Пайвандҳои дастрасӣ

Пайвандони Ганҷина Ашӯралиева, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнае дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш, субҳи нуздаҳуми сентябр ҷасади ӯро бо нишонаҳои худкушӣ дар анбори хонаашон пайдо карданд. Мақомоти пулис гуфтанд, ки ҳанӯз сабаби марги ин духтари ноболиғ рӯшан нашудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Ҳеҷ нома ё паёме низ аз Ганҷина намондааст.

Духтарам сиҳат буд ва кор мекард. Ман асбоби кафшергарии ҳамсояро оварда будам ва хостам, ки ба соҳибаш расонам. Дар ҳамон ҷо ба ман хабар оварданд, ки Ганҷина худро овехтааст.

Хабари марги мармузи Ганҷина дар ҳолест, ки ҳанӯз панҷ моҳ пеш як омӯзгори 26-солаи мактабе дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш низ худкушӣ кард. Дар хулосаҳои расмии таҳқиқот сабаби марги Шаҳноза Анварӣ бемории рӯҳӣ зикр шуда буд.

Баъд аз хоксупории Ганҷина наздикони ӯ – волидон, бародарон ва, инчунин, омӯзгорони мактаб ба саволҳои тафтишот дар бораи сабабҳои эҳтимолии марги ин наврас посух гуфтанд. Саидвалӣ Ашӯралиев, падари Ганҷина, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки духтараш субҳ хушҳол ба назар мерасид ва ба шустани косаву табақ банд буд.

"Духтарам сиҳат буд ва кор мекард. Ман асбоби кафшергарии ҳамсояро оварда будам ва хостам, ки ба соҳибаш расонам. Дар ҳамон ҷо ба ман хабар оварданд, ки Ганҷина худро овехтааст. Омадам, ки дар рӯи кат гузоштаанд. Дилаш дигар наметапид”, - нақл кард ӯ.

Нафаре, ки шояд охирин шуда Ганҷинаро зинда дидааст, тағояш Абдусаттор аст. Ӯ гуфт, чанд лаҳза пеш аз худкушӣ Ганҷинаро дидааст, ки дар лаби об буд ва косаву табақ мешуст.

Наздикони Ганҷина мегӯянд, агар ӯ мушкиле дошт, барояшон нагуфт ва ин розро бо худ бурд.

Манзили Ашӯралиевҳо дар назди мактаби рақами 7-и ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш воқеъ аст ва марги ин хонандаи мактаб тамоми омӯзгорону шогирдонро дар ҳолати парешонӣ гузошт. Як омӯзгори матабе, ки Ганҷина Ашӯралиева дар онҷо таҳсил мекард, гуфт, ӯ барои ду рӯз аз мактаб ҷавоб гирифта буд. Ганҷина ба ин омӯзгор аз саломаташ шикоят карда гуфтааст, вазъи чандон хубе надорад.

Хонаводаи Ганҷина мегӯяд, духтарашон чанд рӯзи ахир танҳо ду соати аввали дарсро хонда, ба хона меомад ва бештар хоб мекард.

Ҳодисаҳои пайиҳами худкушӣ мақомоти маҳаллиро ҳам шадидан нигарон кардааст.

Ганҷина Ашӯралиева ягона духтари оила буд. Ӯ се бародари аз худаш хурд дорад. Масъулини ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ мегӯянд, ки хонаводаи Ганҷина Ашӯралиева зиндагии миёнаҳолона дошта, падараш дар як корхонаи таъмири мошин кор мекунад. Онҳо орзу доштанд, ки Ганҷина хонда пизишк шавад, вале акнун ин орзуро ба хок бурдааст.

Давлатмоҳ Файзова, мудири мактаби рақами 7, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Ганҷина Ашӯралиеваро ҳамчун як хонандаи фаъол ва хушмуомила медонист ва ҳеҷ бовар намекунад, ки ӯ метавонист қасди ҷони худ кунад. Давлатмоҳ Файзова гуфт, Ганҷина як духтари зебо ва хандонрӯй буд ва дар лаҳзаҳои пешвози меҳмонҳои мактаб ӯро ҳамчун як шогирди фаъолу намунавӣ барои истиқбол ҷалб мекарданд. "Субҳ ҷонишинам омада гуфт, ки Ганҷина худашро куштааст. Соати 7 буд. Рафтем, ки аллакай мардум ҷамъ шудааст. Дилам ба ин духтар хун мегиряд. Субҳ ҳама корҳоро кардааст, ба бародаронаш ширчой кардааст, вале ширчойи худро нахӯрда, худкушӣ кардааст", - гуфт ӯ.

Ноҳияи Вахш
Ноҳияи Вахш

Мудири мактаб гуфт, ки бисёр мехоҳад ин қазия мӯшикофона таҳқиқ шавад, то мардум ҳақиқати ҳодисаро бифаҳманд.

Панҷ моҳ пеш ҳодисаи марги омӯзгори забони англисӣ барои сокинони ҷамоати Рӯдакӣ як зарбаи сахте шуд. Шаҳнозаи Анварӣ дар мактаби рақами 3 дарс медод. Ҷасади ӯ, ки зоҳиран ба дор овезон буд, дар хонаи падар охири моҳи апрели имсол пайдо шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар номаи охирин омӯзгори ҷавон се калима навишта шуд: "Падарҷон, афгор шудам." Таҳқиқи расмӣ ба хулосае омад, ки ин модари ду фарзанд бар асари мушкилоти равонӣ худкушӣ кардааст.

Ҳодисаҳои пайиҳами худкушӣ мақомоти маҳаллиро ҳам шадидан нигарон кардааст. Дар ҷамъбасти семоҳаи кори додситонии вилояти Хатлон гуфта шуда буд, ки аз 28 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ 14 ҳолат аз ҷониби занону духтарон анҷом гирифт. 7 нафари онҳо ноболиғ мебошанд.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар Хатлон мегӯянд, ки дар бисёр ҳолатҳо сабаби худкушии занон мушкили марбут ба фақру нодорӣ ва хушунату зӯроварӣ дар хона мебошад. Дар ҳоле ки бархе қазияҳо ба ҷой доштани гуноҳи шавҳарон дар ҳолати то худкушӣ расондани ҳамсаронашон ишора мекунад, аксари дигар ҳодисаҳо ё нокушода мемонад ваё қурбониҳои худкушӣ гирифтори бемории равонӣ эълон мешаванд. Санҷиши дурустии ин қазияҳо тавассути манобеъ ё таҳқиқоти мустақил имкон надорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG