Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: Рафтори Шоҳ Искандарзода аз рӯи қонун буд


Шоҳ Искандарзода. Акс аз tojnews.org
Шоҳ Искандарзода. Акс аз tojnews.org

Тафтиши думоҳаи куштори як гаравгонгир дар Турсунзода қонунӣ будани тасмими сардори полиси ин шаҳрро тасдиқ ва генерал Шоҳ Искандарзодаро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як манбаи наздик ба тафтишот ба шарти ифшо нашудани номаш хабар дод.

Ҳодисаи гаравгонгирии навраси 17-сола, ки бо наҷоти ҷони Азимҷон Узоқов ва марги яке аз гаравгоргирҳо анҷомид, рӯзи 6 декабри соли 2016 рух дод. Дар лаҳзаи наҷоти наврас аз дасти гаравгонгирҳо яке аз масъулини амалиёт – сардори полиси шаҳри Турсунзода бо тири туфангаш яке аз мардони гаравгонгирро ба ҳалокат расонд. Вай гуфт, ки замони ба дохили ҳуҷраи нигаҳдории гаравгон ворид шудани полис, мард ба гулӯи навраси гаравгонаш корд гузошта таҳдиди куштори ӯро кард ва Искандарзода ба хотири ҷони тифл маҷбур шуд ӯро нобуд кунад.

Дар сурати пешгирӣ кардан аз ҳаракати хавфнок, барои муҳофизати шаҳрвандон аз ҳуҷум, барои дастгир кардани шахсе, ки муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳад...ба корманди пулис иҷозаи истифодаи силоҳи оташфишон дода мешавад

Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон дар паи ҳодисаи наҷоти наврасе аз дасти гаравгонгирҳо дар баробари тафтиши ин қазия, машғули таҳқиқи амали сардори полис Шоҳ Искандарзода ҳам буданд, ки дар лаҳзаи анҷоми амалиёт аз силоҳ истифода кардааст. Ҳоло, мегӯянд мақомот, Искандарзода аз пайгарди ҷиноӣ озод аст ва рафтори ӯ аз рӯи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”, яъне “истифодаи яроқи оташфишон” дуруст ва қонунӣ арзёбӣ шудааст.

Азимҷон Узоқов
Азимҷон Узоқов

Дар паи амалиёти наҷот, як гаравгонгир кушта ва ду нафари дигарашон боздошт шуданд. Дар шарҳи қазия гуфта мешавад, ки субҳи ҳамон рӯз гурӯҳи гаравгонгирҳо Азимҷонро дар роҳ ба мактаб ба мошини худ савор карда ба ҷои дигар бурданд ва баъдан ба волидонаш занг зада гуфтанд, ки барои ҷони фарзандашон 100 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кунанд. Дар давоми он рӯз гаравгонгирҳо макони пинҳоншавии худро чандин бор иваз карданд ва ниҳоят мулоқот барои гирифтани пул ва бозгардони кӯдакро ба шоми дер дар яке аз манзилҳои сохтмони бисёртабақаи шаҳри Турунзода таъйин карданд. Амалиёти раҳоии тифлро раҳбарият ва ходимони полиси шаҳри Турсунзода ба роҳ монданд.

Шаҳри додситонӣ: Истифодаи силоҳ шартҳои худро дорад

Як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон бидуни ифшои ном гуфт, пас аз кушта шудани як гаравгонгир додситонӣ аз рӯи салоҳиятҳои худ ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кард ва тасмим гирифт, ки амалкарди нобуд кардани яке аз гаравгонгирҳо аз ҷониби Шоҳ Искандарзода таҳқиқ шавад. Баъди ду моҳи тафтиш, додситонӣ ба хулосае расидааст, ки зимни тир холӣ кардан ба сӯи гаравгонгир Шоҳ Искандарзода қонунро нақз накардааст.

Саҳнаи боздошти яке аз гаравгоргирҳо
Саҳнаи боздошти яке аз гаравгоргирҳо

“Тафтиш собит кард, ки бинобар корд гузоштани гаравгонгир ба гулӯи навраси ба гаравафтода, ҷуз тир холӣ кардан ба сӯи ӯ роҳи дигаре вуҷуд надошт. Дар сурати пешгирӣ кардан аз ҳаракати хавфнок, барои муҳофизати шаҳрвандон аз ҳуҷум, барои дастгир кардани шахсе, ки муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳад ва ба ҳаёти корманди пулис ё нафари дигар таҳдиди марг мекунад, ба корманди пулис бо додани ҳушдор иҷозаи истифодаи силоҳи оташфишон дода мешавад”, шарҳ дод ҳамсӯҳбати радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, пас аз ин ҳодиса Шоҳ Искандарзода фавран аз кушта шудани гаравгонгир додситони ноҳияро огоҳ кардааст. Додситонӣ ин ҳолатро низ санҷидааст, ки то куҷо корди дасти гаравгонгир ҳамчун силоҳи сард ба ҳайёти навраси ба гаравуфтода хатар дошта, истифодаи силоҳи оташфишон мантиқӣ будааст.

Шоҳ Искандарзода шарҳ намедиҳад

Талошҳои мо барои тамос бо Шоҳ Искандарзода, сардори пулиси шаҳри Турсунзода барои тафсилоти бештар натиҷа надод.

Азимҷон Узоқов, хонандаи мактаб-литсеи президентии шаҳри Турсунзодаро соати 12 шаби 6 уми декабр аз чанги гаравгонон озод карда буданд. Ин наврас дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ду рӯз баъдаш гуфт, дар роҳ ба мактаб мошини “Тико” дар наздаш истод ва номи ӯро гирифтаву аз падараш ҳам ёд карда, ба ӯ пешниҳоди то мактаб расиданро кард. Дар дохили мошин ба кӯдак корд гузошта таҳдид карданд, ки бо онҳо меравад ва дар як манзиле дар канори шаҳри Турсунзода ба падараш телефон ва табдили писарро бо 100 ҳазор доллар пешниҳод карданд. Амалиёти раҳосозии тифл соати 11 шаб бомуваффақият анҷом шуд.​

Азимҷон: "Ба марди ношинос бовар карда ба "Тико" нишастам..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00

9 соли зиндони як зани гаравгонгир

Ҳодисаи гаравгонгирии Азимҷон аввалин ҳодисаи кӯдаконро ба гарав бурдани ҷинояткорон нест. Охири моҳи октябри соли 2016 додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсовро дар охири моҳи октябри соли равон барои гаравгонгирии духтарчаи ҳафтсола дар пойтахт мутаносибат ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин ҳодиса, ки ҳамчунон бо хушӣ анҷомид, нақши ронандаи такси ва ҳамзамон як корманди ВКД муҳим буд, ки тасодуфан аз ҷараёни ин ҷиноят огоҳ буд ва сари вақт дар бораи ҷинояти тарҳрезишуда мақомотро хабардор кард. Духтарчаи 7-сола баъди ним соати рабуда шуданаш озод ва гаравгонгирҳо дастгир шуданд.

Нопадидшавии Сабинаву Малика ҷомеаи Тоҷикистонро таконзада кард
Нопадидшавии Сабинаву Малика ҷомеаи Тоҷикистонро таконзада кард

​Се сол пеш ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нопадидшавии ду амакбачаи сокини Душанбе - Сабинаву Малика Араловаҳо таконзада шуд, чун баъди ҷустуҷӯҳои дурударози сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам аҳли ҷомеа, аз онҳо ҳеҷ нишонае то ба ҳол пайдо нашудааст.

Аммо тавре намояндагони мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ба истиснои як ва ё ду ҳодисаи гаравгонгирии охир, таи як даҳсола мешавад, ки ҳодисаҳои кӯдакрабоӣ бо ҳадафи талаби пул ба қайд гирифта нашудааст. Ҳодисаҳои гаравгонгирие, ки солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷой дошт, назири ҳодисаи гаравгонгирии гурӯҳи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ва кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1997 аз ҷониби гурӯҳи Ризвон Содиров, бештар хусусияти сиёсӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG