба соҳибкорӣ машғул будаанд. Равшан Ҳасанов қаблан муддате дар шаҳри Истиқлол зиста, дар онҷо хонаву дар доштааст. Аз Шарифзода ба ҳайси соҳиби фурӯшгоҳе дар Хуҷанд ном мебаранд.

Банди 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ин ду вакили маҳаллӣ бо он айбдор шудаанд, ба «порадиҳанда» ҷарима ё то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Ҳамчунин барои “қаллобӣ” низ ҷарима ё аз 2 то 12 соли ҳабс бо мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG