Пайвандҳои дастрасӣ

Худкушӣ ба ҷойи қатл. Боздошти коршинос барои гувоҳии бардурӯғ (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ

Додситонии шаҳри Турсунзода мегӯяд, таҳқиқи парвандаи мудири собиқи маркази ташхиси тиббию судӣ, ки дар пинҳон кардани қатли духтари наврас бо баҳонаи “худкушӣ” муттаҳам мешавад, дар ҳоли анҷомёбист ва ба зудӣ ба додгоҳ фиристода мешавад. Тафтишоти пешакӣ мегӯяд, ки Мирзомуддин Мирзораҳимов дар ташхиси бардурӯғи сабабҳои марги духтари наврас, ки дар асл кушта шуда буд, гунаҳгор мешавад. Дар сурати собит шудани гуноҳаш, Мирзораҳимовро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳоло ӯ дар боздошт аст.

Қатли духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода дар рӯзи 2-уми феврал яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар матбуоти кишвар буд.

Баъди муроҷиати хешовандони қурбонӣ, ки ба худкушии ин духтари наврас бовар накарданд, Додситонии кулл тасмим гирифт ҷасадро аз дохили қабр берун карда, асли қазияро таҳқиқ кунад. Аз рӯи ҳодисаи қатл ва оташ задани ҷасади ин духтар, ду ҷавон боздошт шуда буд. Боздошти мутахассиси тиббии 62-сола, сеюм боздошт дар амри таҳқиқи ин ҳодиса мебошад. Мавқеи ҷониби боздоштшуда ба ин қазия феълан мушаххас нест, аз ҷумла, маълум нест, ки чаро ин мутахассис сабаби аслии ҳалокати наврасро худкушӣ навишта буд.

Ноболиғи кушташуда И.Н.-и 16-сола ном бурда мешавад ва сабаби маргаш -- як моҷарои ошиқона ва вуҷуди баҳсҳои ахлоқии паёмадҳои робитаҳои ишқӣ гуфта мешавад.

Гувоҳии бардурӯғ

Мирзошариф Шарифзода, сарпрокурори шаҳри Турсунзода рӯзи 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, мудири Шуъбаи ташхиси тиббӣ-судии шаҳри Турсунзода танҳо пас аз иқрор шуданаш дар нисбати вай парванда боз карда шуд ва худи ӯ дастгир гардид: “Мо вақте ташхис гузарондем ва санҷидем ва вақте, ки ҳодиса ошкор шуд ва маълум шуд, ки ин ташхис нодуруст будааст, чӣ хел эксперти калон ба гардан намегирад? Агар иқрор намешуд, мо парванда боз карда наметавонистем.”

Дар Сапрокуратураи ноҳияи Турсунзода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тафтишот бояд ба саволи аслии “сабаби пинҳон кардани куштори наврас” аз ҷониби ин мутахассиси тиб ҳам посух диҳад. Мақомот мегӯянд, нисбати Мирзомуддин Мирзораҳимов бар асоси моддаи 351-и Кодекси ҷиноӣ ва ё хулосаи ғалат додани коршинос ҳангоми таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст. Дар сурати тасдиқ шудани иттиҳомот, мумкин аст Мирзомуддин Мирзораҳимовро то 5 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

Мирзошариф Шарифзода афзуд, паврвандаи ду ҳаммактаби духтари ноболиғ, ки дар куштори ӯ гумонбар мешаванд, ҳамчунин тақрибан анҷом ёфтааст ва дар рӯзҳои наздик барои муҳокима ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.

Ба қавли вазорати дохила, мудири 62-солаи марказ, “ҳангоми ташхиси тиббӣ-судии ҷасади духтари 17-солаи шаҳри Турсунзода, ки бо зарби корд кушта шуда буд, “дониста хулосаи бардурӯғи тиббӣ додааст, ки гӯё духтари ноболиғ худро оташ зада куштааст.” Айни замон Мирзомуддин Мирзораҳимов дар боздошт аст ва таҳқиқи парвандаи ҷиноии ӯ идома дорад. Умарҷон Эмомалӣ дар робита ба ин ҳодиса гуфт, маълумоти боздошти мудири ташхисгоҳро Додситонии кулл дар ихтиёри онҳо гузоштаст.

Қатли духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода дар рӯзи 2-уми феврал яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар матбуоти кишвар буд, чун дар аввал гуфта мешуд, ки духтар худкушӣ кардааст. Бобои духтар Низомиддин Исомиддинов баъди се ҳафтаи марги наберааш 22 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони милиса ҷасади ду рӯз нопадидшудаи набераашро оварда ба онҳо доданд ва гуфтанд, ки “ӯ худкушӣ кардааст ва бурда гӯраш кунанд.”

​Додситонии шаҳри Турсунзода бо такя ба тафтиши пешакӣ гуфт, ки духтар қурбонии "моҷарои ошиқона" шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, робитаи ошиқонаи духтари 16-сола бо хонандаи синфи 11-и як мактаб баъдан ба ҷанҷол печидааст. Ба гуфтаи Мирзошариф Шарифзода, сарпрокурори шаҳри Турсунзода гумонбар дар куштор –писарбачае будааст, ки дар мактабе таҳсил мекард, ки духтар то синфи 8-ум дар онҷо таҳсил кардааст.

“Духтар дар гуфтугӯҳои телефонӣ аз писар хоҳиш мекард, ки ба хонаи онҳо хостгор фиристад ва бо ӯ издивоҷ кунад, аммо писар дар посух гуфтааст, ки ҳоло талабаи мактаб аст ва баъди хатми мактаб дар ин бора фикр хоҳад кард”.

Духтар, эҳтимолан, бо андешаҳои ахлоқӣ ба писар гуфтааст, ки “муносибатҳои онҳоро ҳамаи мардуми деҳа медонанд, шармандагӣ аст ва духтар таҳдид мекунад, ки агар издивоҷ накунад, ба полис хабар медиҳад”. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон робитаи ҷинсӣ бо ноболиғон ҷиноят аст.

Дар Тоҷикистон иддаоҳо дар бораи онки кормандони ташхисгоҳҳои судӣ-тиббӣ хулосаҳои бардӯрӯғ медиҳанд, вале бори дуввум аст, ки кормандони ин гуна ташхисгоҳро барои хулосаи бардурӯғ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд. Оҷонси мубориза бо коррупсия соли 2014 низ хабар дод, ки Хуршед Файзалиев, мудири як шӯъбаи Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судии вазорати тандурустиро барои талаби 2 ҳазор доллар аз як корафтода дастгир кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG