Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар назди ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ сирко нӯшида, худкушӣ кардааст. ВИДЕО


Абдуғаффор Аскаров

Абдуғаффор Аскаров, сокини деҳаи Тубеки ҷамоати Лоҳур, рӯзи 16-уми июн дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ сирко нӯшида, худкушӣ кардааст. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ барои ҳалли мушкили зиндагиаш ба назди мақомот рафта буд. Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, Аскаров бемори равонӣ буд ва як соли ахир ба онҳо ҳеч муроҷиат накардааст. Маъмурони милиса ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Наздикони Абдуғаффор Аскарови 47-сола рӯзи 19-уми июн гуфтанд, вай бемори равонӣ набуд, аммо чанд мушкили пайиҳам ба вазъи руҳияш таъсир кардааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, мақомоти интизомӣ писари 16-солаашро ба дуздӣ муттаҳам карда, шаш соли зиндон талаб намудаанд.

Бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ
Бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ

"Як сол пеш, баъд аз он ки кораш дар Русия омад накард ва бемор шуд, ба Тоҷикистон баргашт ва дар ҷое кор намекард. Муроҷиатҳои батакрораш ба мақомоти маҳаллӣ барои гирифтани кумакпулӣ ва бетаваҷҷуҳии мақомот ӯро дар ҳолати сахти афсурдагӣ қарор дод", - гуфтанд пайвандонаш. Мақомот мегӯянд, ӯ як соли ахир ба онҳо муроҷиат накардааст.

Мавлуда Ҷӯраева, ҳамсари Абдуғаффор Аскаров, мегӯяд, рӯзе, ки ҳодиса рух дод, шавҳараш гуфтааст, ба назди мақомот меравад ва аз онҳо хоҳиш мекунад, ба қазияи додгоҳии писараш расидагӣ кунанд.

"Дар додгоҳ гуфтанд, ки писарамро шаш сол зиндонӣ мекунанд. Писари 16-солаи ман ба дуздии гуруҳӣ гумонбар аст. Шавҳарам аз ман пештар баромад ва гуфт, аввал ба ҳукумати ноҳия меравад. Ман ҳанӯз аз хона набаромада будам, ки ба ман занг заданд. Хабар доданд, ки шавҳарамро ба беморхона бурданд ва ҳолаш хуб нест. Дар бемористон яке ба худ меомаду боз беҳуш мешуд", - нақл кард ӯ.

Ин зан мегӯяд, ба шавҳараш 20 сомонӣ пули аз дӯзандагӣ ба дастовардаашро дода буд, то роҳкиро кунад. Баъди марги шавҳараш фаҳмидааст, бо он пул аз мағозае сирко харидааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Марде дар назди ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ худкушӣ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Як ҳамсуҳбати мо дар беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, "вақте Абдуғаффор Аскаровро ба бемористон оварданд, алакай тамоми узви дарунии ӯ аз таъсири сирко зарар дида буд ва мо натавонистем наҷот диҳем".

Мавлуда Ҷӯраева, ҳамсари Аскаров гуфт, охирин ҳарфи шавҳараш пеш аз марг ин буд, ки “шояд ин ҳодиса ҳукми писарамонро тағйир диҳад”. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, шароити сахти зиндагӣ шавҳарашро афсурда карда буд.

"Шавҳарам чанд маротиба бемор шуд. Ҳатто шушҳояшро ҷарроҳӣ карданд. Дар ҷое кор намекард, фақат як сол мо кумакпулӣ гирифтем, ки онҳо ҳам дар се моҳ як маротиба сад сомонӣ ва дар як сол 400 сомонӣ буд, ки ба ҳеч чиз намерасид. Имсол вақте муроҷиат кардем, ки ақаллан ҳамин кумакро гирем, гуфтанд, шуморо аз рӯйхат берун кардем ва камбизоат ҳисоб намешавед", - афзуд ӯ.

Аммо дар ҳукумати ноҳияи Рудакӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин мард танҳо як дафъа ва он ҳам соли гузашта барои ба мактаби махсуси бачаҳои душвортарбия қабул кардани писараш муроҷиат карда буд, ки "ба ин муроҷиати ӯ расидагӣ шуд".

Фирӯза Камолзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 18-уми июн дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, рӯзе, ки Аскаров дар назди бинои ҳукумат қасди ҷони худ кард, аслан барои кумакхоҳӣ наомада буд.

"Мо дар маҷлис будем, муҳофиз омаду гуфт, ки дар поён ҳамин хел ҳодиса аст. Мо ба ёрии таъҷилӣ занг задем ва ӯро ба бемористон бурданд. Дигар чизеро намедонем. Ман шахсан як бор бо ин мард ва он ҳам як сол пеш дар масъалаи қабули писараш ба мактаби махсуси бачаҳои душвортарбия суҳбат карда будам. Ва мо ба ӯ кумак кардем ва писараш дар онҷо таҳсил мекард."

Ӯ иддао кард, ки "Аскаров гирифтори бемории рӯҳӣ буд" ва "зоҳиран ин боис шуда, ки қасд ба ҷонаш кунад". Фирӯза Камолзода гуфт, аз ин бештар чизе намедонад ва мунтазири натиҷаҳои таҳқиқи ҳодиса аз сӯи мақомоти интизомӣ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони мард гуфтанд, воқеан Абдуғаффор Аскаров соли гузашта дар Русия бемор шуда, дар онҷо табобат гирифтааст. Бемории Аскаровро табибон дар Маскав "афсурдагии шадид" ташхис кардаанд.

Иброҳим Аскаров, додари Абдуғаффор Аскаров, рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш ба он ҳадде бемори равонӣ набуд, ки мақомот тасвир мекунанд ва афзуд, "ӯ худро идора карда метавонист".

Мақомот дар ин ноҳия гуфтанд, ба таҳқиқи ҳодисаи худкушии эътирозомези ин мард оғоз кардаанд.

Ҷомеашиносон бо чунин шева ва эътирозомез даст ба худкушӣ задани сокинонро нигаронкунанда медонанд. Ба таъкиди ҷомеашиносон, пандемияи COVID-19 ва бекориву бемаошӣ зиндагии хонаводаҳои камбизоатро сангинтар мекунад ва бояд мақомот дар ин вазъ чора андешанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, барои кумак ба хонаводаҳо дар давраи пандемия барномаҳои муайяне рӯи даст доранд. Як ҳамсуҳбати мо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфт, "ҳукумати кишвар ба хотири пешгирӣ ва кам кардани таъсири хафвҳои эҳтимолии КОВИД-19 ба иқтисоди миллӣ барномаҳои вижаро рӯйи даст дорад, ки барои барқарор кардани вазъи иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад."

Равоншиносон мегӯянд, ин як навъи ҷалбкунии таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои ҳалношудаи шахс аст. Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик, гуфт, "яке аз сабабҳои худкушиҳои эътирозӣ ин ба эҳсос роҳ додан аст ва эҳсос ақлро фалаҷ мекунад".

Маҳмуд Кабирӣ
Маҳмуд Кабирӣ

"Тазодҳо дар ҷомеа буданд ва боқӣ мемонанд, вале аксуламали одамон гуногун аст ва таҳаввулот мешавад; рӯз то рӯз роҳҳои нави худкушӣ кашф мешаванд. Сабаби он надонистани роҳҳои ҳали мушкилҳо бо бандубастҳои иҷтимоӣ мебошад. Кумаки равонӣ ба чунин афрод таъсири бештар дорад ва солона то сад нафарро аз худкушӣ бозмедорад ва ба ҳаёт бармегардонад."

Дар Тоҷикистон чунин навъи эътироз то кунун ба ин шеваҳо зиёд расонаӣ нашудааст. Ба истиснои марги Зариф Абдуллоев, сокини деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати Зарбдори Кӯлоб, ки ҳафтаи пеш худро дар назди бинои Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб оташ зад ва дар бемористон даргузашт.

Шарҳҳоро бинед (24)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG