Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии як сарбоз дар Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бегоҳи 26-уми октябр дар қисми низомии 13483, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб бо автомати тамғаи “Калашников” худро паррондааст. Ин қисми низомӣ то ду соли пеш пойгоҳи низомии Русия буд ва баъди тарки низомиёни рус, ба ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон гузашт.

Як манбаи огоҳ аз қазия 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҳир Ҳабибови 20-сола бо силоҳ дар қафаси синааш тир задааст ва дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст. "Санҷиши фаврӣ нишон дод, ки сарбоз даст ба худкушӣ задааст. Сабабҳои даст ба худкушӣ задани ӯ маьлум нест. Ҳоло як комиссия инро тафтиш дорад",- гуфт ҳамсӯҳбати мо. Ин сарбоз соле пеш аз деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим ба артиш чалб шуда буд.

Дар аксар ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиши Тоҷикистон, мақомот на вуҷуди хушунат ё “дедовшина”, балки беморӣ ё худкушии сарбозонро сабаби аслии марги онҳо арзёбӣ кардаанд.

​Ҷасади ин сарбоз ҳанӯз ба дасти наздиконаш нарасидааст. Ориф Ҳабибов, писарамаки Тоҳир рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз падару модари ӯ аз ин ҳодиса хабар надоранд ва ҷасад шояд шаб ба Ишкошим бирасад. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз барои пайвандон низ далели марги Тоҳир маълум нест. “Бо падару модараш сӯҳбат мекардааст, вале ҳеҷ шикояте аз шароити хизмати ҳарбиаш надошт”,-гуфт ӯ.

Дар чанд соли ахир ҳодисаҳои зиёди марги сарбозон дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст, ки сабабҳояшро ба гунаи мухталиф шарҳ медиҳанд. Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, дар 3 соли гузашта ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст.

Рӯзи 24-уми сентябр низ худкушии Маҳмадхӯҷа Қутбиддинови 22-сола сарбози қисми ҳарбии 051058-и мутааллиқ ба Горди миллӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун сабт шуда буд. Пайвандони ин сарбоз аз деҳаи Фароғати ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани Маҳмадхуҷа барояшон муаммо ҳаст. Танҳо ҳамхидматашон гуфтаанд, ки қабл аз худкӯшӣ ӯ бисёр асабонӣ буд.

Сабаби аксари ҳодисаҳои худкушии сарбозон норӯшан боқӣ мемонад, вале дар баъзе маврид ҳамхидматон ё афсарон барои ба худкӯшӣ расонидани сарбозон муҷозот мешаванд. Рӯзи 21-уми апрели соли равон додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сайёдҷон Асоев, як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро дар марги ҳамхидматаш Эҳсон Элчибеков гунаҳкор донист ва ба зиндон фиристод.

Додрас Наҷмуддин Лоиқзода рӯзи 21-уми апрел ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ки Сайёдҷон Асоев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” ва “аз беэҳтиётӣ ба марг расондан” ба 12,5 сол зиндон маҳкум шуд. Ҳамчунин, дар доираи ин парванда ду афсари қисми низомии 06870-и Вазорати дифоъ Иззатулло Аҳмадов ва Саймуҳаммад Саъдуллоев барои “муносибати хунукназарона ба хизмат” яксолӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Тайи чанд соли охир хонаводаи баъзе аз сарбозон аз зарбу лат ва марги фарзандони худ дар артиш ба матбуот хабар дода, ин баҳсҳоро дар тарозуи додгоҳ ҳам гузоштаанд. Аммо дар аксар ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиши Тоҷикистон мақомот на вуҷуди хушунат ё “дедовшина”, балки беморӣ ё худкушии сарбозонро сабаби аслии марги онҳо арзёбӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG