Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падарҷон, афгор шудаам" -- охирин паёми Шаҳноза рӯи девор. САДО


Мақомоти ноҳияи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, ки ба таҳқиқи ҳодисаи худкушии эҳтимолии омӯзгори 26-солаи забони англисӣ пардохтаанд. Фарзияи аввалия ин аст, ки Шаҳноза Анварӣ бо рӯймоли сараш худро ба дор овехта, барои падар як паёме ҳам гузоштааст.

Ҷасади Шаҳноза Анварӣ, омӯзгори забони англисӣ аз ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, ки дар мактаби рақами 3-и ҳамин ҷамоат кор мекард, рӯзи 29 апрел дар оғили хонаи падараш пайдо шуд. Дар девори оғил навиштаҷоте бо як ҷумла - "Падарҷон, афгор шудаам", ошкор шудааст.

Фарзияи аввалия ин аст, ки Шаҳноза Анварӣ бо рӯймоли сараш худро ба дор овехта, барои падар як паёме ҳам гузоштааст.

Аз ҳукумати ноҳияи Вахш ва идораи маориф ва илми ин ноҳия мегӯяд, ки аз шунидани ин ҳодиса, ки ба бовари онҳо худкушӣ аст, бисёриҳо ҳайратзада шудаанд ва мунтазири он ҳастад, ки мақомоти тафтишот сабаби марги омӯзгори ҷавонро муайян кунанд.

Тахмина Азизова, роҳбари Идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Вахш рӯзи 1 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо ҳамаамон ҷойи ҳодиса рафтем, вале сабабашро муайян накардаан. Ҳоло пулис ҳам мегӯяд, ки сабабашро муайян накардаанд, ин ҳодисаи аввал аст дар соли 2017". Як мақоми дигар аз ноҳияи Вахш мегӯяд, ки дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Марги мармузи Шаҳноза Анварӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим

Шаҳнозаи Анварӣ, ки ду фарзанд дорад, шавҳарашро чаҳор моҳи пеш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия равон гусел карда буд. Ӯ худ ба хотири онки ҷойи кораш дар ноҳияи Вахш будааст, на дар хонаи шавҳараш шаҳри Қӯрғонтеппа, бо кӯдаконаш дар хонаи падар дар ноҳияи Вахш монд ва дар мактаби маҳаллӣ кор мекард. Дӯстону наздикони Шаҳнозаи Анварӣ мегӯяд, ки ӯ аз зиндагӣ шикоят надошт ва рӯзҳои ахир хушҳол ба назар мерасид ва агар ҳам худкушӣ карда бошад, сабабаш барои онҳо маълум нест.

Бинои ҳукумати ноҳияи Вахш.
Бинои ҳукумати ноҳияи Вахш.

Анвар Сафаров, падари Шаҳнозаи Анварӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло дар як ҳолати шок қарор дорад ва намедонад, ки чаро чунин ҳодиса рух дод. Анвар Сафаров ва дигар наздикон мегӯянд, ки Шаҳноза ҳеҷ душману мушкилоти молӣ надошт ва барои онҳо асрори бузург аст, ки чаро ҳаёти духтарашон бо фоҷеа анҷомид.

Анвар Сафаров мегӯяд, ки бегоҳи ҷумъа -- як рӯз пеш аз марги мармуз Шаҳноза хушҳол буд ва бо ӯ шӯхӣ мекарду механдид: "Намедонам, ки аз ки пурсам, ки чаро худушӣ кард? То нимашаб бо ман шӯхӣ карда хандид, ба ман боз супориш дод, парда харида буд барои хона, ба ҳамсоя дод, ки дӯзад. Субҳ хеста фикр кардем, ки дасту рӯяшро мешӯяд. Худо медонад, ки чӣ муносибат дошт бо шавҳар, чизе намегуфт. Духтарамонро мисли мағзи нон дӯст медоштанд, ҳайронанд, ки чаро ин корро кардааст. Дар якҷо навиштааст, ки "Падарҷон афгор шудаам", дар девор навиштааст."

Анвар Сафаров мегӯяд, ки духтараш аз кор дар мактаб розӣ буду аз зиндагии хонаводааш ва ҳам вазъи молӣ зоҳиран шикояте надошт. Ҳоло ӯ низ мехоҳад натиҷаи санҷиши судиву тиббиро дар ин замина бифаҳмад.

Басгул Қосимова, мудири мактаби рақами 3-и ноҳияи Вахш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳноза баъди таваллуди фарзанд ба кор омада, бо ӯ 8 моҳ шуда буд, ки кор мекард ва муносибат бо дӯстону ҳамкоронаш хуб будааст: "Духтари шӯх буд, муносибати хуб дошт ва дилёб буд. Ҳоло ҳама барои ӯ гиря мекунанд. Бо ман 8 моҳ шуд, ки кор мекард ва аслан аз зиндагӣ шикоят надошт ва дар кораш эҳсос намешуд, ки мушкил дорад. Дар зиндагӣ ҳеҷ камбудӣ надоштааст, хонаи хуб доштааст ва зиндагиаш хуб буд."

Мақомот дар водии Вахш мегӯяд, ки бори аввал худкушии як омӯзгорро дар минтақа сабт мекунад, ки нигаронкунада мебошад. Раъно Раҳимова, сардори идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон гуфт, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 9 ҳолати худкушӣ сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2012, ду ҳолат кам будааст. Хонуми Раҳимзода мегӯяд, ки дар бештари ҳолат заноне, ки худкушӣ мекунанд, маърифати хуб надорад ва гирифтори бекории равонӣ ҳастанд.

Дар ҳоле, ки мақомот аз худкушии як омӯзгор хабар медиҳад, дар соли ҷорӣ дар Хатлон худкушии донишҷӯн дар донишгоҳо низ сабт шудааст. Мақомоти Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа моҳи феврали соли ҷорӣ аз худкушии Ҷӯрабек Олимов, донишҷӯи соли чоруми факултаи кимиёи ин донишгоҳ хабар доданд, ки дар хобгоҳ ҷон бохта буд. Нафиса Абдуллоева, як донишҷӯи дигари соли аввали Донишгоҳи давлатии Данғара низ худро аз ошёнаи 5-ум партофта буд.

Додситонии вилояти Хатлон
Додситонии вилояти Хатлон

Тибқи иттилои расмӣ аз додситони вилояти Хатлон, дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон шаш ноболиғ худкушӣ кардааст, ки аксарият хонандагони мактабҳо будаанд. Дар ҷамъбасти 3-моҳаи додситонии вилояти Хатлон гуфта шудааст, ки худкушии ҷавонон ва ноболиғон ташвишовар мебошад. Ин гузориши додситонӣ мегӯяд, ки 28 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ сабт шудааст, ки 8 мард ва 14 зан ба ҳалокат расидаанд. Дар ин миён 7 нафарашон ноболиғон буда, 6 нафари онҳо хонандагони мактаб будаанд.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар Хатлон мегӯяд, ки солҳои пеш занон аз мушкили фақру нодорӣ, иҷтимоӣ ё хушунату зӯровари ба ҷони худ қасд мекарданд, вале солҳои ахир мардҳо, ноболиғон қасди ҷони худ мекунанд. Дар аксар ҳолатҳо сабабҳои худкушиҳо норӯшан мемонад ва бештари онҳое, ки даст ба ин кор мезананд, гирифторони бемории равонӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG