Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падарҷон, модарҷон, маро бубахшед, фарзандонам ба Шумо амонат"


Деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.

"Падарҷон, модарҷон, маро бубахшед, фарзандонам ба Шумо амонат" - ин охирин навиштаи Фаррух Муродови 29-сола, сокини деҳаи Мишкорони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст, ки пеш аз даст ба худкушӣ задан, дар девор ҳаккокӣ кардааст.

"Шаб нопадид шуд ва ҷасадашро субҳ пайдо карданд"

Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин душанбеи 5-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта рух дод ва ҳоло мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми аз назар гузаронии ҷойи ҳодиса дар девор ин навиштаҳоро дарёфтанд.

Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, дар соли 2018 ин сеюмин ҳодисает, ки сокинони минтақа пеш аз даст ба худкушӣ задан, аз худ паём мегузоранд.

"Ҳодиса, ҳафтаи гузашта сар задааст ва ҷасадашро наздикон аз таҳхонаи оғилашон пайдо карданд. Дар ҳоли ҳозир додситонӣ сабаби даст ба худкушӣ задани Фаррух Муродовро таҳқиқ дорад. Хонаводааш мегӯяд, ки шаб нопадид шуд, субҳ соати панҷи рӯзи 28-уми октябр ҷасадашро аз ҳамонҷо пайдо карда, ба мақомот хабар доданд",--гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.

Ин манбаъ дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки баъди ташхисӣ суддӣ-тиббӣ маълум шуд, ки ӯ даст ба худкушӣ задааст. Ба гуфтаи манбаъ, аз ин мард ду фарзанд боқӣ мондааст.

"Бемор буд"

Табаралӣ Муродов, падари Фаррух Муродов душанбеи 5-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш гирифтори бемории менингит буд ва сари ҳар вақт бемориаш хуруҷ мекард. Вай афзуд, рӯзе, ки ҳодиса рух дод, келинаш ба хонаи модараш рафта буд ва Фаррух бо бародараш дар хона монда буд.

"Бачам сараш бемории менингит буд ва ҳар боре, ки касал мешуд, ба ман мегуфт, аммо ин бор Худо раҳматӣ чаро чизе нагуфт, худамон низ надонистем. Ростӣ, ман омӯзгорам ва ҳамаи фарзандонамро хуб тарбият кардам. Ҳамон рӯз ҳамсараш бо кӯдаконаш хонаи модараш меравад ва ӯ ҳамроҳи бародараш шабро рӯз кардан мехоҳад. Қувваи барқ хомӯш мешуд дар ҳамон шабурӯз, бо баҳонаи кор баъди хомӯш шудани барқ хонаро тарк карда мебарояд ва рафта худро ба дор меовезад",--гуфт Табаралӣ Муродов.

Табаралӣ Муродов дар идомаи сӯҳбат афзуд, ки субҳи 28-уми октябр вақте сӯи оғил ва ҳочатхона рафт, ҷасади овезонӣ писарашро дар таноб дид. Муродов афзуд, ки баъди ҷасадро гирифтан мақомотро огоҳ карданд.

Чанд ҳодисаи дигари худкушӣ дар минтақаи Кӯлоб

Фаррух Муродови 29-сола аввалин нафаре нест, ки қабл аз даст ба хукӯшӣ задан, ба наздиконашон паём мегузорад. Аввали моҳи феврал ҷасади Оимхол Одинаев, як хонандаи синфи 10 шаҳри Кӯлоб пеш аз даст ба худкушӣ задан ба наздиконашон мактуб гузошта буд, ки дар он "Хайр, оча, паноҳат ба Худо, ман рафтам он дунё", навишта шуда буд.

Дар поёни ҳамон моҳ Бегиҷон Қурбонови 52-сола даст ба худкушӣ зада буд. Ҷасади ин сокини шаҳри Кӯлобро моҳи феврали соли ҷорӣ мақомот аз ҷамоати Рӯдакӣ пайдо карданд. Мақомот баъди таҳқиқ маълум карданд, ки ӯ сирко хӯрда, даст ба худкушӣ задааст. Бегиҷон Қурбонов низ пеш аз даст ба худкушӣ задан, ҳодисаи ба сараш омадаро иншо карда, аз шайтону ҳамсараш шикоят карда буд.

Зимнан, мақомоти додситонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, соли гузашта як чунин ҳолат ба қайд гирифта шуда буд. Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ дар соли 2018 ин сеюмин ҳодисает, сокинони минтақа пеш аз даст ба худкушӣ задан, аз худ паём мемонанд. Аммо Фаррух Муродови 29-сола баръакси он ду сокини дигар, ба ҷои дар қоғаз навиштан, пайёмашро ба наздиконаш дар тани девор гузоштааст.

Мавзӯи худкушиҳо дар Тоҷикистон, ки аз назари мақомот ба падидаи нигаронкунанда табдил шудааст, дар ҳолатҳои зиёд натиҷаи хушунатҳои хонаводагӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошад. Кумитаи занон феврасли соли 2018 гуфт, дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар қасди ҷони худ кардаанд ва аксари онҳо занону духтарон мебошанд. Дарсади ками онҳо мардон мебошанд, ки маъмулан аз мушкилоти сангини пулию иқтисодӣ, қарзи зиёд ва сабабҳои дигар аз зиндагӣ дилсард шуда қасди ҷони худ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG