Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеоблогери тоҷик: "Бо наворҳоям дардҳои ҷомеаро бозгӯ мекунам". ВИДЕО


Диловар Сафаров.

Як занги телефонӣ ва як хабари нохуше аз дӯст сабаб шуд, ки Диловар Сафаров дигар хомӯш намонад. Ӯ дурбинро дар рӯ ба рӯйи худ қарор дода, ба сабту нашри навори пандомез шурӯъ кард.

"Хоб будам, як дӯстам занг зад ва гуфт, духтари шиносамон даргузаштааст. Хеле ғамгин шудам, вале ман номард меҳисобам касеро, ки дар душвориҳои зиндагӣ тоқат намекунад. Чӣ тавре, ки лаҳзаҳои хуби зиндагиро дӯст медорем, аз ҷумла маош гирифтан, соҳиби пул шуданро, пас мушкилотро ҳам бояд тоқат кард. Ин роҳи халосӣ нест."

Паёми навори нахустини ӯ ҳам ин аст, ки худкушӣ роҳи ҳали мушкилот нест ва онро дар як сол дар Ютуб даҳҳо ҳазор нафар дидаанд. Диловар бар ин бовар аст, ки агар суханони ӯ ҳадди аққал як нафарро аз қасди ҷони худ кардан боздорад, пас талоши ӯ ҳадафрас аст.

Мавзӯи видеоблоги навбатии Диловар, наворҳои сабуку беаҳамияте аст, ки аз сӯйи ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба вижа шабакаи ҷаҳонии Ютуб корида мешаванд.

Диловар 30 сола аст ва дар миёни корбарони Ютуб бо сӯҳбатҳои кӯтоҳ, аммо тарбиявии худ маъруф аст. Муносибати зану шавҳар, аз ҳампошии хонаводаҳо, нобаробарии ҷинсӣ, муҳоҷират ва ёди модар аз мавзӯҳоест ки ин видеоблогери тоҷик дар наворҳои кӯтоҳи худ рӯ овардааст.

Дар як чунин навораш ҳам Диловар аз камбуди таваҷҷӯҳ ба забони тоҷикӣ ва талоши волидон барои русзабон тарбия ёфтани фарзандони худ нигаронӣ мекунад. Барои ин навор ҳам Диловар аз ҳар гӯшаи ҷаҳон зангу вокунишҳои зиёд гирифт.

"Бегоҳ мебаромадем, ҳама бо забоин русӣ гап мезад, ё кӯшиш мекарданд фарзандонро ба мактабҳои русӣ диҳанд. Забон донӣ, ҷаҳон донӣ мегӯянд, аммо ҳади аққал дар хона тоҷикӣ гап зананд. Ба хонаи дӯстонам ба хориҷ меравам, фарзандонашон ба ғайр аз чанд калима, тоҷикӣ намедонанд. Ман намедонам баъд аз чанд сол ҳоли забон чӣ мешавад."

Диловар мегӯяд, барои сабти наворҳо, махсус матн наменависад ва аз дастгоҳҳои касбӣ ҳам истифода намекунад. Мавзӯҳои сӯҳбаташ аз зиндагӣ гирифта мешавад, дурбин ҳам телефонӣ дастиаш ҳаст. Диловар мегӯяд, ҳоло дигар ҳамин як телефон кофӣ аст, ки шахс тарҳҳои ҷолиби видеои роҳандозӣ кунад.

"Шарт нест, ки ман студияҳои дабдабанок рафта, ё шиму костюм пӯшида, сухан кунам. Вақте сухан муҳим шуд, мардум на ба симои ман ва на ба студио аҳамият намедиҳад. Ман ҳарчиро, ки дар зиндагӣ мебинам, ҳамонро рӯшану муассиртар карда, ба мардум мегӯям. Барои чӣ ба мардум қабул аст? Чизҳои содда ҳастанд”,-мегӯяд Диловар Сафаров.

Диловар: Мардум ба масоили ҷиддӣ таваҷҷӯҳ надоранд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:25 0:00

Баъзеҳо бо таваҷҷӯҳ ба суханҳои пандомез ва баъзан ривоятҳои мазҳабии Диловар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯро рӯҳоние фикр мекунанд, гурӯҳи дигар ба ин боваранд, ки ин ҷавон роҳи осону хуби даромадро пайдо кардааст. Аммо Диловар таъкид мекунад, ки аз ин кори худ 1 сомонӣ ҳам ба даст новардааст. Мегӯяд, сабти наворҳои кӯтоҳ барояш мисли як ҳоббӣ аст, ки баъди нашри он болидарӯҳ мешаваду умед мекунад, ки бо ин роҳ дар тағйири зиндагӣ ё рафтору гуфтори касе мусоидат хоҳад кард.

"Ҳис мекунам ба мардум розӣ ҳастам. Ҳамон маҳорате, ки Худо додааст, тарзи сухан кардан, ҳар маводи хубе ҳаст бояд ба мардум бидиҳам. Барои ман аз ҷое пул ҷудо намешавад, вале аз ин кор кайфият мебарам. Ин шуғле аст, ки ман дӯсташ доштам аз ин роҳ байни мардум обрӯ пайдо кардам."

Диловар аслан ровии радио аст. Дар радиои "Тироз" дар Хуҷанд кор мекунад ва чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла варзиширо гардонандагӣ мекунад. Ҳамзамон коргардонӣ ҳам мекунад. Ҳоло дар садади сабти як филме дар бораи дӯстии мардуми ду кишвар Тоҷикистону Узбакистон аст. Мегӯяд, баъди нашри наворҳояш дар интернет, даъватҳои зиёди ҳамкори аз дохилу хориҷ гирифтааст.

Мавзӯи видеоблоги навбатии Диловар, наворҳои сабуку беаҳамияте аст, ки аз сӯйи ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба вижа шабакаи ҷаҳонии Ютуб корида мешаванд. Мегӯяд, ки бисёре аз блогерҳои тоҷик наворҳои фачу лачро мегузоранд.

"Ҳоло агар ҳазор сухани тилло гӯем, мардум ба ҳадди наворҳои урёну ҳазломез қабул нахоҳанд кард. Ҳар наворе мегузорем мо метавонем чизеро дар зиндагӣ бо он тағйир диҳем. Тамоми ҷавонон телефон доранд, мо бояд кӯшиш кунем, ки чизе нашр кунем, ки мардум ниёз доранд ва аз тамошои он чизеро бигирему зиндагиро тағйир диҳем."

Ҳоло бархе аз шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар дохилу хориҷ мехоҳанд наворҳои тарбиявии Дилдоварро истифода баранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Диловар мехоҳад, як студияи шахсии худро таъсис диҳад ва бо сабти филму наворҳои кӯтоҳу пандомез, ҳарфи дили худро ба мардум расонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG