Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии такондиҳандаи Хушбахти 22-сола дар Кӯлоб. САДО


Дар вилояти Хатлон як ҷавонеро дафн кардаанд, ки ба сабаби “ба дигар кас фотиҳа кардани дӯстдоштааш” сирко хӯрда, худро куштааст.

Хушбахт Абдуқодиров, донишҷӯи соли чаҳоруми Коллеҷӣ тиббии шаҳри Кулобро рӯзи 20-уми апрел дар зодгоҳаш ноҳияи Темурмалик ба хок супурдаанд.

Хушбахт Абдуқодиров, донишҷӯи соли чаҳоруми Коллеҷӣ тиббии шаҳри Кулобро рӯзи 19-уми апрел дар ҳоли вазнин ба шифохонаи марказии шаҳр овардаанд ва ӯ баъди як рӯзи ҳодиса ҷон додааст.

Дар шифохонаи вилоятии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Хушбахт Абдуқодировро соатҳои 12 рӯз дар ҳолати вазнин ба бемористон оварданд ва табибон тавонистаанд, то соати 8 субҳи 20 -уми апрел ӯро ба ҳуш биёранд.

Азбаски ба сахтӣ гап мезад, дигар ӯро напурсиданд ва ҷавони бемор фақат хоҳиш кардааст, ки ба омӯгоронаш нагӯянд, ки ба ин амал ба хотири дӯстдоштааш даст задааст.

Масъулони шифохона гуфтанд, аз ӯ сабаби нӯшидани сиркоро пурсиданд ва Хушбахт дар посух гуфтааст, “азбаски дӯстдоштаашро ба дигар кас фотеҳа кардаанд”, тоб наёварда ва хостааст, худро бикушад. Манбаи Радиои Озодӣ дар бемористон гуфт, “Азбаски ба сахтӣ гап мезад, дигар ӯро напурсиданд ва ҷавони бемор фақат хоҳиш кардааст, ки ба омӯгоронаш нагӯянд, ки ба ин амал ба хотири дӯстдоштааш даст задааст."

“Дигар ба ӯ бисёр сухан гуфтан иҷозат набуд, барои ҳамин напурсиданд. Баъди нисфирӯзӣ боз ҳолаш вазнин шуд” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Худкушии такондиҳандаи Хушбахти 22-сола дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
Линки мустақим

Омӯзгорони ҷавони тоҷик мегӯянд, муддати чаҳор соли таҳсил дар шӯъбаи парастории Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб Хушбахти 22-сола ягон мушкилӣ надошт. Ҳамсабақонаш низ аз ӯ тавсиф карданд ва гуфтанд, ки сардори гурӯҳ буд ва дар тамоми корҳо ба ҳамсабақонаш кумак мекард.

“Сардори синф буд ва доим шухӣ мекарду механдид”

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб
Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

Фаридаи Ғулом, як ҳамсабақи Хушбахт Абдуқодиров, ки рӯзи 20-уми апрел ба аёдати ӯ ба шифохона рафта рафта буд, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Рости ягон мушкилӣ надошт ва ҳамеша бо мо шӯхӣ мекарду механдид. Чӣ гуна шудааст, нафаҳмидем. Дирӯз огоҳ шудем, ки ба ин кор даст задааст”.

Маълум нест, донишҷӯи тоҷик дар куҷо сиркоро истеъмол кардааст. Дар додситонии шаҳри Кулоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабабҳои қасди худкушии Хушбахт Абдуқодировро тафтиш доранд ва айни замон ҷузъиётро гуфта наметавонанд.

Писари ягона дар хонадон буд.

Наздиконаш гуфтанд, намедонанд, ки чаро Хушбахт қасди худкушӣ кардааст. Холназар Абдуқодиров, падари Хушбахт рӯзи 20 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш ду ҳафта пеш аз хона ба Кӯлоб омада буд. Хушбахт писари яккаву ягонаи хонавода буда ва 5 хоҳар доштааст.

Пеш аз ҳодиса суҳбат доштам ва гуфт, ки дар дарс қарор дорам, тамом ҳамин қадар медонам.

“Ду ҳафта пеш аз хона ба дарс омад. Пеш аз ҳодиса суҳбат доштам ва гуфт, ки дар дарс қарор дорам, тамом ҳамин қадар медонам. Ин кор аз соати 12 он тараф рух додааст ва ҳеч кас ҳеҷ чиз намегӯяд ва мо низ ягон чиз нафаҳмидем, ки чарор чунин кардааст. Устодонаш, мудири кафедраро пурсидем, ӯ низ гуфт, ки аз ҳеҷ ягон омӯзгор аз дарсҳояш қарздор набудааст” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Бори аввал нест, ки дар минтақаи Кӯлоб ҷавонон даст ба худкушӣ мезананд. Аввали имсол соли ҷорӣ додситонии шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги Сайрамбӣ Достиеваи 57-сола оғоз кард, ки пас аз нӯшидани сирко ба ҳалокат расидааст. Ин зан рӯзи 6-уми январ пас аз се рӯзи бистарӣ шудан дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҷон дод. Баъди ин Бегиҷон Қурбонов ва Сабоҳат Саъдулоева, ки зану шавҳар буданд, бо истеъмоли сирко ба ҳалокат расиданд.

Даҳшатноктарин ҳодисаи соли 2017 дар вилояти Хатлон худкушии пурсарусадои арӯси 18-сола Раҷаббӣ Хуршед аст, ки қурбони баҳси бакорат бо шавҳараш шуд.

Ба иттилои Додситони минтақаи Кӯлоб, соли 2017 дар ин минтқа беш аз 70 мавриди худкушӣ сабт шудааст. Хушунати хонаводагӣ, мушкилоти зиёди зиндагӣ, фақру камбизоатӣ ва дигар мушкилоти иқтисодиро аз омилҳои асосии худкушӣ дар Тоҷикистон меноманд.

XS
SM
MD
LG