Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи пеш аз марги Исмоил: "Модарҷон, зиндагӣ ҳамин будааст"...


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ба таҳқиқи қазияи ҳалокати як ҷавон шурӯъ кардаанд, ки ҷасадаш 27-уми декабр аз лаби рӯдхонаи Душанбе пайдо шуд. Як масъули Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 28-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи фарзияи тафтишот, Исмоил Қурбонмадов даст ба худкушӣ задааст.

“Мактуб пеш марг: Метавонӣ шавҳар кунӣ, аммо кӯдаконро набар”

Ба қавли манбаи Радиои Озодӣ дар ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, Қурбонмадов 28-сол дошта, соҳиби ду фарзанди ноболиғ будааст. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҷасади Исмоил Қурбонмадов баъд аз зӯҳри 27-уми декабр дар назди рӯдхонаи Душанбе ё маъруф ба “Душанбинка” пайдо шуд. Феълан таҳқиқи қазияро Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ пеш мебарад. Исмоил Қурбонмадов, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ будааст.

Дирӯз маълум шуд, ки Исмоил пеш аз марг ба модараш мактубе гузошта дар он гуфтааст, ки “очаҷон, зиқ нашавед, зиндагӣ ҳамин будааст.” Исмоил Қурбонмадов ҳамчунин ба ҳамсараш гуфтааст, ки метавонад шавҳар кунад, вале қабл аз шавҳар кардан, кӯдаконашро ба модараш бидиҳад. Ба гуфтаи мақомот, дар номаи пеш аз маргаш ҳеҷ ишорае ба сабаби худкушиаш накардааст.

"Зиндаятиме, ки кӯдаконашро низ ятим кард"

Сокинони деҳаи Анористони ноҳияи Восеъ ду рӯз аст, ки дар мотам нишастаанд. Онҳо мегӯянд, ба чеҳраи гирёни фарзандони хурдсоли Исмоил Қурбонмадов нигоҳ карда, хун мегирянд. Кӯдаконе, ки хурдиаш ҳоло намедонад, ки чӣ ба сарашон омадааст.

Бобохон Мӯъминов, раиси маҳаллаи “Анористон” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Исмоилро пеш аз зӯҳри имрӯз 28-уми декабр ба хок супориданд. Ҷаноби Мӯъминов аз Исмоил Қурбонмадов ҳамчун писари хуб тавсиф кард, ки ба қавлаш дар ҷанозааш хурду калони деҳа ғам доштанд.

Раиси маҳаллаи "Анористон" мегӯянд, асрори худкушии Исмоил барои онҳо ҳам нокушода аст, чун дар қайди беморон набуд ва аз қарздор буданаш низ дарак надошт. Аммо ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, марҳум дар мактуби пеш аз маргаш аз модараш сидқан узр пурсидааст.

"Аз рӯи иттилои мо Исмоил дар мактубаш чандин маротиба аз модараш узр пурсида гуфтааст, “модарҷон зиндагӣ ҳамин аст, бахшиш аз ман. Модарҷон маро бубахш.” Инчунин дар мактуб суроғаи ҷойи зист ва рақами телефони наздиконашро иншо кардааст. То ҷое фаҳмидем мактубро пеш аз марг ба кисааш андохтааст,”-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Бобохон Мӯъминов афзуд, модари Исмоил Қурбонмадов баъди ҷудо шудан аз ҳамсари аввал ба Бобои Шайх, сокини деҳаи "Анористон"-и ноҳияи Восеъ издивоҷ мекунад. Исмоилро низ ба қавли раиси маҳалла модараш ба хонаи Бобои Шайх меорад ва ҳамроҳи фарзандони ӯ бузург мешавад.

Раиси маҳаллаи "Анористон" ҳамчунин гуфт, Исмоил Қурбонмадов дар шаҳри Душанбе дар сохтмон кор мекард. Бародари дигари Исмоил ба қавли Мӯъминов соҳибкор буда, феълан дар шаҳри Дубай будааст.

Марге, ки аҳли Анористонро дар сӯг гузошт

Сокинони деҳаи Анористон мегӯянд, бо рафтани Исмоил Қурбонмадов аз ҳаёт ӯ ду фарзанди хурдсоли худро, ки калониаш 4 сол дорад, ятим кард. Инчунин ҳамсараш низ интизори ба дунё омадани тифли сеюмаш будааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, қазияи ба ҳалокат расидани Исмоил Қурбонмадовро таҳқиқ доранд. Дар Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ гуфтанд, бо сабаби халал нарасондан ба рафти тафтишот аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунанд, аммо талош мекунанд қазия мӯшикофона таҳқиқ шавад.

Пайдо шудани ҷасади Исмоил Қурбонмадов дар ҳолест, ки бар асоси ҳисобҳои расмӣ тақрибан ҳар рӯз дар Тоҷикистон як нафар қасди худкушӣ мекунад. Соли 2016 дар Тоҷикистон 603 нафар қасд ба ҷони худ кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG