Пайвандҳои дастрасӣ

Ба қотили Нозима 10 соли зиндон, ба шарикаш 20 сол доданд. ВИДЕО


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон. 28 апрели 2017

Абдуқосим Норматов, муттаҳами аслӣ дар қатли Нозима Исомиддиноваи 17-сола, сокини ҷамоати Сешанбеи ноҳияи Турсунзода, ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 апрел шарики ӯ Раҳимҷон Комиловро барои 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Абдуқосим Норматов ва Раҳимҷон Комилов – ду ҳамсинф ва сокинони ноҳияи Турсунзода –бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштор”, гунаҳкор дониста шуданд.

Ба делели шубҳаи додситонӣ ва шикояти хонавода, парванда аз рӯи куштор боз шуда ва ҷасади духтар барои ташхис аз хок берун оварда шуд

Ба суоли инки чаро ба муттаҳами аслӣ даҳ ва ба шарикаш бист соли зиндон таъин шуд, мақомот гуфтанд, ки Абдуқосим Норматов дар рӯзи куштор ҳанӯз ноболиғ будааст.​ Қаблан айбдоркунандаи давлат аз Додгоҳи олӣ барои Абдуқосим Норматов 10 соли зиндон, вале барои шарики вай Раҳимҷон Комилов 22 сол ҳукми зиндон талаб карда буд.

Додгоҳ, инчунин, Мирзомуддин Мирзораҳимов, мудири, инак, собиқи шӯъбаи ташхиси тиббиву судии ноҳияи Турсунзодаро барои пешниҳоди ташхиси бардурӯғ, шартан барои ду сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҷасади Нозима Исомиддинова рӯзи 4 феврали имсол дар яке аз майдонҳои кишти ноҳияи Турсунзода бо 15 захми корд ошкор шудааст. Хонаводааш мегӯянд, он бегоҳ духтар дар хонаи падарбузургаш буда ва Абдуқосим Норматову ҳамроҳаш вайро бо ҳадафи гуфтугӯ ба берун бурдаанд.

Нозима
Нозима

Ба қавли волидони ин духтари ноболиғ, дар аввал ташхиси тиббии ҷиноӣ иллати марги ӯро худкушӣ эълон кард. Мирзомуддин Исомиддинов, бобои духтар, ба суоли мо, ки оё худашон захми кордро дар ҷасад надида буданд, гуфт, “ҷасадро соати чаҳори рӯз дода таъкид карданд, ки зуд ба хок супорем. Мо ҷасадро дар зери рӯшноии чароғак ба хок супурдем.”

Мирзомиддин Исомиддинов
Мирзомиддин Исомиддинов

Баъдан ба делели шубҳаи додситонӣ ба ташхиси ҷиноӣ ва шикояти хонавода, парванда аз рӯи куштор боз шуда ва ҷасади духтарро барои ташхис аз хок берун овардаанд. Дертар Додситонии шаҳри Турсунзода бо такя ба тафтиши пешакӣ гуфт, ки духтар қурбонии “як моҷарои ошиқона” шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, робитаи ошиқонаи Нозимаи 17-сола бо хонандаи синфи 11-и як мактаб баъдан ба ҷанҷол печид ва боис ба кушта шуданаш шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG