Пайвандҳои дастрасӣ

"Аз танҳоӣ ранҷ мекашид" Тафсилоти қасди худкушии духтари 18-сола. ВИДЕО


Як духтари 18-сола, ки аз ӯ М.Н. ном бурда мешавад, худро ба дарёи Душанбе андохта, аз ҷониби аҳолӣ наҷот дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ ба эҳтимоли зиёд мехост худкушӣ кунад.

Ин духтари ҷавон ҳоло дар бемористон қарор дорад ва пизишкон мегӯянд, ки талош доранд ӯро аз ҳолати афсурдагӣ берун кунанд. Tибқи омори ахир бештари духтароне, ки дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ мезананд, аз 14 то 22-сола мебошанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тафсилоти қасди худкушии духтари 18-сола
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:18 0:00

"Агар каме дер мекарданд, ӯ аз ҳаёт маҳрум мешуд"

Ҳодисаи қасд ба ҷони худ кардани М.Н дар нимарӯзи 16-уми январ дар шаҳри Душанбе рух дод ва хабараш як рӯз баъд расонаӣ шуд. Як манбаъ дар Идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 17-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин духтар замоне худро аз болои пул ба дарёи Душанбе партофт, ки кормандони идораҳои атроф барои ғизои нисфирӯзӣ мерафтанд. Ба қавли манбаъ, М.Н. дар ин вақт худро аз болои пули воқеъ дар наздикии Корхонаи нассоҷии пойтахт ба дарёи Душанбе партофтааст.

“Хушбахтона дар вақти рух додани ҳодиса дар болои пул одамон зиёд буданд ва тавонистанд саривақт ӯро наҷот диҳанд. Баробари худро ба об партофтан, бо сабаби аз ҳад зиёд сард будани об, ҷавондухтар аз ҳуш рафт. Ҷавононе, ки дар онҷо буданд, ӯро аз об берун оварда, баъдан ба ёрии таъҷилӣ занг заданд. Кормандони мо низ зуд ба ҷойи ҳодиса рафта, таҳқиқро шурӯъ карданд”,-афзуд манбаъ.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабабҳои қасди худкушӣ кардани М.Н. барои феълан рӯшан нест ва таҳқиқи қазияи ӯ идома дорад.

"Вазъи саломатиаш вазнини миёна аст"

Дар ҳоле ки мақомот ба таҳқиқи сабабҳои қасд ба ҷони худ кардани М.Н. шурӯъ кардаанд, худи ӯ дар Беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе зери назорати табибон қарор дорад. Пизишкон вазъи саломати ӯро "вазнини миёна" арзёбӣ карданд.

Саидасрор Саидмамадов.
Саидасрор Саидмамадов.

Саидасрор Саидмамадов, як масъули бемористони рақами 3 дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми ба беморхона овардани М.Н, вазъи саломаташ вазнин буд. Ба қавли Саидмамадов, “вақте ин ҷавондухтарро қабул кардем, ӯ дар ҳолати сармозадагии бадан қарор дошт. Ҳарорати баданаш 35,2, яъне аз меъёри муқаррарӣ хеле пасттар буд. Ба суолҳо ҷавоб намедод.”

Ин масъули бемористон гуфт, М.Н ҳоло барои шарҳи ҳолат омода нест ва масъулини додситонӣ низ пурсиши ӯро ба таъхир гузоштанд. Саидмамадов мегӯяд, барои ташхиси М.Н. табибони асабшиносро низ ҷалб кардаанд.

"Ӯ аз танҳоӣ ранҷ мекашид"

Тибқи иттилои манобеи муътамад, аз рӯи қазияи қасд ба ҷони худ кардани ҷавондухтари 18-солаи сокини Душанбе Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ парванда боз карда, таҳқиқи қазияро шурӯъ кардааст. Дар додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан наметавонанд расман ин қазияро шарҳ бидиҳанд, вале гуфтанд афроде, ки М.Н-ро ба ин ҳол расонданд, ба сазои аъмолашон хоҳанд расид. Аммо як манбаи мӯътамад, ки аз таҳқиқи қазия огоҳ аст, бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, М.Н. бо сабаби муноқишаи оилавӣ даст ба ин кор задааст.

“Мо ҳоло касеро гунаҳкор намекунем, вале шавҳари М.Н. ӯро дар хонааш гузошта ба Русия рафтааст ва чанд вақт аст, ки ба наздаш намеояд. Модари ин ҷавондухтар низ бемори асаб шуда, барои табобат ба Маскав рафтааст. М.Н. ҳамчунин як бародар дорад, ки ҳамроҳи модараш дар шаҳри Маскав аст. Ин ҷавондухтар падар надорад ва бештар ҳамроҳи янгааш бузург шудааст. Таҳқиқот давоми як рӯз то инҷо расидааст, ки М.Н. бо сабаби муноқишаи оилавӣ хост худро аз ҳаёт маҳрум кунад ва паҳлӯҳои дигари масъала мушаххас карда мешавад. Дар умум ӯ аз танҳоӣ ранҷ мекашид”,-гуфт ин манбаъ.

Аз хешовандони М.Н. касе ҳозир нашуд, ки қазияро ба хабарнигорони Радиои Озодӣ шарҳ диҳад. Ба аёдати ӯ ба беморхона танҳо зане омада буд, ки худро янгаи М.Н. муаррифӣ кард, аммо гуфт, дар бораи ҳодиса чизе гуфтан намехоҳад. Дари манзили М.Н-ро дар маҳаллаи “Роҳи нав”-и шаҳри Душанбе касе ба рӯи хабарнигорони Радиои Озодӣ боз накард.

"Чаро асосан ҷавондухтарон қасд ба ҷони худ мекунанд"

Омори шахсоне, ки дар соли 2017 дар пайи худкушӣ ҷони худро аз даст додаанд то ҳол аз ҷониби мақомоти тоҷик расман пахш нашудааст. Аммо дар соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки мавридҳои зиёди он ба занону духтарон рабт мегирад.

М.Н. ягона ҷавондухтаре нест, ки қасд ба ҷони худ мекунанд. Хабарҳо дар бораи қасд ба ҷони худ кардани шаҳрвандон тақрибан ҳар моҳ пахш мешавад, ки як қисми онҳо бо марг меанҷоманд. Мақомот мегӯянд, тибқи оморҳои ахир, қисми зиёде нафароне, ки қасд ба ҷони худ мекунанд ҷавондухтарони ба балоғат расида ва ё наздик ба балоғат ҳастанд.

Беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 3-и шаҳри Душанбе ба гуфтаи масъулинаш ягона табобатгоҳи махсусе мебошад, ки шахсони ба ҷони худ қасд карда, ба инҷо барои табобат оварда мешаванд. Масъулини ин беморхона мегӯянд, ҳарчанд ҳолатҳои қасд ба ҷони худ кардан камтар шудааст, аммо масъала то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Ба қавли масъулини Беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе, дар соли гузашта 270 нафар баъди қасд ба ҷони худ кардан ба ин беморхона оварда шудаанд, ки нисбат ба як соли пеш 169 нафар камтар будааст. Дар соли гузашта қисми бештари нафароне, ки талош карданд ба ҳаёти худ поён диҳанд ба гуфтаи мақомот ҷавондухтарони аз 14 то 22 сола будаанд.

Ҳамчунин дар Беморхонаи рақами 3-и пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қисмати бештари ҳодисаҳои қасд ба ҷони худ кардан, тариқи хӯрдани доруворӣ ва маҳлули сирко сурат мегирад. Масъулини ин беморхона мегӯянд, ин омор танҳо ба нафароне тааллуқ дорад, ки қасд ба ҷони худ карда дар ниҳоят бо талоши табибон наҷот ёфтаанд.

Омори шахсоне, ки дар соли 2017 дар пайи худкушӣ ҷони худро аз даст додаанд то ҳол аз ҷониби мақомоти тоҷик расман пахш нашудааст. Аммо дар соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки мавридҳои зиёди он ба занону духтарон рабт мегирад.

Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG