Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 cоли зиндон - барои қасди куштани аъзои хонаводаи шавҳар


Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи вилояти Хатлон Маҳпора Ҳикматова, сокини 39-солаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷро барои қасдан куштани аъзои хонаводаи шавҳараш 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додситон охири моҳи декабри соли гузашта ба Ҳикматова 25 соли ҳабс талаб карда буд.

Тибқи гузоришҳо аз мақомоти интизомӣ, ин зан чаҳор дафъа талоши заҳролуд ва куштани хонаводаи шавҳарро кардааст, ки дар натиҷа ду узви хонавода ҷон дода ва беш аз 38 нафари дигар заҳролуд шудаанд. Дар бораи содир шудани ҷиноят охири соли 2017 хабар дода шуд.

Хабари зиндонӣ шудани Маҳпора Ҳикматоваро ба Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми январ дар додгоҳи вилояти Хатлон тасдиқ карданд. Як масъули додгоҳ гуфт, ки ин зан бар асоси ду моддаи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон - "тайёрӣ ба ҷиноят" ва "одамкушӣ" муттаҳам мешавад.

Насрулло Маҳмудов
Насрулло Маҳмудов

Тибқи иттилои расмӣ, ҳукми ӯ аввал моҳи январ содир шуда, баъди аризаи бозбинии ҳукмаш Додгоҳи олии Тоҷикистон онро бетағйир гузоштааст. Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон, рӯзи 23-юми январ гуфт, Маҳпора Ҳикматова азои хонаводаи шавҳарро ба хотири соҳиби ҳавлии онҳо шудан талош кардааст, ки бикушад ва дар дохили нонҳо пайваста дору илова намудааст: "Шаҳрванд Ҳикматова аз соли 2014 дар чаҳор маврид ба мақсади соҳиби манзил шудан ва аз манзил маҳрум кардани азои дигари хонавода онҳоро заҳролуд кардааст."

Дар додситонии вилояти Хатлон гуфтанд, Маҳпора Ҳикматова дар хамир маводи кимиёвие, ки барои нест кардани заҳри ҳашароти сабзавот пешбинӣ шудааст, изофа мекард. Вале хешовандони Ҳикматова тамоми иттиҳомро бепояву асос ва тӯҳмат номиданд.

Бинои ҳукумати ноҳияи Панҷ.
Бинои ҳукумати ноҳияи Панҷ.

Мирзошо Саидвалиев, падари Маҳпора Ҳикматова, гуфт, "ҳама чиз ба тӯҳмат пеш меравад. Ҳоло кӯдакҳояш дар ҳар куҷо ҳастанд, бесаробон мондаанд. Ду фарзанди духтарам дар дасти мо аст, ду фарзанди дигарашро ба хонаи ятимон бурдаанд."

Маҳпора Ҳикматова, сокини деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти "Кабут Саифиддинов" дар ноҳияи Панҷ ба деҳаи Турдишайхи ҷамоати "Озодагон" ба Насриддин Ҳикматов издивоҷ карда, соҳиби чаҳор фарзанд будааст. Мақомот мегӯянд, шавҳари 46-солаи Маҳпора чаҳор соли пеш худкушӣ кардааст.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки чанд сол қабл дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ду келин хушдомани худро кушта, ҷасадашро сӯзондаву ба дарё партофта будаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG