Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳикматулло Шарипов чаро қасд ба ҷони худ кард? САДО


Бинои шаҳрдории Душанбе
Бинои шаҳрдории Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гузашти чаҳор рӯз қасди худкушии Ҳикматулло Шарипов, сокини 37-солаи Ваҳдатро дар наздикии бинои шаҳрдории Душанбе тасдиқ кард, вале гуфт, ки ин ҳодиса ба қазияи манъи ҳаракати таксиҳои арзон дар пойтахт рабт надорад. Мақомоти умури дохилӣ рӯзи 15 апрел бо пахши изҳороти расмӣ гуфтанд, қасди худкушии Шарипов аз ҷанҷолу ҷудошавии ӯ аз ҳамсараш Шаҳноза Муъминова сарчашма мегирад. "Ҳодисаи рухдода аз рӯи ахбороти паҳншуда ба ронандаи таксӣ ягон алоқамандӣ надорад", - гуфтанд онҳо.

Табибон рӯзи 14 апрел вазъи Ҳикматуллоро муътадил арзёбӣ карда, вале гуфтанд, ки бинобар захм бардоштан аз гулӯ, суҳбат карда наметавонад. Ҳуҷрае, ки Ҳикматулло Шарипов бистарист, таҳти назорати пулис қарор дорад ва даромадан ба наздаш имконпазир нест.

Дар изҳороти ВКД гуфта шудааст, "рӯзи 11.04.2017, соати 16-30, Шарипов Ҳикматулло Неъматович, соли таваллудаш 29.03.1980, ҳангоми гузаштан аз назди бинои Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе қисми пеши гарданашро бурида, дар беморхонаи марказии шаҳраки тиббӣ бистарӣ гаштааст. Дар натиҷа маълум гардид, ки аз соли 2014 бо се фарзанд бинобар муноқишаҳои доимӣ аз ҳамсараш Муъминова Шаҳноза ҷудо шуда, ба сохторҳои давлатӣ мунтазам муроҷиат кардааст."

Мақомот мегӯянд, дар чанд соли охир Ҳикматулло Шарипов "дар натиҷаи муноқиша бо модарарӯсаш Улматова Эътибор, хонаи ӯро оташ зада, бо моддаи 255-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Бинобар дар ҳолати руҳии носолим қарор доштанаш кӯшиши ба худкушӣ даст задан намуд, ҳоло бошад дар беморхона дар ҳолати муътадил қарор дорад."

Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҳикматулло Шарипов, ронандаи таксие, ки шоми сешанбе гӯё ба нишони эътироз алайҳи манъи “таксиҳои арзон” дар назди бинои шаҳрдории Душанбе қасд ба ҷони худ карда буд, зинда аст ва дар бемористони “Шаҳраки тиббӣ”-и пойтахт бистарӣ мебошад. Табибон рӯзи 14 апрел вазъи ӯро муътадил арзёбӣ карда, вале гуфтанд, ки бинобар захм бардоштан аз гулӯ, суҳбат карда наметавонад. Ҳуҷрае, ки Ҳикматулло Шарипов бистарист, таҳти назорати пулис қарор дорад ва даромадан ба наздаш имконпазир нест.

Ҳикматулло Шарипов чаро қасд ба ҷонаш кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00
Линки мустақим

Ҳафтаи гузашта мақомоти интизомӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе таксиҳои маъруф ба “се сомонӣ”-ро аз ҳаракат дар кӯчаҳои марказӣ боз дошта, баъзеи онҳоро ба ҷаримагоҳҳо бурда буданд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи “талоши худкушӣ” парванда боз карда ва қазияро таҳқиқ дорад. Вале қаблан ҳам дар шаҳрдории пойтахт ва ҳам Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳақиқати ин ҳодисаро рад карда буданд.

Хабари гӯё қасди худкушӣ ва ҳамин тавр фавти ронандаи таксии “3 сомонӣ” дар назди бинои шаҳрдории пойтахт як рӯз пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Баъзе аз корбарон гуфтанд, ки як ронандаи таксӣ бегоҳии 11 апрел ба нишони эътироз аз манъи ҳаракати таксиҳои “3 сомонӣ” дар пойтахт дар назди бинои шаҳрдорӣ қасд ба ҷони худ қасд карда ва ҳатто даргузаштааст. Аммо табибон мегӯянд, ки Ҳикматулло Шарипов субҳи 14 апрел аз утоқи эҳё берун оварда шуд ва вазъи саломаташ рӯ ба беҳбуд овардааст.

Саҳни бемористони маъруф ба "Медгородок" (Шаҳраки тиббӣ)
Саҳни бемористони маъруф ба "Медгородок" (Шаҳраки тиббӣ)

Ҳафтаи гузашта мақомоти интизомӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе таксиҳои маъруф ба “се сомонӣ”-ро аз ҳаракат дар кӯчаҳои марказӣ боз дошта, баъзеи онҳоро ба ҷаримагоҳҳо бурда буданд. Мақомоти умури дохилӣ далели ин иқдомро “пешгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе” гуфта буданд.

Таксиҳои арзон ё “3 сомонӣ” чанд сол боз дар Душанбе маъруфанд ва бархе аз сайёҳони хориҷӣ онро рамзи пойтахти Тоҷикистон гуфта буданд. Ин таксиҳо дар муқоиса ба нақлиёти ҷамъиятии пойтахт мусофиронро зудтар аз ҷое ба ҷое расонда, барои соҳибони худ манбаи даромад буданд. Вале мақомот мегӯянд, ки ин таксиҳо ғайриқонунӣ фаъолият доштанд.

XS
SM
MD
LG