Пайвандҳои дастрасӣ

Хушнуда: "Вақти ширҷӯшӣ аз як сӯ гов мезад, аз сӯи дигар – шавҳар". ВИДЕО


Хушнудаи Файзалӣ ба саволҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода посух медиҳад. Аммо ӯ нахост, чеҳрааш нишон дода шавад

Хонаводаи шавҳари Хушнудаи Файзалӣ, зани ҷавоне, ки мехост аз ошёнаи ҳафтуми бинои Донишгоҳи Кӯлоб худро ба замин партофта, худкушӣ кунад, мегӯянд, дигар ӯро қабул надоранд. Хушнударо рӯзи 21-уми ноябр як омӯзгори донишгоҳ аз худкушӣ наҷот дод ва арӯси ҳаждаҳсола ба хонаи наздиконаш рафт.

Ҳоло хоҳишам ин аст, ки харҷи тӯйро баргардонанд. Ман 10 ҳазор сомонӣ аз бонк қарздорам. Зиёда аз 20 ҳазор барои тӯй сарф кардаам. Дигар мо ӯро ба хонаамон роҳ намедиҳем

"На ҷои рафтан, на пойи мондан"

Хушнудаи Файзалӣ, ки пас аз талоши худкушӣ дар як ҳолати нохубе қарор дошт, дар хонаи волидони ӯгаяш дар шаҳри Кӯлоб ба сар мебарад. Ӯ рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло каме ба худ омад.

Рӯзи 30-юми сентябр Хушнуда бо сад умед ба зиндагии хушу хуррам аз шаҳри Кӯлоб ба ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ арӯс шуд. Вале, ба гуфтаи худи ӯ, хурсандиаш дер напоид ва зуд бо бархӯрди баду нороҳаткунандаи наздикони хонаи шавҳар рӯбарӯ гардид. Эродҳое, ки бисёр вақт аз ҷониби ҳевар ё ҳамсари бародари шавҳараш дар ошхонаву хонадорӣ эҷод мешуд, ба моҷарои байни ӯву шавҳар бадал мешуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Хушнуда гуфт, “ҳеварам ҷанг меандохт. Рӯзе ғизо омода мекардам, ки ҳанӯз дегро таф надода, зани ҳеварам об рехт ва хӯрок хуб наомад. Маро пурсид, ки чаро хӯрок чунин аст? Шавҳарам таъна мезад, “ту зане нашудӣ, ки модарам маро барои ҳамсарам таъриф кунад”. Барои дӯшида натавонистани гов, пӯхта натавонистани нон ҷанҷол мекарданд.”

Модараш Хуҷабегим Ниёзова мегӯяд, чандин бор Хушнуда телефонӣ шикоят кардааст, ки ҳамсараш ба ӯ даст мебардорад. “Мегуфт, вақти ширҷӯшӣ аз як сӯ гов мезанаду аз сӯи дигар шавҳар, ки ӯро барои беҳунарӣ муттаҳам мекард”, - афзуд ӯ.

Хушнуда гуфтааст, дар хонаи шавҳар ҳарфҳои ноҷои дигар ҳам садо медод. Вай гуфт, “аввал шӯхӣ мефаҳмидам, вале ба такрор мегуфт, ки зани мусалмон бояд шавҳарашро зан диҳад. Дигар тоқат накардам ва як субҳ аз хона баромада ба хонаи модарам ба Душанбе рафтам. Онҷо мехостам, худамро дар дарёи Душанбе партоям, вале маро ба Кӯлоб баргардонданд”, - гуфт Хушнуда.

Бинои Донишгоҳи Кӯлоб
Бинои Донишгоҳи Кӯлоб

Хуҷабегим Ниёзова – модар ва дар асл холаи Хушнуда бо сабаби бефарзандӣ ӯро аз дасти хоҳар гирифта, мисли фарзанди худ калон кардааст. Хушнуда холаро “оча” ном мебарад, вале ба хонаи модари хунии худ дар Душанбе ҳам рафтуомад мекунад. Як ҳафта пеш аз кӯшиши худкушӣ, Хушнуда ба хонаи модари аслаш ба Душанбе меравад ва дар онҷо ба ӯ машварат медиҳанд, ки мушкилотро таҳаммул карда ба хонаи шавҳар баргардад. Вале ӯ ба хонаи модараш ба Кӯлоб бармегардад. Модараш дар Кӯлоб ҳам, ки мухолифи азҳампошии оилаи ҷавон будааст, ба Хушнуда машварат медиҳад, ки “ҷавонӣ накунад”.

Чанд рӯз пеш аз кӯшиши худкушӣ вақте барои рафтан ба хонаи шавҳар омода шуд, хушдоманаш дар сӯҳбати телефонӣ ба ӯ иҷозаи бозгашт надод. Хушнуда мегӯяд, дар ин ҳолат, худро танҳо ва ҳақир эҳсос кард ва дигар меҳраш ба зиндагӣ кам шуд.

Шавҳари Хушнуда: Ӯ бемории рӯҳӣ дорад

Хонаводаи шавҳари Хушнуда, ки аз ҳодисаи рӯйдода нороҳатанд, ба ҳақиқати худ пофишорӣ мекунанд. Дар ин хонавода мегӯянд, вазъи рӯҳии духтар хуб нест ва дар 50 рӯзи зиндагии ҷавонон дарк карданд, ки келинашон бемории рӯҳӣ дорад. Онҳо мегӯянд, дигар омода нестанд, ӯро қабул кунанд.

Давлатбеки Саидмаъруфи 25-сола, шавҳари Хушнуда рӯзи 23-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд шаб ҳамсараш хонаи хобро тарк карда, ба берун рафт ва онҳо дарк карданд, ки ӯ бемории равонӣ дорад.

Ӯ азияти ҳамсарашро рад мекунад, вале мегӯяд, пас аз фирор дигар ӯро ҳамчун ҳамсар намепазирад. “Ҳоло хоҳишам ин аст, ки маблағи барои тӯй сарф кардаро баргардонанд. Ман 10 ҳазор сомонӣ аз бонк қарздорам. Зиёда аз 20 ҳазор барои тӯй сарф кардаам. Дигар мо ӯро ба хонаамон роҳ намедиҳем”, - афзуд ӯ.

Давлатбек мегӯяд, агар ҳамсараш аз хонаи онҳо фирор намекард, онҳо ният доштанд ӯро табобат кунанд. Вай афзуд, “дар соати 3-и саҳар хеста, ба Душанбе рафтааст. Бо кӣ рафтааст, чӣ хел рафтааст, маълум нест. Дигар ба ӯ бовар намекунам, виҷдонам намебардорад, ки ҳамроҳаш зиндагӣ кунам. Ҳазор ронандаи чашмгуруснаи таксӣ ҳаст, ки дар ними шаб чӣ корҳое намекунанд”.

“Намехоҳам духтарам “бева” ном гирад”

Дар Тоҷикистон талоқ гирифтани духтарро як ҳодисаи бадномкунанда мепиндоранд. Аз ин рӯ, пайвандони духтар талош мекунанд, ба ҳар васила аз вайроншавии оила ҷилавгирӣ кунанд. Хуҷабегим Ниёзова, холаи Хушнуда, ки ӯро бузург кардааст, мегӯяд, аз як тараф азияти духтар дар хонаи шавҳарашро дарк мекунад, вале аз тарафи дигар намехоҳад, духтараш исми “бева”-ро бигирад.

Ӯ гуфт, тобистони имсол домод Хушнударо дар хонаи ҳамсоя дида, барояш хостгор фиристод. Ҳарчанд падари духтар ба ин кор муқобил буд ва нахост тӯй шавад, хонаводаи писар бо исрор ва ваъдаҳои зиёд онҳоро розӣ карданд. “Падараш вақте гуфт, ки ман розӣ нестам, мо ҳам гуфтем, ин ҳоло ба зиндагӣ омода нест ва аз ӯҳдаи баъзе корҳо намебарояд. Аммо ҷониби писар гуфтанд, ки мо меомӯзонем ва бояд тӯй шавад, ки писар ба Русия меравад. Духтар баъдан розӣ шуд, ҳарчанд мегуфт, намехоҳам. Тарафи писар хостгорӣ кардаву 13 ҳазор сомонӣ оварда ба мо доданд ва мо тӯй карда, ба хонаи домод гусел кардем”, - гуфт модари Хушнуда.

Пулис: парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст

Раҷаббии Хуршед
Раҷаббии Хуршед

Пулиси шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ҳодисаи талоши худкушии ин духтарро сабт кардаанд, вале бо тақозои пайвандони Хушнуда ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Як манбаъ аз пулиси шаҳри Кӯлоб гуфт, “баёноти падари духтарро гирифтаанд, ки ӯ аз хонаводаи шавҳари духтараш шикоят надоранд. Духтар ҳам шикоят надорад. Аз ин рӯ, ҳоло парванда боз нашудааст”.

Аз замони ҳодисаи талоши сӯиқасд се рӯз гузашт, вале на танҳо Хушнуда ба хонаи шавҳараш баргашт, балки ҳоло хонаводаи шаҳвар аз ӯ тақозои пас гардондани харҷи туйро доранд.

Зимнан, ин дувумин арӯси 18-сола дар минтақаи Кӯлоб дар як соли ахир аст, ки қасди ҷони худ мекунад. Аз ин пеш дар таърихи 22-юми июни имсол як арӯси чилрӯзаи дигар аз ноҳияи Восеъ қасди ҷони худ кард ва дар бемористон ҷон дода буд. Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола дар як изҳороти пеш аз маргаш иқрор шуд, ки шубҳаи ҳамсар ба покдомании ӯ боис ба дилсардӣ аз зиндагӣ шуда, ахиран қасд ба ҷони худ кард. Моҳи августи имсол додгоҳи ноҳия ҳамсари ӯ Зафар Пировро бо иттиҳоми "то худкушӣ расонидан" ба мӯҳлати 7 сол маҳкум ба зиндон кард.

Ҳоло Хушнуда низ мегӯяд, ки дар ду байни дарё мондааст ва намедонад зиндагиро чӣ гуна идома диҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG