Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи гаравгонгирӣ дар Дарвоз мӯҳри махфӣ гирифт


Сафарбек Хонов
Сафарбек Хонов

Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ нисбат ба ҳодисаи гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ ва кушта шудани сарбози гаравгонгир дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон парванда боз карда, таҳқиқро идома медиҳад. Ин ҳодиса рӯзи 25-уми августи имсол рух дод.

Онҳо пурсиданд, ки фарзандатон бемории руҳӣ дошт ё не? Ӯ то рафтанаш ба сарбозӣ ба чӣ кор машғул буд? Оё рафтори тундравона дошт?

Масъулони Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ рӯзи 5-уми сентябр гуфтанд, ки ба ин парванда "мӯҳри махфӣ" зада шудааст ва ба хотири берун нарафтани сирри тафтишот оид ба ҷузъиёти ин қазия намехоҳанд шарҳи бештар диҳанд.

Аммо волидони Сафарбек Хонов, сарбози кушташуда дар ин қазия мегӯянд, ки аз даст рафтани фарзанд барои онҳо як талафоти сангин аст ва мехоҳанд, тавассути додгоҳ ҳақиқати марги писарро рӯшан ва омилонашро муҷозот кунанд. То охири мӯҳлати хидмати Сафарбек 6 моҳи дигар боқӣ монда буд.

Чанд савол аз падару модар

Сафарбек Хонов
Сафарбек Хонов

Мақомот мегӯянд, сарбози қисми ҳарбии сарҳадбонӣ Сафарбек Хонов рӯзи 25-уми август пас аз тақрибан се соати гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кушта ё ба истилоҳи тафтишот безарар гардонда шудааст. Мақомоти тафтишот мегӯянд, барои ҳамаҷониба таҳқиқ шудани ҳодиса намояндагони додситонии ҳарбии вилояти Хатлонро водор кардаанд, ки бо наздикони сарбози фавтида сӯҳбат кунанд. Сарраёсати марзбонӣ мегӯяд, аз прокуратураи ҳарбии Хоруғ як гузориш оид ба ҳодисаи марги сарбозро дарёфт кардаанд ва роҳбарият онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол, Идибек Хонов, падари сарбози кушташуда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи якуми сентябр чанд муфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон ба манзилашон омада, дар бораи фарзандашон пурсидаанд. “Онҳо пурсиданд, ки фарзандатон бемории руҳӣ дошт ё не? Ӯ то рафтанаш ба сарбозӣ ба чӣ кор машғул буд? Оё рафтори тундравона дошт? Дар муомила бо рафиқону наздикон чӣ хел буд? Ҳамин хел ҷавобҳои маро навиштанд, ман ба онҳо гуфтам, ки ӯ сиҳату саломат буд. Ҳеҷ бемор набуд ва довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафт”, - гуфт ӯ.

Гаравгонҳо доду фарёд карда, сардори дидбонгоҳро даъват намуданд. Вақте сардори дидбонгоҳ омад, ба сӯи ӯ тир кушод ва Хонов аз ҷойи ҳодиса фирор кард

"Тир дар дилаш задааст"

Идибек Хонов гуфт, ба тафсилоти марги писар бовар надорад. Ӯ гуфт, фарзандашро водор кардаанд, ки даст ба чунин амал занад: “Бовар надорам, ки фарзанди ман чунин амали ношоиста карда бошад. Барои ҳамин, ба созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” муроҷиат кардам, ки маро бо адвокат таъмин намоянд. Ба додгоҳ нисбати ба ҳалокат расидани фарзандам дар қисми ҳарбӣ шикоят мебарам. Мехоҳам ҳақиқатро фаҳмам”.

Падари Сафарбек гуфт, масъулони қисми ҳарбие, ки ҷасади фарзандашро оварда буданд, дар бораи ин ҳодиса нақл карда гуфтаанд, Хонов чанд нафарро гаравгон гирифт ва ба дигарон бо силоҳ таҳдид кард. Вале падар мегӯяд, аз рӯи нишонаҳои зоҳирии осори тир дар бадани писар ба чунин хулоса омадааст, ки ба ӯ на аз дур, балки аз наздик дар дилаш тир задаанд. Ӯ гуфт, амаку ду бародараш ҷасадро шустанд ва гуфтанд, ки тир дар дилаш задааст ва дар баданаш доғҳои сиёҳ ва осори латту кӯб ҳам аён буд.

Ҳодисаи пурсарусадо

Дидбонгоще дар ноҳияи Дарвоз
Дидбонгоще дар ноҳияи Дарвоз

Дар ҳоле ки масъулини тафтишотӣ аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд, афроди огоҳ аз ин парванда мегӯянд, қазия чандон содда нест. Як манбаи наздик ба тафтишот ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ як қисми ҳодисаро нақл кард. Ӯ гуфт, дар ҳодисаи рӯзи 25-уми август сарбоз Сафарбек Хонов бо таҳдиди куштор гӯё ба девори дидбонгоҳ тир холӣ карда, ба дигар ҳамхидматонаш таҳдид кардааст. Ӯ гуфт, "аввал чанд нафарро гаравгон гирифта, онҳоро шинонда ба деворҳои дидбонгоҳ тир андохт. Гаравгонҳо доду фарёд карданд ва сардори дидбонгоҳро фарёд намуданд. Вақте сардори дидбонгоҳ омад, ба сӯи ӯ тир кушод ва Хонов аз ҷои ҳодиса фирор кард".

Маълум нест, ки гаравгонгирии “прапоршик” ва тафсилоти куштори ӯ баъдан чӣ гуна сурат гирифтааст. Баъзе манобеъ мегӯянд, Хонов бо худ норинҷак ҳам дошт, вале тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Ин манбаи огоҳ аз ҳодиса, аз ҷумла гуфт, “тақрибан се соат бо ӯ аз масофаи дур барои таслим шудан ва раҳо кардани “прапоршик” гуфтугӯ сурат гирифт, аммо сарбоз на танҳо таслим нашуд, балки ба сӯи дигарон низ тир холӣ кард. Маҷбур шуданд, ки ӯро безарар гардонанд.”

Гузориш: Ҳалокати 11 нафар дар ду сол дар артиш

Ҳоло саволи асосӣ барои тафтишот ин аст, ки сабаби рух додани ин ҳодиса чист ва то куҷо ин ҳодиса метавонад дар пайи “дедовшина” ё зӯргӯӣ дар артиш рух дода бошад. Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутбаву ботаҷруба аз болои сарбозони ҷавон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри таҳрири вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ аз охири соли 2016 навишт, ки дар солҳои 2014 – 2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор – баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиш баргузор мешавад. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад.

XS
SM
MD
LG