Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси бакорат баъди 40 рӯз бо марги арӯс анҷомид


Акси Раҷаббиро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Мақомоти тафтишотӣ дар ноҳияи Восеъ дар робита ба марги Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқи қазияро оғоз намуданд. Муфаттишон бояд мушаххас кунанд, ки марги ин зани ҷавон дар асл худкушӣ аст ваё ҳамсари ӯ дар ин амал даст дорад. Гуфта мешавад, баъд аз як ҳафтаи марги Раҷаббӣ Хуршед, домоди ҷавон, ки ҳамагӣ бо ӯ 40 рӯз зиндагӣ кардааст, бозпурсӣ шуд.

Вақте огоҳ шудам, ки домод баъди тӯй духтарамро барои ташхис ба Душанбе бурдааст, ба наздашон рафтам. Гуфтам, ки ӯро ба хонаи худамон мебарам.

"Санади бакорат дошт"

Раҷаббӣ Хуршед моҳи майи имсол тӯйи арӯсӣ дошт ва ба сифати келин ба хонадони Зафар Пиров, сокини 24-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, қадам гузошт. Арӯсу домод қабл аз издивоҷ бо ҳам ошно набуданд ва танҳо дар шаби арӯсӣ бо ҳам наздик шуданд.

Баҳси бакорат низ аз ҳамин шаб маншаъ гирифтааст. Дар ҳоле ки Раҷаббӣ Хуршед бар пояи қонунҳои Тоҷикистон қабл аз издивоҷ аз муоинаи пизишкон, бо шумули ташхиси бакорат, гузашта буд ва дар ин замина санад дошт, аммо домод ба покдомании арӯс шубҳа карда ва рӯзи дигар ӯро барои ташхис ба Душанбе бурд.

"Дигар тоби бардоштани ин азиятҳоро надорам"

Раҷаббӣ Хуршед
Раҷаббӣ Хуршед

Бо инки ташхиси дубора ба тозагӣ аз даст рафтани бакорати ӯро собит кардааст, вале ба гуфтаи хонаводаи арӯс, домод ба ин ташхис ҳам бовар накард ва дар 40 рӯзи оянда зиндагии ӯро ба кобус табдил дод. Рӯзи 22-юми июни имсол ин баҳс бо марги Раҷаббӣ анҷомид. Дар навори видеоие, ки бародари арӯс дар шабакаи Ютуб нашр кардааст, Раҷаббӣ Хуршед бо онки ба сахтӣ гап мезад, гуфт, "дигар тоби бардоштани ин азиятҳоро надошт ва тасмим гирифт, ки бо хӯрдани сирко худкушӣ кунад".

Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, рӯзи 29-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки духтараш баъд аз 1 моҳу 10 рӯзи издивоҷ даст ба худкушӣ зад. Ӯ бовар дорад, ки Раҷаббиро домодаш то худкушӣ расондааст.

Агар қаблан хабар меёфтем, барои пешгирии чунин ҳолат ҳатман бо хонавода корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарондем

"То синфи нӯҳум хонда буд"

Ба нақли Фазила Мирзоева, духтараш то синфи нӯҳум хонда, бинобар мушкили иқтисодӣ натавониста буд, ба таҳсилаш идома диҳад. Модар мегӯяд, ки духтараш доим ба кори хона банд буд ва чанд моҳи пеш хонаводаи Зафар Пиров ӯро хостгорӣ карданд. "Аммо вақте огоҳ шудам, ки домод баъди тӯй духтарамро барои ташхис ба Душанбе бурдааст, ба наздашон рафтам. Гуфтам, ки ӯро ба хонаи худамон мебарам. Вале хушдоманаш розӣ нашуду гуфт, ки ҳамаи нофаҳмӣ ҳал шуд."

Вале рӯзи 22-юми июн Раҷаббии 18-сола дар ҳолати вазнин ба бемористони ноҳияи Восеъ интиқол ёфт. Яке аз пизишкон гуфт, ки ин зани ҷавонро хеле дер ба бемористон оварданд, замоне ки гурдаҳояш аз кор монда буд. "Вазъияташ бисёр вазнин буд. Тахминан баъд аз ним соати овардан хунравӣ шурӯъ шуд ва кӯшиши мо барои наҷоти ӯ бенатиҷа анҷом шуд", - гуфт ин пизишк.

Раиси шаҳрак: "Дар рӯйхати оилаҳои осебпазир набуданд"

Ба қавли мақомоти шаҳраки Восеъ, хонаводаи шавҳари Раҷаббӣ дар рӯйхати оилаҳои осебпазир қарор надошт ва ба вакили маҳаллӣ низ дар бораи ҷой доштани моҷарои оилавӣ касе шикоят накардааст. Амина Гулмадова, раиси шаҳраки Восеъ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агар қаблан хабар меёфтем, барои пешгирии чунин ҳолат ҳатман бо хонавода корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарондем."

Раҷаббӣ Хуршед
Раҷаббӣ Хуршед

Хонаводаи Раҷаббӣ дар шаҳраки Восеъ иҷоранишинанд. Онҳо зиндагии миёнҳолона доранд ва ду писари маълулро ба воя мерасонанд. Ба нақли модари Раҷаббӣ, духтараш дар сӯҳбати кӯтоҳи пеш аз марг гуфтааст, ки шавҳараш намегузошт аз хона берун барояд ва ё ба волидон шикоят кунад. "Хушдоманаш дар бемористон ба мо гуфт, ки духтарам ҳамон рӯз бо шавҳараш дар утоқ якҷоя буданд. Вай аз ин кор дер хабардор шудааст", - гуфт ӯ.

"Таҳқиқи қазия шурӯъ шуд"

Талоши мо барои тамос бо хонаводаи Зафар Пиров то ҳол бенатиҷа буд ва мавқеи онҳо дар робита ба ин қазия то кунун рӯшан нест. Дар сурати ба даст омадани нуқтаи назари онҳо, мавқеашон дар ҳамин саҳифа нашр хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони бахши кор бо занони ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти интизомӣ таҳқиқи қазияро шурӯъ кардааст ва ба зудӣ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳад кард. Ба гуфтаи сокинони шаҳраки Восеъ, дар ин минтақа духтарон хеле зуд ба шавҳар дода мешаванд ва ин хонаводаҳои ҷавон хеле зуд аз ҳам мепошанд.

Бакорат ва ҷомеаи Тоҷикистон

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бакорат ё покдомании духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Чандин назарнависони вебсайти Радиои Озодӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар гузашта дар мавзӯи марбут ба бакорат навишта буданд, издивоҷ бо духтаронеро қабул доранд, ки касе ба ӯ даст нарасонда бошад.

Бино ба омори расмӣ, дар соли 2014 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббиву судӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ барои ташхиси судӣ-тиббии бакорат 600 кас муроҷиат кардаанд. Омори се соли ахир дар даст нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG