Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сиёсат карданд, гуфтанд, ки мо зӯрем, ҳукуматем" ВИДЕО


Зеварниссо Маҳмадалиева
Зеварниссо Маҳмадалиева

Зеварнисо Маҳмадалиева ба хонаи ба хок яксоншудааш нигоҳ мекунад ва бо алам мегиряд. Хонаашро на селҳои рӯзи ахир, балки ҳамсояааш вайрон кард.

Ҳамсояааш Уроз Тоҷиков, раиси хоҷагии деҳқонии “Уроз” гуфтааст, ки бар асоси қонун амал кардааст, зеро бар асоси ҳукми додгоҳ замине, ки Зеварниссо дар он хона дошт, аз онҳост.

Ҳамсояҳои Зеварнисо чизи дигар мегӯянд. “Аз падараш мерос гирифта буд. Гуфтааст, ки ман мурдам духтарам ҳаминҷо зиндагӣ кунад. Ҷудо шуд, омад, гуфтанд, ҳаминҷо зиндагӣ кун" - мегӯяд, Амиралӣ Маҳмадалӣ, ҳамсояи Зеварнисо.

Зеварнисо бо ду кӯдакаш дар ин хонаи гилин дар деҳаи Калташӯр зиндагӣ мекард. Деҳа 40 километр дуртар аз шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Онро соли 1956 бунёд кардаанд ва зиёда аз 100 хоҷагӣ дорад. Дили ҳамсояҳо ба Зеварнисо месӯзад.

Амиралӣ Маҳмадалиев
Амиралӣ Маҳмадалиев

“Мувофиқи шариати ислом баъди вафоти падар ба ҳамин кас ҳамчу тарака тақсим карда додаанд, ки дар кӯча намонаду зиндагӣ кунанд” – мегӯяд, Амиралӣ Маҳмадалиев сокини Калташӯр.

Соли 2017 мақомот аз сокинон хостанд, барои манзилу заминҳояшон санади расмӣ гиранд, вале то ҳол ба баъзе аз тангдастон иҷрои ин талаб муяссар нашудааст. Тағоймурод Раҷабов мегӯяд, бисёре аз сокинон санади расмии моликияти заминро надоштанд, ҳоло бисёриҳо доранд.

Падари Зеварнисо, Қурбонмурод Маҳмадалиев дар ин гӯшаи деҳа соли 1988 хона сохт, замини нооободро обод кард ва то дами маргаш дар соли 2015 мунтазам андози заминро месупурд. Ба қавли Тағоймурод Раҷабов, сокини деҳа, падари Зеварниссо “Аз соли 1990-ум ҳаминҷоро обод кард, худаш сохтмон кард.“

"Сиёсат карданд, гуфтанд, мо зӯрем, ҳукуматем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:09 0:00

Ба қавли ӯ, барои ҳамин вайрон кардани хонаи Зеварниссо на аз рӯи адолат аст ва на аз рӯи ҳамсоягарӣ. Ҳамсояааш Уроз Тоҷиков аз Зеварнисо, ҳамсояи девор ба девораш хост, ки хонаро холӣ кунад, зеро замин ба номи онҳост. Заминро дар санадҳо ҳамчу замини хоҷагии деҳқонии “Уроз” сабт кардаанд. Баҳси онҳо сари замин се сол боз идома дошт.

Зеварнисо мегӯяд, ҳар идорае, ки рафт ноумедаш карданд. Аз рафтори ҳамсоя низ шикоят дорад: “Сиёсат карданд. Забонамро таги дандон мондаму тоқат кардам. Куҷое, ки рафтам муроҷиат кардам, дастгирӣ накарданд” - мегӯяд, ӯ.

Аз сухтаи дилам омадам, хӯрдам, ки набинаму насӯзам.

Вақте дар Бохтар буд, ба ӯ гуфтанд, ки хонаашро вайрон карданд. Ҳамсояааш Шамъигул Холова, ки шоҳиди ҳодиса буд, чунин мегӯяд, “Лоқу параша бароварданд. Баъд додарашро заданд. Дар як дам хонаро чаппа карданду сӯзонданд."

Вақте Зеварнисо аз Бохтар баргашту дар ҷойи хона тӯдаи хок дид, тоқат накард ва сирко хӯрд. Табибон наҷоташ доданд. “Аз сухтаи дилам омадам, хӯрдам, ки набинаму насӯзам. Дигар илоҷ надоштам роҳе надоштам. Куҷо рафтанамро намедонам. “

Пеш аз вайрон кардани хона додгоҳи Вахш хонаи Зеварнисоро ғайриқонунӣ номида, баҳсро ба фоидаи Уроз Тоҷиков ҳал кард. Вале додгоҳи вилоят амр додааст, ки хона вайрон карда нашавад.

“Лекин ба ин нигоҳ накарда суди ноҳияи Вахш, иҷрокунони суди ноҳияи Вахш хилофи ҳамин қонун амал карда, хонаро ба зиммаи Тоҷиков Уроз гузоштанд. Вай ҳамроҳи фарзандҳояш ҳамсояҳояш омада чаппа карданд” – мегӯяд, Амиралӣ Маҳмадалӣ.

Ончӣ ки аз хонаи Зеварнисо боқӣ мондааст.
Ончӣ ки аз хонаи Зеварнисо боқӣ мондааст.

Сокинони деҳ мегӯянд, падари Зеварнисо ин заминро даҳсолаҳо истифода мебурд ва шеваи муносибат бо ин зани танҳо бад аст. Зеварнисо мегӯяд, Тоҷиковҳо оилаи сарватманданд ва бинобар ин бо ӯ чунин рафтор карданд. Алимхон Тоҷиев, писари соҳибмулки нав, гуфт, ки дар ҷойи хонаи вайроншуда боғ бунёд мекунанд.

Мегӯяд, валангор кардани хонаи Зеварнисо қонунӣ буд. “Ин замини давлат буд, бекор, дар қонун ҳар чӣ ҳаст, ҳамонро мегӯем. Берун аз қонун гап назадем” – мегӯяд, Алимхон Тоҷиев. Аммо сокинони деҳаи Калташӯр мегӯянд, дар ҳаққи Зеварнисо зулм шудааст.

Зеварнисо, ки ҳоло бо ашёву ҷиҳози шикаставу кӯдакони ҳайронаш дар кӯча мондааст, мегӯяд, ба қонун ва адолат дигар бовар надорад. “Дар ин дунё фиреб мекунанд, дар он дунё чӣ хел фиреб мекунанд” мегӯяд, Зеварнисо, ки ҳоло фақат ба Худо эътиқод дорад.

XS
SM
MD
LG