Пайвандҳои дастрасӣ

Парванда ба зидди хушдоман барои марги Фариза


Аз Фаризаи Хӯҷаназар як фарзанди яксола нишона монд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар робита ба марги Фариза Хуҷаназарова, келини 21-солаи як хонавода дар ноҳияи Сангвор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ҷасади Фаризаи Хуҷаназари 21-сола, ки дар батнаш тифли семоҳа дошт, бегоҳи 11-уми феврал дар хонаи шавҳараш овехта пайдо карданд.

Хуҷаназар Алиев, падари Фариза ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди нашри мақола дар Радиои Озодӣ дар бораи марги духтараш, мақомот қазияи марги духтарашро ҷиддӣ гирифтаанд ва ба ӯ хабар доданд, ки нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, “нисбат ба хушдомаш ва додари шавҳари Фариза бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани инсон парванда боз шудааст.” Айни замон ба гуфтаи мақомот, фарзияи куштор ҳам баррасӣ мешавад ва таҳқиқ дар ин замина идома дорад. Гирифтани назари муқобил ва мақомоти интизомӣ дар ин рӯз ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд.

Фаризи Хӯҷаназар, акс аз бойгонии хонаводагӣ
Фаризи Хӯҷаназар, акс аз бойгонии хонаводагӣ

Ҷасади Фаризаи Хуҷаназарро баъди пайдо кардан рӯзи 12-уми феврал бидуни ташхис ба хок супурданд, вале баъдан бо тақозои падари Фариза, ки ба фарзияи худкушии духтараш шубҳа дошт, рӯзи 16-уми феврал ҷасад барои ташхис аз гӯр берун оварданд.

Фаризаи Хуҷаназар, сокини деҳаи Лайрони ноҳияи Сангвор ду сол пеш бо Ҳикматулло Ҷурабеков, сокини деҳаи Миёнадуи ноҳия издивоҷ кардааст. Аз ӯ писари яксола нишона мондааст.

Марги мармуз ва пофишории падар ба таҳқиқ

Хуҷаназар Алиев, падари Фариза рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, духтараш пеш аз марг аз фишори хешовандони ҳамсар - бародари шавҳару ҳамсари ӯ ва хушдоманаш шикоят мекард.

“Рӯзи 10-уми феврал, як рӯз пеш аз ҳодиса занг зад ва гуфт, ки 16-уми феврал зодрӯзи писараш аст. Гуфт, барояш тӯҳфа биёред. Одаме, ки худкушӣ мекунад, барои зодрӯзи писараш омодагӣ мегирад? Барои ҳамин мо шубҳа кардем, ки ӯ худкушӣ накардааст. Баъдан, аз даҳону биниаш хун рафта буд, вале мо дидем, ки дар замин ягон қатра хун начакидааст,”- гуфт падари Фариза.

Агар ягон нафар ҳам азоб дода бошад, Худо ҷазояш медиҳад. Бо писари яксолаам саргардонам, намедонам чӣ кор мекунам.

Натиҷаҳои таҳқиқи ҷасадро ро мақомот ҳанӯз эълон накардаанд. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара рӯзи 16 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи ҳодиса кормандони милиса ба он ҷо рафтанд, вале бобои Фариза ба ташхиси ҷасад мухолифат кардааст. Дар он рӯз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парванда боз нашудааст ва тасмим баъди анҷоми ташхис гирифта мешавад.

Волидайни Фариза гуфтанд, ки духтарашон дар муносибат бо шавҳараш ҳеҷ мушкил надошт, вале пайвандони шавҳараш ӯро азият медоданд.

Ҳикматулло Ҷурабеков, шавҳари Фаризаи Хуҷаназар ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 16 феврал модару бародараш барои бозпурсӣ ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сангвор даъват шудаанд.

Касе азоб дода бошад, Худо ҷазояшро бидиҳад

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ҳодисаи марги мармузи ҳамсараш, Ҳикматулло Ҷурабеков гуфт, ки дар рӯзи фоҷиа дар рӯзи 11-уми феврал дар хона набуд ва барои тамошои сабқати бузкашӣ ба деҳаи ҳамсоя рафта буд. Вай ҳамчунин иддаои падарарӯсшаро рад карда гуфт, ки муносибати хешовандони ӯ бо ҳамсараш бад набуд:

“Вақте бармегаштам, додарам занг зад ва гуфт, ки ҷасади занатро овехта пайдо кардем. Ӯро дӯст медоштам ва ҳеҷ мушкил байни мо набуд. Дар хонаи мо низ касе ӯро азоб намедод. Агар ягон нафар ҳам азоб дода бошад, Худо ҷазояш медиҳад. Бо писари яксолаам саргардонам, намедонам чӣ кор мекунам,”- гуфт ӯ.

Зиёратшоҳ Ҷурабеков, хусури Фариза низ гуфт, ӯ низ ҷасади келинашро овехта дидааст ва ҳайрон аст, ки ин ҳодиса чӣ гуна рух додааст.

Ҳоло тафтишот бояд ба саволи аслӣ посух диҳад, ки сабаби марги фоҷеабори модари ҷавон чӣ буд ва то куҷо нафаре метавонист, дар марги ӯ даст дошта бошад. Қонунгузории Тоҷикистон барои “то худкушӣ расонидан” ҷазои сахт ва зиндон муқаррар мекунад.

Дар Тоҷикистон соли гузашта садҳо зан худкушӣ ва ё қасди худкушӣ кардаанд ва ҳомиёни ҳуқуқи зан ва мақомот ҳам мегӯянд, зӯроварӣ дар хонавода яке аз сабабҳои аслии қасди ҷони худ кардани духтарон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG