Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари президент: “Касе қабрҳоро бе маслиҳат накӯчондааст”


Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки интиқоли қабри чанд арбоби ҷамъиятиву адабӣ аз Боғи Айнии шаҳри Душанбе ба оромгоҳи Лучоб на пинҳонӣ, балки бо машварат бо пайвандони онҳо сурат гирифтааст. Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзи 19-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло эътирози наздикони бархе аз ин арбоби ҷамъиятӣ ноҷост.

Шикояти набераи Ҷаббор Расулов

Ирина Тихонова – набераи Ҷаббор Расулов – раҳбари собиқи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки қабраш аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб бурда шудааст, рӯзи 17-уми октябр аз чунин амалкард норизоӣ кард. Ӯ дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, барои бидуни огоҳии онҳо кӯчондани қабри бобояш аз болои мақомоти Душанбе шикоят хоҳад бурд. Тихонова иддао кардааст, ки мақомот фарзанду набераҳои Ҷаббор Расуловро дар мавриди кӯчондани қабр огоҳ накардаанд.

"Дар Душанбе ба таври пинҳонӣ бе огоҳии фарзандону набераҳо қабри бобои маро интиқол додаанд. Ман ин хабарро ба модарам намерасонам, зеро вокуниши ӯро тасаввур карда наметавонам", - гуфт ӯ ва афзуд, "мо мақомоти тоҷикро ба додгоҳ мекашонем".

“Кормандони Академия бо духтараш тамос доштанд”

Аммо Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд, қаблан кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон бо духтари Ҷаббор Расулов дар Маскав тамос доштанд ва ӯ ризояташро дар бораи интиқоли гӯри падараш дода буд. “Ҳамаи наздикону хешовандон дар ҷараён буданд. Машварат шуда буд ва ҳама медонистанд, ки интиқоли қабрҳо сурат мегирад”, - афзуд ӯ.

Ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло қабри ин афрод ба Лучоб бурда шуда, корҳои ободонӣ дар онҷо тақрибан ниҳоӣ шудааст. Мақомоти шаҳри Душанбе низ дар вокуниш ба нигарониҳо дар мавриди интиқоли чанд қабр гуфтанд, ки Боғи Айнӣ ҷои сайругашт аст, на қабристон. Онҳо гуфтанд, ки вуҷуди қабрҳо дар ин боғ беэҳтиромӣ нисбат ба бузургони миллӣ хоҳад шуд.

“Онҳое, ки шикоят мекунанд, чанд дафъа ба зиёрат меоянд?”

Обид Назаров
Обид Назаров

Обид Назаров, раиси бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "Боғи Айнӣ ҳамчун боғ мавриди истифода қарор дорад ва онро намешавад гӯристон кард. Агар наздикони онҳо дар масъалаи интиқоли қабрҳо шикоят доранд, бигзор, шикоят кунанд. Лучоб, воқеан, оромгоҳи чеҳраҳои бузургони фарҳангу адаб ва аҳли ҷомеа аст. Ҳамин нафароне, ки ки шикояту норозигӣ мекунанд, дар як сол чанд дафъа ба зиёрати қабри гузаштагонашон омадаанд."

То кунун қабри Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Боқӣ Раҳимзода, Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафиро аз Боғи Айнии пойтахт ба оромгоҳи Лучоб интиқол доданд. Бо тасмими мақомот, дар Боғи Айнӣ танҳо мақбараи тармимшудаи сардафтари адабиёти Тоҷикистони Шӯравӣ Садриддин Айнӣ боқӣ мемонад.

“Касе мухолиф набуд, аммо интиқоли қабрҳо бе огоҳӣ сурат гирифт”

Ҳарчанд наздикони бархе аз ин афрод гуфтанд, ки аз кӯч додани қабри гузаштаҳояшон хабар надоштанд, ба ин тасмими мақоомт низ мухолифат накарданд. Бахтиннисо Муллоҷонова, хоҳарзодаи Ҷаббор Расулов, ки тоза аз Маскав ба Душанбе омадааст, гуфт, “хуб шуд, ки ба оромгоҳи Лучоб бурданд. Чунки Боғи Айнӣ ҷойи истироҳат аст ва одамон гоҳе сархушӣ мекунанд. Мумкин аст, нисбат ба рӯҳи гузаштаҳо низ беэҳтиромӣ шавад”.

Сурайё Раҳимзода, духтари Боқӣ Раҳимзода, рӯзи 17-уми октябр аз он изҳори таассуф карда буд, ки онҳо надонистанд кай ва чӣ гуна қабри падараш ва дигаронро интиқол доданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, дар маслиҳати ду моҳи пеши мақомот бо онҳо ҳеҷ кас зидди кӯчондани қабрҳо мухолифат накарда буд.

Аз Боғи Айнӣ то оромгоҳи Лучоб

Боғи Айнӣ дар шаҳри Душанбе охири солҳои 1950-и асри гузашта бунёд шуда, дар он ҷо нахуст ҷасади Садриддин Айнӣ дафн шудааст. Дар солҳои 1980 дар қаламрави ин боғ, ки масоҳаташ ҳудуди 6 гектар мебошад, бозсозие анҷом шуда буд, вале ахиран мақомоти шаҳрдорӣ тасмим гирифтанд, ин боғ бояд намуди тозае ба худ бигирад.

Оромгоҳи Лучоб даҳсолаҳои охир макони дафни сиёсатмадорону рӯшанфикрон ва фарҳангиёни Тоҷикистон шудааст. Мирзо Турсунзода, яке аз чеҳраҳои шинохтаи тоҷик буд, ки дар ин макон ба хок супурда шуд. Баъдан ин оромгоҳ тадриҷан ба макони охирати нависандаҳову олимон ва ходимони давлат табдил шуд.

XS
SM
MD
LG