Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар Кӯлоб сирко нӯшиду қасди худкушӣ кард? ВИДЕО


Дар аксҳо: Сафар Ҷалилов ва Суман Сафарова
Дар аксҳо: Сафар Ҷалилов ва Суман Сафарова

Як омӯзгори мактаби миёна дар шаҳри Кӯлоб сирко нӯшида, дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Табибон гуфтанд, Сафар Ҷалилови 31-сола, устоди тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби рақами 7-и Кӯлоб, ду ҳафта дар шуъбаи эҳё хобид ва ҳоло дар ҳуҷраи муқаррарист.

Сафар Ҷалилов рӯзи 19-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки "пас аз фишорҳои зиёди раҳбарияти мактаб" ба ин кор даст зад. Дар мактаб муаллимро ба "дарсшиканӣ" ва беэътиноӣ ба дастурҳои раҳбарият муттаҳам донистанд.

Ҷалилов мегӯяд, қазия баъди он шуруъ шуд, ки ӯ бемории зардпарвинро аз сар гузаронду ба кор баргашт ва масъулон хостаанд, ҳамроҳи шогирдон давутоз кунад.

"Ба онҳо вазъиятро фаҳмондам, вале нафаҳмиданд. Мегуфтанд, рухсатии беморӣ гирифта равед ва фишор меоварданд. Аз дасти роҳбарият ба ҳамин кор даст задам", -- иддао кард ӯ.

Ҳоло қазияро муфаттишони Додситонии шаҳри Кӯлоб таҳқиқ доранд. Сафар Ҷалилов гуфт, дар ин муддат муфаттишон як дафъа бо ӯ суҳбат карданд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Чаро омӯзгор талоши худкушӣ кард?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Пайвандонаш мегӯянд, Сафар Ҷалилов пеш аз он ки сирко нӯшад, номае навишта буд ва дар он низ аз "фишори раҳбарияти мактаб" шикоят кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Ойдона Валиева, модари Сафар Ҷалилов, аз муафттишон хостааст, мӯйро аз хамир ҷудо кунанд ва агар касе дар қазияи писараш гунаҳкор аст, ҷазо диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти мактаб иддаои Ҷалилов ва хонаводаашро намепазиранд. Суман Сафарова, мудири мактаби рақами 7 дар Кӯлоб, рӯзи 19-уми апрел, баръакс, зердасташро ба "дарсшиканӣ ва беътиноӣ ба дастурҳои роҳбарияти мактаб" айбдор кард.

Суман Сафарова
Суман Сафарова

Ӯ гуфт: "Давлату ҳукумат аз ман талаб кард, ман аз муаллим кор талаб кардам. Ягон чизи зиёд талаб накардам. Ман омӯзгорро дастгирӣ кардам. Хостам, корашро дуруст анҷом диҳад. Ӯ мехост, касе бо вай кор надошта бошад."

Дар Идораи маорифи шаҳри Кӯлоб гуфтанд, баъд аз ин ҳодиса омӯзгорро дар бемористон аёдат кардаанд ва танҳо пас аз хулосаи ниҳоии додситон қазияро шарҳ хоҳанд дод.

Ҷалил Сафаров даҳ сол пеш ҳамчун омӯзгор дар мактаби рақами 7 дар шаҳри Кӯлоб корро оғоз кардааст. Ӯ чаҳор фарзанд дорад.

Бори аввал нест, ки баъзе аз сокинон дар Тоҷикистон ба нишони эътироз сирко менӯшанд. Дар гуӯашта баъзе аз ин ҳодисаҳо бо марг анҷомидааст.

Аз ҷумла, соли гузашта Абдуғаффор Аскаров, сокини ҷамоати Лоҳур, ки ба қавли пайвандонаш "барои ҳалли мушкили зиндагӣ ба назди мақомот рафта буд", дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ сирко нӯшида, худкушӣ кард.

Аз он пеш, соли 2017, Раҷаббӣ Хуршед дар пайи баҳси бархоста бар сари бакорат сирко нӯшидаву худро кушт. Шавҳарашро ҳафт сол зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG