Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норӯшаниҳои марги сардори ситоди МЧС дар Кӯлоб


Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.
Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Ҷасади Азизмад Юсупови 35-сола, сардори идора ё ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Кӯлобро субҳи рӯзи 19-уми феврал аз банди доре дар таҳхонаи манзили иҷорааш пайдо карданд. Пайвандонаш бовар надоранд, ки Азизмад Юсупов даст ба худкушӣ задааст.

Манобеи интизомии минтақаи Кӯлоб рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки капитан Азизмад Юсупов пас аз муноқишае бо хонаводаи ҳамсараш, даст ба худкушӣ задааст.

Масъулони Маркази додгоҳӣ-тиббӣ дар Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ташхиси аввалия нишон дод, ки Азизмад Юсупов пеш аз худро ба дор овехтан, нӯшокии спиртӣ истеъмол кардааст.

Як манбаи интизомӣ, ки аз тафтишоти ин қазия огоҳ аст, мегӯяд, Азизмад Юсупов маст шуда, нахуст хост дар хонаи иҷорааш худро ба ҳалокат расонад, аммо ҳамсараш аз ин кор огоҳ шуда, пешгирӣ кардааст. Баъди ин воқеа ҳамсараш аз хона баромада, ба хонаи хусуру хушдоманаш меравад.

"Тибқи тафтиши аввалӣ, Азизмад Юсупов бо хусурбачаҳояш ҷанг мекунад. Дар натиҷа ду нафари дигаре, ки ҳамроҳи Азизмад буданд, захм бардоштаанд. Баъд Азизмад шабонгаҳ маст шуда, мехост дар ваннаи хонааш даст ба хукушӣ занад. Чун занаш аз ин огоҳ мешавад, пешгирӣ мекунад. Занаш ҳамон шаб баромада, ба хонаи хусуру хушдоманаш меравад. Шавҳараш, яъне Азизмад дар хона танҳо мемонад ва худкушӣ мекунад. Кай ба ин кор даст задааст? Ҳоло тафтишот инро санҷида истодааст”,-гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки нахост номаш ифшо шавад.

Боздошти ду нафар

Аммо як манбаи дигар аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло аз рӯи ин ҳодиса ду нафар боздошт шуда, тафтишотро додситонии шаҳри Кӯлоб пеш мебарад. Маълум нест, ки боздоштшудаҳо киҳо ҳастанд ва мақомот онҳоро дар чӣ гумонбар медонанд.

Масъулони додситонии шаҳри Кӯлоб низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамакнун тафтиши ин қазия шурӯъ шуда, вале аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кардаанд. Ҳамдеҳагони капитан Азизмад Юсупов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Кӯлоб рӯзи 19-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дирӯз ӯро дида буданд ва ҳолаш хуб буд ва ҳеҷ шикояте ҳам надошт.

"Ҳайрон шудам, ки чӣ гуна даст ба ин кор задааст"

Низом Барот, яке аз ҳамдеҳагони Азизмад Юсупов рӯзи 19-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хонаи падари Азизмад дар деҳаи Сари Осиёи ҷамоати Зарбдор воқеъ буд ва худи ӯ муддате пеш дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Кӯлоб иҷоранишин шуд.

Ба гуфтаи Низом Барот, ҷасади Азизмадро пас аз нисфирӯзӣ ба хонаи падараш дар деҳаи Сари Осиё оварда, дафн карданд: "Дирӯз дида будамаш ва бо ӯ салому алейк карда рафтем. Аммо ҳамин саҳар хонавода гуфт, ки Азизмад худкушӣ кардааст. Ростӣ, ҳайрон шудам, ки чӣ гуна даст ба ин кор задааст". Ӯ гуфт, ки аз Азизмад Юсуфов чор фарзанд мондааст.

Ташхис мегӯяд, ки Азизмад маст будааст

Дар ҳамин ҳол масъулони Маркази додгоҳӣ-тиббии маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ташхиси аввалия нишон дод, ки Азизмад Юсупов пеш аз худро ба дор овехтан, нӯшокии спиртӣ истеъмол кардааст. Аммо ин масъулон гуфтанд, ки ҳоло ташхис пурра ба анҷом нарасидааст ва ҷузъиёти дигар дар даст нест.

Бештари сокинон ва ҳамдеҳагони капитан Азизмад Юсупов мегӯянд, амали Азизмад онҳоро дар ҳолати шок қарор дод. Худкушии корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Кӯлоб дар ҳоле рухдод, ки як ҳафта қабл як ҷуфт -- зану шавҳар дар ин шаҳр аз тариқи нӯшидани сирко, даст ба худкушӣ заданд.

Сабоҳат Саъдулоеваи 35-сола, сокини шаҳри Кулоб рӯзи душанбе ба сешанбеи ҳафтаи гузашта, сирко нӯшид ва рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар бемористон ҷон дод. Аммо пас аз ду рӯз ҷасади шавҳари ӯ – Бегиҷон Қурбоновро аз теппаҳои ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ дарёфт карданд. Ба иттилои пулис Қурбонов Бегиҷон Қазоқович низ, соли тавалудаш 1966 дар пайи истифодаи сирко ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG