Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯристони "Файзободи боло"-ро ба соҳибонаш баргардонданд. ВИДЕО


Ҳукумати шаҳри Кӯлоб бунёди манзил дар қитъаи заминеро, ки сокинони маҳаллаи “Файзободи боло” онҷоро барои қабристон интихоб карда буданд, қатъ кардааст.

Ба гуфтаи сокинони маҳалла, яке аз сабабҳои ба гӯши мақомот расидани баҳси оромгоҳу тақсими гӯшае аз он барои хонасозӣ гузориши Радиои Озодӣ будааст.

Дар ҷое, ки сокинони “Файзободи боло” онро солҳои тулонӣ қабристон мешумориданд, мақомот барои баъзеҳо замин барои хона додааст. Акнун қитъаи ҷанҷолиро ҳамчун оромгоҳ сабт кардаанд ва сокинон ҳам ба бастани атрофи он шурӯъ кардаанд, ки мабодо ҳукумат аз раъйаш нагардад.

“Баъди гузориши шумо гӯш ба овоз шуданд ва омаданд ва гуфтанд, ки дигар инҷо кор намекунем ва ҳуҷҷат карда ба шумо медиҳем” -гуфт, Зубайдулло Холмуродов сокини маҳаллаи “Файзободи Боло”.

Ҳукумати Кӯлоб моҳи декабри соли гузашта тасмим гирифт, қисмате аз заминеро, ки мардум онҷо 50 сол боз майит дафн мекарданд, барои бунёди хона тақсим кунад. Сокинони маҳалла, қарори шаҳрдориро ғайриахлоқӣ ва хилофи арзишҳои динӣ номиданд ва шикоят бурданд.

Гӯристони "Файзободи боло"-ро ба соҳибонаш баргардонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Баъди ин шикоят, қарори тақсими заминро бознигарӣ карда, раиси маҳалла Мадвалӣ Раҷабовро ҳам дастгир кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот, зоҳиран ҳангоми тақсими замин ришва гирифтааст.

Як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб, ки аз рафти тафтишот огоҳ аст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Мадвалӣ Раҷабовро аввали моҳи апрел баъди шикояти 20 сокини шаҳр боздошт карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар рафти тафтишот аз хонаи Мадвалӣ Раҷабов, 54 санади вобаста ба тақсими замин ёфта гирифтаанд.

“Тафтиши қазия оғоз шуд, вай дар боздошт қарор дорад. Аз тақсими замини қабристон ҳам шикоят шудааст. Тафтиш маълум мекунад, ки чӣ қадар маблағ гирифтааст” - гуфт манбаъ.

Сокинони “Файзободи Боло” моҳи декабри соли гузашта мегуфтанд, ки агар замини оромгоҳро ба мардум барои хонасозӣ бидиҳанд, онҳо дигар ҷое барои дафн кардани наздиконашон нахоҳанд дошт.

Ҳукумати шаҳр дар он вақт гуфт, ки қаламрави оромгоҳ моли Фонди манзил эътироф шудааст ва барои ҳамин чанд порчаи заминро барои хонасозӣ тақсим кардаанд. Сокинон мегуфтанд, ки ин замин аз соли 1970 барои оромгоҳ пешбинӣ шуда буд.

Маҳаллаи “Файзободи Боло”-и шаҳри Кӯлоб солҳои 1960-ум бунёд шудааст ва сокинонаш ба сабзавоткорӣ машғуланд. Бар тибқи иттилои расмӣ, дар маҳалла 400 хонавода ба сар мебарад ва ин оромгоҳ ягона қабристонест, ки дар он сокинони маҳаллӣ наздикони худро ба хок месупоранд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG