Пайвандҳои дастрасӣ

"Мегуфт, банкрот шудааст" Худкушии як соҳибкор дар Ваҳдат


Акс аз бойгонӣ

Ҷасади як соҳибкори 39-соларо пас аз шаш моҳи муфлисшавиаш дар шаҳри Ваҳдат овехта пайдо карданд. Мақомот мегӯянд, бар асоси тафтиши ибтидоӣ бо эҳтимоли зиёд Муқимҷон Раҳимов, сокини деҳаи Гирдоб (собиқ Узнариқ)-и шаҳри Ваҳдат худкушӣ намудааст.

Ба касе чизе нагуфтааст. Чашми падараш нобино буд ва бояд ҳамин рӯз ҷарроҳӣ мекарданд, ки ин ҳодиса рух дод

Ҷасади овехтаи ӯ бегоҳи 11-уми апрел аз хонаи бародараш пайдо шудааст. Нисфирӯзии 12-уми апрел ӯро дафн карданд. Аз ӯ се фарзанд - як писар ва ду духтар - боқӣ монд.

"Аввал сарроф буд, баъд симкорт мефурӯхт"

Пайвандон ва дӯстони Муқимҷон Раҳимов мегӯянд, ӯ то манъи фурӯши асъори хориҷӣ сарроф буд ва пас аз бастани саррофиҳо дар Маркази диллерӣ симкорти ширкатҳои мобилиро мефурӯхт. Ин навъи тиҷорат низ охири соли 2017 дар Тоҷикистон маҳдуд шуд ва танҳо ширкатҳои мобилӣ ҳаққи фурӯхтани симкортро пайдо карданд.

Умар Ҳасанов, як дӯсти Муқимҷон Раҳимов, рӯзи 12-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин соҳибкори тоҷик чанд моҳи охир ғамгин ба назар мерасид. “Баъди онки саррофиҳо манъ шуд, кӯшиш кард, тиҷорати дигар кунад. Чанд бор кӯшиш кард, вале кораш омад накард. Чаҳор-панҷ моҳи пеш гуфта буд, “банкрот” шудааст ва бекор аст. Дар Маркази диллерӣ низ дигар кор намекард”, - гуфт ӯ.

Муҳаммадзамон, тағои Муқимҷон Раҳимов, рӯзи 12-уми апрел гуфт, бегоҳи ҳодиса ӯ мошинро дар назди хонаи бародараш гузошта, аз дохил дарҳоро маҳкам бастааст. Он замон, ба гуфтаи ӯ, дар хонаи бародари Муқимҷон касе набудааст. Маъмулан, бархе аз онҳое, ки қасди худкушӣ мекунанд, навиштаҳое аз худ боқӣ мегузоранд, вале ин мард мегӯяд, хоҳарзодааш аз худ ҳеҷ паём нагузошта буд.

"Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ дорад"

Ӯ гуфт, Муқимҷон Раҳимов ҳарчанд аз “банкрот” шуданаш таъкид мекард, вале вазъияти худро ба наздикон шарҳ намедод. “Ба касе чизе нагуфтааст. Падараш нобино буд ва бояд ҳамин рӯз (12-уми апрел) ҷарроҳӣ мекарданд, ки ин ҳодиса рух дод”, - гуфт ӯ.

Ин ҳодисаро феълан Додситонии шаҳри Ваҳдат тафтиш мекунад. Як мақоми Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат гуфт, ҳанӯз тафтиш анҷом нашудааст, вале ҳодисаро бар асоси фарзияи худкушӣ таҳқиқ мекунанд.

Пайвандон ва дӯстони ӯ мегӯянд, агар худкушӣ карда бошад, эҳтимол яке аз сабабҳояш муфлис шудани ӯст.

Мақомот мегӯянд, солҳои охир худкушии мардҳо афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2016 дар Тоҷикистон 320 мард худро куштаанд, ки дар муқоиса ба теъдоди заноне, ки ба худкушӣ рӯ овардаанд, 43 нафар бештаранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG