Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари Хушнуда аз талаби бозгардони харҷи тӯй даст кашид. ВИДЕО


Баёноте, ки аз ҷониби модари Хушнудаи Файзалӣ - Хоҷабегим Ниёзова ба хонаводаи домод дода шудааст

Давлатбеки Саймаъруф иддао кард, ки ҳеҷ гоҳ Хушнударо азият накардааст ва пофишорӣ дорад, ки ҳамсари қонуниаш маризии рӯҳӣ дорад ва ба ҳамин хотир дигар зиндагии муштарак бо ин занро намехоҳад.

Хонаводаи шавҳари Хушнудаи Файзалии 18-сола, ки дар паи хушунати хонаводагӣ талош кард худкушӣ кунад, бо гузашти як ҳафта аз он ҳодиса мегӯяд, дигар ин арӯсро дар хонаи худ дидан намехоҳад.

Давлатбек: "Хушнуда зиндагии шоҳона дошт"

Давлатбеки Саймаъруф иддао кард, ки ҳеҷ гоҳ Хушнударо азият накардааст ва пофишорӣ дорад, ки ҳамсари қонуниаш маризии рӯҳӣ

Ман ба падараш гуфтам, ки “духтаратон чӣ мушкиле дорад ва мегӯяд, ки ман зиндагӣ кардан намехоҳам”. Аммо падараш мегуфт, ки хуб мешавад. Дар охир нимашаб чӣ гуна либосҳояшро гирифта аз хона баромад, мо худамон огоҳ нашудем.

дорад ва ба ҳамин хотир дигар зиндагии муштарак бо ин занро намехоҳад.

Рӯзи 27 ноябр Давлатбеки Саймаъруф, шавҳари 25-солаи Хушнудаи Файзалӣ дар манзили худ дар ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ буд. Аз он ки ҳамсараш як ҳафта пеш бо кӯмаки афроди бегона дар Кӯлоб аз як сӯиқасди нофарҷом ҷон ба саломат бурдааст, хабар дорад. Зоҳиран, аз сӯҳбатҳои Хушнуда бо хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам огаҳ аст, ки дар як мусоҳибаи видеоиаш ҳафтаи гузашта гуфт, дар давоми 50 рӯзи арӯсиаш дар муҳити сангини хушунату озори ҷисмониву равонӣ ба сар мебурд.

Давлатбеки Саймаъруф аз худ ҳимоят ва иддао кард, ки ҳеҷ гоҳ даст ба ҳамсараш набардоштааст. Давлатбек гуфт, хонумаш “бемории равонӣ” дошт. Он чи ки худи Хушнуда ва хешовандонаш комилан рад мекунанд. Далватбек гуфт:

"Бовар кунед, шабҳо мегуфт, ки “ман зиндагӣ кардан намехоҳам”, боз рӯз мешуд, тағйир мехӯрд ва ҳатто аз ман бахшиш мепурсид. Ин ҳамаро ман ба падараш гуфтам, ки “духтаратон чӣ мушкиле дорад ва мегӯяд, ки ман зиндагӣ кардан намехоҳам”. Аммо падараш мегуфт, ки хуб мешавад. Дар охир нимашаб чӣ гуна либосҳояшро гирифта аз хона баромад, мо худамон огоҳ нашудем. Аз ин рӯ гуфтам, дигар ӯро намехоҳам”, гуфт Давлатбеки Саймаъруф.

Давлатбек нахост чеҳрааш намоиш дода шавад
Давлатбек нахост чеҳрааш намоиш дода шавад

Давлатбек мегӯяд, боре, ҳангоме, ки ҳамсари бародараш дар хона набуд, аз Хушнуда хоҳиш кард, ки говро бидӯшад. Аммо ҳеҷ гоҳ нисбати вай хушунатро раво надидааст. Давлатбек иддао мекунад, ки “Хушнуда зиндагии шоҳона дошт”.

Баёноти хаттии Давлатбек: аз пули тӯй даст кашид

Хушнуда дар як сӯҳбати ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ охири ҳафтаи гузашта гуфт, баъди он ки ба хонаи модар дар шаҳри Кӯлоб баргашт, Давлатбек ва хешовандонаш аз онҳо талаб карданд, ки харҷи арӯсиро дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ баргардонад ва онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Худи Давлатбек дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба талаби пули маҳри арӯс гуфт, “азбаски бо пули қарзи бонк издивоҷ кардааст, аз ин рӯ сари қаҳру ғазаб пулро талаб кардааст”. Вай гуфт, бар ивази бахше аз ин маблағ як қисмати чизу чораашро қабул кард ва баёноти модари Хушнударо низ гирифт, ки “дар оянда даъво барнахезад”.

Бо ин ҳам ба гуфтаи Давлатбек вай ҳоло расман Хушунударо ҷавоб надодааст.

Хушнуда низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 27 ноябр гуфт, дар ҳақиқат баъди чанд рӯзи ҳодиса хонаводаи ҳасараш ба суроғи хонаи онҳо омада, дар як коғаз баёнот навиштанд, ки онҳо талаби пулу даъво надоранд.

Хоҷабегим Ниёзова, модари Хушнуда рӯзи 27 ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хонаводаи домод 26 ноябр омода бо Хушнуда ва онҳо суҳбат карданд ва дар як коғаз навиштанд, ки онҳо талаби пул надоранд.

Аммо падари Хушнуда баёноти навиштаи тарафи домодро қабул накардааст: "Хусуру хушдомани Хушнуда омаданд ва дар як коғаз гуё баёнот навиштаанд, ки мо даъвои пул надорем ва шумо низ баёнот нависед, ки даъвои чизу чораи духтар намекунед. Гуфтанд, ки мо дигар мақсади арӯсро бурдан надорем. Онҳо либосҳои Хушнударо оварданду бо духтар суҳбат карданд. Баъдан Хушнуда бо ғазаб гуфт, ки пас ингуна кор сурат гирад, “ҳаёти маро баргардонед. Пас кӣ ҷавоб мегӯяд?” Дигар онҳо хап карда баромада рафтанд", - гуфт мусоҳиби мо.

Дар ҳоле, ки Хушнуда баъди зиндагии нокомаш дар хонаи шавҳар дар ҳолати афсурдагиву ноумедии шадид ба сар мебарад, полиси Кӯлоб ин қазияро дигар таҳқиқ намекунад. Баъди дар ҳодисаи рӯзи 21 ноябр аз ошёнаи 7-уми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз худкушӣ наҷот ёфтани Хушнуда, ӯро ба идораи полис барои сӯҳбат ва баёнот бурда буданд. Баъди ин ҳарду ҷониб ҳам ба полис гуфтанд, ки аз даъво даст мекашанд.

Хушнуда дар сӯҳбо Радиои Озодӣ ишора кард, ки ҳамсарашро дӯст медорад ва агар умед ба зиндагии хубе бошад, омода аст ба хонаи ҳамсар баргардад.

Кумитаи занон: аз ин ҳодиса хабар надорем

Дар ҳамин ҳол масъулони бахши кор бо занони ҳукумати ноҳияи Восеъ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз қазияи Хушнуда изҳори беиттилоӣ карданд. Ҳафиза Сафарова, масъули бахши кор бо занони ҳукумати ноҳияи Восеъ рӯзи 27 ноябр гуфт, аз ин қазия огаҳӣ надошт, вале баъди муроҷиати Радиои Озодӣ ҳатман онро пайгирӣ хоҳанд кард.

Ҳукумати Тоҷикистон хабарҳо аз хушунати хонаводагӣ ва ҳодисаҳои худкушии занону духтаронро, ки соле беш аз 400 ҳодиса ба қайд гирифта мешавад, бо нигаронӣ қабул мекунад. Дар бисёр манотиқи Тоҷикистон гурӯҳҳои вижаи машваратӣ амал мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаи бештар, роҳ надодан ба озори бештари занон дар хонаи шавҳарон аз роҳи сӯҳбату машваратҳо бо мардум кор мекунанд.

Вокуниш ба қазияи Хушнуда

Арӯсии Хушнуда ва Давлатбек рӯзи 30-юми сентябр баргузор шуд. Хушнударо аз шаҳри Кӯлоб ба ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ хостгорӣ карданд. Вале, ба гуфтаи худи ӯ, хурсандиаш дер напоид ва зуд бо бархӯрди баду нороҳаткунандаи наздикони хонаи шавҳар рӯбарӯ гардид. Эродҳое, ки бисёр вақт аз ҷониби ҳевар ё ҳамсари бародари шавҳараш дар ошхонаву хонадорӣ эҷод мешуд, ба моҷарои байни ӯву шавҳар бадал мешуд. Аксари низоъҳо марбут ба кори хонаву дуруст анҷом додани он, мисли дӯшидани гов ва таҳияи ғизо бастагӣ дошт. Хушнудаи 18-сола мегӯяд, дар анҷоми бисёр корҳои шароити ҳавлӣ бетаҷриба аст.

Хонае, ки Хушнудаву Давлатбек дар он зиндагӣ мекарданд
Хонае, ки Хушнудаву Давлатбек дар он зиндагӣ мекарданд

Ҷомеашиносон ҳам мегӯянд, ки сабаби аксар ҳодисаҳои хушунатомез дар хона нофаҳмӣ ба ҳангоми анҷоми корҳои хона ва мушкилоти пуливу молӣ мебошад. Бархе хонандагони Радиои Озодӣ ҳам дар шарҳҳои худ навиштанд, ки хонаводаи домод бояд барои арӯси бетаҷрибаи 18-сола аз роҳи муомилаи хуб кори хонаву шеваи кор дар манзили шавҳарро раҳнамоӣ мекард, то арӯси ҷавонро аз зиндагӣ дилсард накунад. Аксари шореҳон хонаводаи домодро дар бемасъулиятӣ айбдор карданд.

Тобистони имсол як арӯси чилрӯзаи дигар аз ноҳияи Восеъ қасди ҷони худ кард ва дар бемористон ҷон дод. Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола дар як изҳороти пеш аз маргаш иқрор шуд, ки шубҳаи ҳамсар ба покдомании ӯ боис ба дилсардӣ аз зиндагӣ шуда, ахиран қасд ба ҷони худ кард. Моҳи августи имсол додгоҳи ноҳия ҳамсари ӯ Зафар Пировро бо иттиҳоми "то худкушӣ расонидан" ба мӯҳлати 7 сол маҳкум ба зиндон кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG