Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаббӣ, Алифмоҳ, Шаҳноза... Худкушиҳои пурсарусадои занҳои тоҷик


Даҳшатноктарин ҳодисаи соли 2017 дар вилояти Хатлон худкушии пурсарусадои арӯси 18-сола Раҷаббӣ Хуршед аст, ки қурбони баҳси бакорат бо шавҳараш шуд. Марги мудҳиши арӯси чилрӯза бисёриҳоро дар кишвар таконзада ва Тоҷикистонро дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор дод.

Раҷаббӣ Хуршед баъди туҳмат ва хушунати равонию ҷисмонии шавҳар - Зафар Пирови 24-сола рӯзи 22 июн дар манзилаш деҳаи Чорбоғи

Дар як соли ахир дар вилояти Хатлон ҳудуди 50 мавриди худкушӣ сабт шудааст, ки аксари онҳо занону духтарон мебошанд

ноҳияи Восеъ сирко хӯрда баъди чанд рӯз дар бемористон ҷон дод. Моҳи августи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Восеъ Зафар Пировро бар асоси моддаи 109-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, яъне ба худкушӣ расонидан ба мӯҳлати 7 сол равонаи зиндон намуд. Наздикони Зафар Пиров бо гузашти моҳҳо аз зиндонӣ шудани ӯ ҳамоно аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ин сол барои хонаводаи онҳо як соли даҳшатнок шуд.

Хонаи модари Раҷаббӣ мотамхона шуд

Ин ҳодисаи камназири ба зиндон маҳкум шудани як шавҳар барои зулму то худкушӣ расондани ҳамсар буд, ки дар як додгоҳи Тоҷикистон содир шуд.

Дар ҳамин ҳол хонаи модари Раҷаббӣ Хуршед бо гузашти ним сол аз он фоҷеа имрӯз ҳам як ғамхона аст. Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ ҷиҳози арӯсии духтарашро аз хонаи Зафар Пиров ба хонаи худ оварда мегӯяд, захмҳои дилаш бо дидани куртаҳои арӯсии нопӯшидаи духтар реш-реш мешавад. Амаки Раҷаббӣ - Баҳром Сафаров рӯзи 25 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки модари Раҷҷабӣ ҳоло низ дар ҳолати муътадили равонӣ қарор надорад:

"Сангинтарин сол буд, аз хотирамон асло дур намешавад. Ҷиҳози Раҷаббиро оварда модараш мотам дорад, дигарбора гиря мекунад, ба худ наомадааст. Хеле соли сангин буд. Тамоми мардум ҳодисаи худкушии арӯси ғурамаргро дар хотир доранд. Ҳоло низ рӯзҳои сахте дорем."

Марги фоҷеабори арӯси ҷавон амиқ ва густурда будани мушкили хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон ва бисёр вақт беҷазо мондани ҳамсарони азияткорро аланӣ кард.

Амонҷон Муҳиддинов, як сокини вилояти Хатлон гуфт, ки дар соли 2017 худушии Раҷаббӣ Хуршед ва Алифмоҳ Худойназарова аз хабарҳои пурбаҳс дар хонаводаи онҳо буда. Амонҷон Муҳиддинов мегӯяд:

"Барои чандин хонавода, мисли хонаводаи Раҷаббӣ ва Алифмоҳ мотам буд. Худкушие, ки дар ноҳияи Восеъ шуд, хеле таъсиргузор буд. Чун баҳси бакорат ӯро ба марг расонд. Яъне худкушӣ кард. Раҷаббӣ баъди туҳмат ҷонашро аз миён бурд. Зани дигаре аз шаҳри Норак ба номи Алифмоҳ баъди хушунат даст ба худкушӣ зад. Вақте зан хушунат мешавад, ҷомеаро ба ташвиш меорад."

Алифмоҳ баъди як моҳ аз дарёи Вахш пайдо шуд

Алифмоҳ Худойназарова, зани 28-солаи, аз деҳаи Лангари шаҳри Норак моҳи июн баъди як моҷаро бо ҳамсараш худро ба дарёи Вахш партофт, ки баъди як моҳ ҷасади ӯро аз об пайдо кардаанд. Ин ҳодисаи дигари худкушӣ баъди моҷарои хонаводагӣ буд, ки дар соли 2017 дар вилояти Хатлон сабт шуд. Мақомот ва ҳам хонаводаи Алифмоҳ Худойназарова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ баъди моҷаро бо ҳамсар ва лату кӯб шуданаш даст ба худкушӣ задааст.

Нозанин Бобиева, модари Алифмоҳ мегӯяд, ки духтараш борҳо дар назди ӯ аз сӯи шавҳараш бо шидат лату кӯб мешуд, вале онҳо ба хотири хароб нашудани зиндагии онҳо дахолат намекардаанд. Муҳаммадзариф Шарифови 42-сола, дар рӯзи худкушии Алифмоҳ боздошт шуд ва алайҳи ӯ бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ “ба худкушӣ расондан” ва “чандҳамсарӣ” муттаҳам мешавад, вале ба хотири оне, ки аз ҳамсари аввалаш фарзанд доштааст, аз ҷавобгарӣ бо пардохти 12 ҳазор сомонӣ озод шуд.

Шаҳноза омӯзгори забони англисӣ буд

Таҳлилгарон ин ду мавриди худкуширо дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки баъди хушунати шавҳар сар задааст, нигаронкунанда ва аз худкушиҳои пурсару садо медонад, вале худкушиҳои дигаре дар соли 2017 дар вилояти Хатлон сабт шудааст, ки мақомот сабаби онҳоро равшану возеҳ гузориш надодааст. Худкушии Шаҳнозаи Анварӣ, муаллимаи забони англисӣ дар ноҳияи Вахшро мақомоти тафтишот бемории равонӣ гуфт.

Ҷомеашиносон мегӯянд, то замоне, ки ҳодисаҳои худкушии занон дар Тоҷикистон дуруст санҷида ва омилони он ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд, ҳодисаҳои ҳамсон такрор мешаванд. Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бисёр арӯсон ба хотири ҳифзи ному обрӯи худу хонавода аз ошкор шудани дарду азиятҳои худ худдорӣ мекунанд ва бо ин амали худ боиси беҷазо мондани шавҳарони бадрафтори худ мешаванд.

Дар як соли ахир дар вилояти Хатлон ҳудуди 50 мавриди худкушии занону духтарон, мардҳо ва ҳатто ноболиғон сабт шудааст, ки сабабҳояшро мақомот мухталиф мегӯяд. Ваъзи иқтисодию иҷтимоӣ, моҷаро дар хонавода ва гирифтори бемории равонӣ доштан аз омилҳои худкушӣ гуфта мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG