Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳикматулло Шарипов дар куҷост? Хона ё бемористони рӯҳӣ?


Манзили Ҳикматулло Шарипов дар кӯчаи Қодир Ҳабибӣ 2, маркази шаҳри Ваҳдат, воқеъ аст

Ҳикматулло Шарипов – сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат – ки рӯзи 11 апрел дар назди бинои ҳукумати Душанбе бо сабабҳои то ҳол номаълум бо корд гарданашро чок карда буд, барои табобати равонӣ фиристода шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 30 апрел гуфтанд, ки Ҳикматулло ҳафтаи гузашта аз "Шаҳраки тиббӣ"-и пойтахт ҷавоб шуд ва ҳоло дар бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад.

Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки бинои шаҳрдорӣ дар ҳудудаш воқеъ аст ва қасди худкушии Ҳикматулло дар онҷо сурат гирифтааст, дар робита ба ин ҳодиса парванда боз намуда ва қазияро тақҳиқ дорад.

Як ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 30 апрел гуфт, бино ба хулосаи табибон вай дар ҳолати бади равонӣ қасд ба ҷонаш кардааст ва ба машварату табобати пизишкон ниёз дорад. "Вай дар пайи мушкили хонаводагӣ ва ҷанҷол бо ҳамсар сахт асабонӣ шудааст. Дар ҳолати бади равонӣ аст. Баъзан "контрол"-и худро аз даст медиҳад. Барои ҳамин, пизишкон роҳхат навиштанд, ки ӯ як давра табобат бигирад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Вале хонаводаи Ҳикматулло Шарипов дар куҷо будани ӯро нагуфтанд. Танҳо таъкид карданд, ки феълан ӯ дар манзилашон дар шаҳри Ваҳдат нест, балки дар як хона дар Душанбе қарор дорад. Мақомот низ расман дар бораи Ҳикматулло Шарипов ва ҳамин тавр таҳқиқи ҳодисаи қасди худкушӣ дар назди бинои шаҳрдорӣ чизе нагуфтанд.

Бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбе
Бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбе

Ҳикматулло Шарипов, сокини кӯчаи Қодир Ҳабибӣ 2, ноҳияи Ваҳдат дар нимаи дувуми рӯзи 11 апрел дар назди бинои ҳукумати шаҳри Душанбе бо корд гарданашро чок кардааст. Дар аввал ин сарусадо дар чархиш буд, ки гӯё ӯ ба нишони эътироз аз манъи фаъолияти таксиҳои “се сомонӣ” дар пойтахт қасд ба ҷони худ намуд.

Волидони Ҳикматулло хабари гӯё ронанади таксии «се сомонӣ» будани ӯро рад карданд. Ба қавли онҳо, Ҳикматулло як муддат ба ҳайси устои мошин кор карда ва пеш аз ин ҳодиса ҳамроҳи бародараш дар ҷустуҷӯи мусофирбари навъи “Газел” будааст, то ба иҷора гирифта кор кунанд.

Манзили волидони Ҳикматулло Шарипов
Манзили волидони Ҳикматулло Шарипов

Хонаводааш мегӯянд, Ҳикматулло соҳиби се фарзанд буд ва ду соли қабл аз ҳамсараш ҷудо шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам рӯзи 15 апрел дар изҳороти расмӣ қасди худкушии Ҳикматулло Шариповро дар назди бинои шаҳрдории Душанбе тасдиқ карда, вале гуфта буд, ки қазия на ба масъалаи манъи таксиҳои арзон, балки ба ҷанҷоли хонаводагиаш марбут аст.

“Ҳикматулло баъди ҷудоӣ аз ҳамсараш дар натиҷаи муноқиша бо модарарӯс хонаи ӯро оташ зада, бо моддаи 255-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Бинобар дар ҳолати руҳии носолим қарор доштан кӯшиши ба худкушӣ даст задан намуд ва ҳоло бошад дар беморхона дар ҳолати муътадил қарор дорад”, - таъкид шудааст дар изҳороти Вазорати умури дохилӣ.

Бо ин вуҷуд, бино ба иттилои дарёфтӣ, Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки бинои шаҳрдорӣ дар ҳудудаш воқеъ аст ва қасди худкушии Ҳикматулло дар онҷо сурат гирифтааст, дар робита ба ин ҳодиса парванда боз намуда ва қазияро тақҳиқ дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG