Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбол аз мақомоти марзбонӣ "ҷуброни боадолатона" хост. САДО


Шаҳбол Мирзоев
Шаҳбол Мирзоев

Вакили дифои Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки соли 2014 дар артиш маъюб шудааст, аз қарори коллегияи Додгоҳи низомӣ ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд. Ҳадаф аз ин шикоят “рӯёндани ҷубронпулии боадолатона аз нирӯҳои марзбонӣ” будааст. Шаҳболи 24-сола, сарбози қисми ҳарбии 2026-и нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, се сол қабл бар асари латту кӯби як ҳамхидматаш маъюб шуд.

Шаҳбол Мирзоев моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхидматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад.

"То ҳол ҷубронро напардохтанд"

Нӯъмон Мирзоев – падари Шаҳбол – рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду сол боз қарори додгоҳи низомиро дар бораи пардохти як миқдор ҷубронпулӣ барои муолиҷаи ин сарбоз ихтисос надодааст. Дар қарори Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе аз моҳи майи соли 2015 гуфта шудааст, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунад.

Вале баъдан дар моҳи августи он сол Додгоҳи олӣ дар пайи шикояти намояндаи Додситонии ҳарбии Душанбе ин қарорро бекор кард. Рӯзи 22-юми ноябри соли 2016 Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дубора ин қазияро баррасӣ кард ва Сарраёсати нерӯҳои марзбониро муваззаф намуд, ки ба сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев ба миқдори ба маротиб баробар камтар – 37 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ пардохт кунад. Ин қарор он замон хонаводаи сарбозро қонеъ накард, вале бо ин вуҷуд ҳамин миқдор пул ҳам барои хонаводаи маъюб дода нашудааст.

Шаҳбол аз мақомоти марзбонӣ "ҷуброни боадолатона" хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00
Линки мустақим

Вакили дифоъ: "Мо 180 000 сомонӣ мехоҳем"

Ба гуфтаи Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Шаҳбол Мирзоев, феълан ҳалномаи Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дар марҳилаи иҷро қарор дошта, шикояти ӯ ба Додгоҳи олӣ маҳз ба мизони ҷуброн рабт мегирад. Холматова рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ҳалномаи суди ҳарбӣ омадааст, ки аз қӯшунҳои сарҳадӣ ба фоидаи Шаҳбол Мирзоев дар маҷмӯъ 41 ҳазор сомонӣ рӯёнда шавад. Ҳоло ин ҳалнома дар марҳилаи иҷро қарор дошта ва нерӯҳои сарҳадӣ бояд ин маблағро пардохт кунад. Дар ҳалнома ҷуброни маънавӣ 4 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Мо 180 ҳазор сомонӣ талаб дорем. Бояд ҷуброн боадолатона бошад.”

Нуъмон Мирзоев
Нуъмон Мирзоев

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гуфт, ин ниҳод аз пардохти ҷуброн ба сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев саркашӣ накардааст ва маблағи 41 ҳазор сомонӣ ҳатман ба хонаводаи сарбоз пардохта хоҳад шуд. Ӯ дар бораи шикояти ҷониби ҷабрдида ба Додгоҳи олӣ ва талаби 180 ҳазор сомонии ҷуброн ба сарбози маъюб ибрози беиттилоӣ кард.

Ҳукм ва афви ду масъули қисми низомӣ

Шаҳбол Мирзое моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхидматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад. Барои латту кӯби Шаҳбол Мирзоев додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани оинномаи хидматӣ ба 1,5 соли корҳои иҷборӣ маҳкум кард. Вале ин ҳарду баъди содир шудани ҳукм афв шуда, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Мурофиаи Усмоналӣ Ғайратов. Рӯзи 19-уми июни соли 2014
Мурофиаи Усмоналӣ Ғайратов. Рӯзи 19-уми июни соли 2014

Дар ин муддат Шаҳбол Мирзоев аввал дар бемористонҳои Тоҷикистон ва баъдан дар як бемористони Русия ҷарроҳӣ ва муолиҷа шуд. Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замони латту кӯб то кунун фарзандаш таҳти назорати пизишкон қарор дошта ва тамоми харҷи табобатро худаш додааст. Ӯ шукр мегӯяд, ки ахиран вазъи саломатии писараш то андозае беҳбуд ёфтааст. “Вазъи саломати Шаҳбол як каме беҳтар шудааст. Дасту пояшро меҷунбонад. Ташхиси УЗИ карданд, беҳбудӣ нишон дод. Вале то ҳол аз бистари беморӣ нахестааст”, - гуфт ӯ.

Пизишкон: Пули бештар зарур аст

Нуъмон Мирзоев гуфт, феълан Шаҳбол дар дармонгоҳи физиологии Хуҷанд табобат мегирад. Ба гуфтаи вай, ҳоло Шаҳбол дар ҷои худ нишаста, телефон ба даст гирифта ҳарф задаву дасту по ҷунбонида метавонад. Табибон гуфтаанд, табобати вай тӯлонӣ буда, ҳолаш беҳтар хоҳад шуд, вале барои ин маблағи зиёд зарур аст.

Қазияи Шаҳбол Мирзоев яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои марбут ба хушунат дар артиш буд ва таваҷҷӯҳи зиёди матбуот ва фаъолони ҳуқуқи башарро ба худ ҷалб кард. Муҳаққиқон мегӯянд, бадрафторӣ дар артиш ва латту кӯби низомиён мушкилест, ки аз даврони шӯравӣ вуҷуд дорад. Муҳаққиқони ин мушкил – созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳам худи мақомот мегӯянд, талош мекунанд тавассути корҳои фаҳмондадиҳиву тарбия зидди хушунат дар артиш мубориза баранд.

"Дедовшина"

Ҳанӯз чанд соли пеш созмонҳои шаҳрвандӣ вуҷуди мушкилоте мисли маҳалгароӣ ва таъминоти нокофиро як сабаби афзоиши “дедовшина” – зӯргӯии сарбозони ботаҷриба нисбат ба наваскарон номида буданд. Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки панҷ соли пеш мушкили меҳтарсолориро “як анъанаи манфии хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон” номида буд, мегӯяд, дар давоми се соли охир 13 ҳолати ҷиноие ба қайд гирифта шудааст, ки бо иштироки афсарону фармондеҳон рух дода, аз ин миён дар 9 ҳолат бо марги сарбозон анҷомидааст.

Аксари ин парвандаҳо ба додгоҳ рафта дар бештарини ҳолатҳо на афсарони масъули назорат аз сарбозон, балки сарбозони қаторӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Солҳои охир фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз меҳтарсолорӣ ва ҳам мубориза бо қонуншиканиҳо дар артиш ба муваффақиятҳое даст ёфтаанд ва мониторинги вазъи артишу ҳамкорӣ бо қисмҳои низомӣ барои огоҳонии сарбозону низомиён мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG