Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсар фавтид, писар дар зиндон. Алихон Назаров адолат мехоҳад. ВИДЕО


Шарифхон Назаров, сарбози пешини Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.
Шарифхон Назаров, сарбози пешини Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Алихон Назаров, падари сарбози собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки барои дуздии чорво ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, баъди марги ҳамсараш роҳи ӯро идома медиҳад ва талош мекунад, то бегуноҳии фарзандашро исбот кунад.

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон 18-уми июни имсол Шарифхон Назаровро ба дуздии чорво гунаҳкор донист ва ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Саъбагул Холбобоева, модари Шарифхон Назаров, баъд аз тақрибан ду ҳафтаи эълони ҳукми писараш, рӯзи 30-юми июн дар роҳ ба сӯйи боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб фавтид.

"Ман бо фарзандони дигарам аз паси гову мол дар чарогоҳ будем. Ҳамаи корро ҳамсарам анҷом медод. Аммо ӯ фавтид ва акнун тасмим гирифтам, ки кори ҳамсарамро давом диҳам", -- гуфт Алихон Назаров рӯзи 10-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Шарифхон Назаров моҳи апрели соли гузашта ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дар қисми низомии 0307, воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, адои хизмат мекард. Падари Шарифхон мегӯяд, баъд аз боздошти фарзандашон ҳамсараш "аз рафтуо ба дари идораи пулис ба бемории дил гирифтор шуд ва дар роҳ ба сӯйи боздоштгоҳ фавтид".

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Падари сарбоз барои исботи бегуноҳии писараш талош хоҳад варзид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

"Одамонеро, ки замони маргаш онҷо буданд, пайдо карда пурсидам. Пеш аз маргаш дар назди зиндон гуфтааст, ки "бӯйи писарам омад". Ду халта хӯрок доштааст. Дар ҳамон ҷо афтида, ҷон додааст", - нақл кард Алихон Назаров.

Ӯ афзуд, ҳоло аз рӯйи ҳукми Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон ба зинаҳои болоӣ шикоят бурдааст, то ҳукми писараш бозбинӣ шавад.

Аммо сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон гуфт, Шарифхон Назаров ва ҳамроҳонаш дар дуздии 56 гов муттаҳам мешуданд ва ин кирдори онҳо дар додгоҳ исбот шудааст.

Ҳабибулло Ҷумъазода афзуд, ки дар баробари ин, ҳоло шаш гурӯҳи дигарро дар дуздии чорво дар Балҷувон ошкор кардаанд ва тафтишот идома дорад.

Пайвандони Шарифхон Назаров мегӯянд, ӯ ва ҳамроҳаш бо амри афсарон ба чунин кор даст задаанд ва бояд афсарон низ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Алихон Назаров, падари Шарифхон гуфт, ки то охирн мисли ҳамсараш барои исботи бегуноҳии писараш мубориза хоҳад бурд, "то адолат барқарор шавад".

Моҳи декабри соли 2019 мақомоти интизомии Тоҷикистон Файзулло Раҳимов, як масъули қисми марзбониро дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дастгир карданд. Манобеъ дар Додситони ҳарбии Хатлон он замон гуфтанд, ки Раҳимов ба як сарбоз ва афсари дигар беш аз 1000 сомонӣ дода, гуфтааст, аз зодгоҳашон ду гӯсфанд биоранд. Аммо онҳо бо ин нарх гӯсфанд наёфтаанд ва ҳангоми хабар додан дар ин бора таҳдид шунидаанд.

Сарбоз замони бозгашт дар Кӯлоб аз мағоза об ва сирко гирифта, дар яке аз ҳоҷатхонаҳои бозор хӯрда, қасди худкушӣ кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG