Пайвандҳои дастрасӣ

Шикоят аз ҳамсару "шайтон". Номаи пеш аз худкушии Бегиҷон Қурбонов


Акси Бегиҷон Қурбоновро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

"Бо амри тақдир вохӯрдем ва оила бунёд кардем. Намедонам, ту чӣ фикр доштӣ, аммо барои ҳифзи оила тайёр будам. Он қадар шайтон дар гардани ту нишастааст, ки онҳоро ронда наметавонӣ..."

Бегиҷон Қурбонов ва Сабоҳат Саъдуллоева дар тӯли тақрибан ду соли зиндагии муштарак соҳиби як писар шуданд. Ин издивоҷи дувуми ҳардуи онҳо буд.

Ин яке аз номаҳои Бегиҷон Қурбонови 52-сола аст, ки қабл аз марг навишта, аз якдигарнофаҳмӣ бо ҳамсараш шикоят кардааст. Ҷасади Бегиҷон Қурбоновро рӯзи 10-уми феврали имсол аз теппаҳои ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ ёфтанд. Ба иттилои пулиси минтақаи Кӯлоб, ӯ дар пайи нӯшидани сирко ҷон додааст.

Баъди худкушии Сабоҳат

Як ҳафта пеш Сабоҳат Саъдуллоеваи 35-сола, ҳамсари Бегиҷон Қурбонов, сирко нӯшида, дар бемористон даргузашта буд. Мақомоти пулис мегӯянд, то ба ҳол иллати худкушии ин ду нафар маълум нест. Аммо наздикони Бегиҷон Қурбонов гуфтанд, ки онҳо тайи тақрибан ду соли зиндагии муштарак ҳеч рӯзи орому бе ҷангу ҷидол надоштанд ва эҳтимол ҳаёти нобасомон онҳоро ба ин ҳол афкандааст.

  • Бегиҷон Қурбонов ва Сабоҳат Саъдуллоева дар тӯли тақрибан ду соли зиндагии муштарак соҳиби як писар шуданд. Ин издивоҷи дувуми ҳардуи онҳо буд. Сабоҳат аз шавҳари пешинааш як духтару як писар дорад.
Як порча аз номаи Бегиҷон Қурбонов
Як порча аз номаи Бегиҷон Қурбонов

Зувайдулло Саъдуллоев, бародари Сабоҳат Саъдуллоева, рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди онки аз сирко нӯшидани хоҳараш хабардор шуданд, ӯро дарҳол ба бемористони вилоятӣ дар Кӯлоб бурданд. Сабоҳат онҷо ду рӯз зери назари пизишкон будааст. “Баъди онки сиҳат нашуд, ба хона ҷавоб доданд. Вай дар ҳамин ҷо даргузашт,” - нақл кард Саъдуллоев.

"Гуфтам, ки дар бараш бош"

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, зоҳиран зиндагии хоҳараш бо Бегиҷон Қурбонов бад набуд, вале мисли ҳар хонаводаи дигар гоҳ-гоҳе муноқиша мекарданд. Ӯ гуфт, дар ин муддат язнааш як бор телефонӣ аз ҳоли ҳамсари худ пурсидааст: “Рости гап, як бор занг зад. Бо падарам гап мезад. Ман гӯширо гирифта, гуфтам, ки агар шавҳараш ҳастӣ, дар бараш бош, то баъди фавт туро гунаҳкор накунанд.”

Аммо хонаводаи Бегиҷон Қурбонов мегӯянд, аз аввал зиндагии ин ду нафар хуб набуд ва бо ҳам созиш карда наметавонистанд. Хадичамоҳ Қурбонова, хоҳари Бегиҷон Қурбонов, рӯзи 12-уми феврал гуфт, онҳо дафъаҳои ахир дар маҳаллаи Куҳдомани шаҳри Кӯлоб мезистанд. “Чӣ гуна пайдо шуд, хабар надорем. Бо бародарам зиндагиро сар карданд. Дар як мағозаи хурд зиндагӣ мекарданд. Вақте мағоза муфлис шуд, онро фурӯхта, дар Кӯҳдоман хона карданд”, - гуфт ӯ.

Хонаводаи Бегиҷон Қурбнов мегӯянд, ки ӯ рӯзи ҷуъмаи гузашта ба хонаи хоҳараш дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ рафта, дар онҷо худкушӣ кардааст.

​Дар ҳоли ҳозир парвандаи марги Сабоҳат Саъдуллоеваро додситонии шаҳри Кӯлоб ва аз Бегиҷон Қурбоновро додситонии ноҳияи Восеъ тафтиш мекунанд. Як манбаъ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, як номаи Бегиҷон Қурбон дар дасти онҳост ва тафтишот ба нуктаҳои он аҳамият медиҳад.

Беш аз 70 худкушӣ дар як сол дар Кӯлоб

Худкушии ин зану шавҳар дар пайи истифодаи сирко дар ҳолест, ки дар ду моҳи ахир ҳамчунин мавридҳои худкушӣ бо истеъмоли сирко дар минтақаи Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст. Аввали соли ҷорӣ додситонии шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги Сайрамбӣ Достиеваи 57-сола оғоз кард, ки пас аз нӯшидани сирко ба ҳалокат расидааст. Ин зан рӯзи 6-уми январ пас аз се рӯзи бистарӣ шудан дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҷон дод.

Раҷаббии Хуршед
Раҷаббии Хуршед

Даҳшатноктарин ҳодисаи соли 2017 дар вилояти Хатлон худкушии пурсарусадои арӯси 18-сола Раҷаббӣ Хуршед аст, ки қурбони баҳси бакорат бо шавҳараш шуд. Марги мудҳиши арӯси чилрӯза бисёриҳоро дар кишвар таконзада ва Тоҷикистонро дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор дод.

Ба иттилои Додситони минтақаи Кӯлоб соли 2017 беш аз 70 мавриди худкушӣ сабт шуда, нисбат ба соли 2016 се ҳолат зиёд будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG