Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабри бузургони тоҷикро аз Боғи Айнӣ ба Лучоб интиқол доданд. ВИДЕО


Қабри Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров қарор аст шаби 17 ба 18 октябр ба макони нави дафн дар оромгоҳи Лучоб кӯч дода шавад.

То имрӯз мақомот чаҳор қабри раҳбарони собиқи сиёсӣ ва рӯшанфикрони тоҷик -- Ҷаббор Расулов, Боқӣ Раҳимзода, Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафиро интиқол доданд. Бо тасмими мақомот, дар Боғи Айнӣ танҳо қабри тармимшудаи сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ боқӣ мемонад.

Тасмим дар ин замина ҳанӯз чанд моҳи пеш гирифта шуд ва аъзои хонаводаи рӯшанфикрони дафншуда гуфтанд, ки моҳи август бо онҳо дар ин замина мақомоти шаҳрдорӣ сӯҳбате анҷом дода, ризоияти онҳоро ба даст овардаанд.

Қабри бузургони тоҷикро аз Боғи Айнӣ ба Лучоб интиқол доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Аз Боғи Айнӣ ба Лучоб

Рӯзи 17-уми октябр дар Боғи Айнӣ омодагиҳои ахир барои кӯч додани қабри Бобоҷон Ғафуров ҷараён дошт. Тарзи нигаҳдошти нимпайкарааш каме тағйир ёфта буд ва масъулини Боғи Айнӣ рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имшаб ин қабр низ ба макони нав кӯч дода мешавад. Баробар бо ин, дар боғ корҳои тармиму таъмир идома дорад.

Амрулло Боқиев, мудири Боғи Айнӣ дар шарҳи тасмими мақомот барои тағйир додани макони дафни бузургони фарҳангу сиёсати Тоҷикистон гуфт, азбаски боғ ба номи устод Айнӣ аст, қарор шуда дар инҷо танҳо мақбараи Садриддин Айнӣ бимонаду бас. Вай гуфт, ҳоло таъмиру тармими мақбараи пуршукӯҳи Айнӣ идома дорад ва муҷассамаи ӯ ҳам дар даромадгоҳи боғ гузошта шудааст. Дар рӯзҳои наздик қарор аст маросими ифтитоҳи он баргузор шавад.

Интиқоли қабрҳо бе ҳузури наздикон

Аммо масъулини боғ ба саволи ин, ки чаро дар ҷараёни берунориву дафни дигарбораи қабрҳо фарзанду набераҳояшон даъват нашуданд, посухе надоданд. Дар бораи ин, ки интиқоли қабрҳо бидуни ҳузури онҳо сурат гирифтааст, намояндагони хонаводаҳои Расулов ва Раҳимзода хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки мақомот қаблан ваъда дода буданд, ки дар вақти ба оромгоҳи Лучоб бурдани қабрҳо, намояндагони оилаҳои онҳо даъват мешаванд.

Аз ҷумла, Сурайё Раҳимзода, духтари Боқӣ Раҳимзода рӯзи 17 октябр бо изҳори таассуф ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо надонистанд кай ва чӣ гуна қабри падараш ва дигаронро интиқол додаанд. “Мо мунтазир будем, ки мақомот моро даъват мекунанд. Вале бидуни огоҳии мо, қабрҳоро интиқол додаанд ва мо имрӯз дақиқан огоҳ шудем, ки қабри падарам ба Лучоб бурда шудааст. Вақте, ки бародарам аз масъулони Боғи Айнӣ пурсон шуданд, ки “чаро фарзандонро даъват накардед?”, онҳо гуфтаанд, ки “бо омадани шумо намояндаҳои васоити ахбори умум меоянд ва аксбардорию наворбадорӣ мекунанд ва ҳаргуна овозаҳо пахш мешавад, хуб намешавад”.

Боғи Айнӣ.
Боғи Айнӣ.

Сурайё Раҳимзода гуфт, ки тахминан ду моҳ пеш дар толори Академияи улум фарзанду авлодҳои адибону нависандагон ва раҳбарони сиёсии Тоҷикистон, ки дар Боғи Айнӣ хоксупорӣ шудаанд, даъват шуданд. Дар ин ҷаласа мақомоти шаҳрдорӣ масъалаи кӯч додани қабрҳоро матраҳ карданд. Ба гуфтаи Сурайё Раҳимзода, “дар он ҷо ҳеҷ кас зидд набуд ва мақомот гуфтанд, ки дар ҷои қабри онҳо дар Боғи Айнӣ як амфитеатр барои 1600 нафар сохта мешавад ва ба ҳамин хотир қабрҳо ба Лучоб бурда мешаванд”.

Ба фарзандон гуфта шуд, ки ба хотири омехта накардани ҷои тафреҳу фароғат ва кори тарабхонаҳо дар макони дафни афроди саршинос, пешниҳод шудааст, ки ин қабрҳо ба ҷуз қабри рамзии Садриддин Айнӣ аз боғи ба номи ӯ ба ҷои дигар интиқол дода шавад.

Мақомот: "Хоксупорӣ тибқи оини мусалмонӣ сурат гирифт"

Дар оромгоҳи Лучоб, ки даҳсолаҳои охир макони дафни фарзонаҳои миллат, сиёсатмадорону рӯшанфикрон ва фарҳангиёни Тоҷикистон шудааст, дар як гӯшаи барҳаво дар канори исмҳои дигар қабрҳои Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафӣ, Ҷаббор Расулов ва Боқӣ Раҳимзода макони охират пайдо карданд. Мақомот гуфтанд, ки маросими хоксупорӣ аз рӯи оини мусалмонӣ ва дуохонӣ анҷом шуда, дар ин макон як гӯсфанд ҳам забҳ шуд. Дар болои қабрҳо нимпайкараҳо гузошта шуда ва рӯи онҳо бо латтаи сафед пушонида шудааст.

Интизор меравад дар рузҳои наздик оромгоҳи чеҳраҳои сиёҳӣ расман дубора ифтитоҳ карда шавад.

Бахтиниссо Мулоҷонова - хоҳарзодаи Ҷаббор Расулов, ки солҳои 1961-1982 котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд, низ гуфт, ки аз кӯч дода шудани қабри ӯ бехабар мондааст. Вай гуфт, бисёр мехост, ки дар ин маросими таърихӣ ва муҳим барои оилаи онҳо ширкат кунад.

Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, бо ин, ки хабари кӯч додани макони дафни афроди гузашта хабари ногаҳонӣ аст, вале бесобиқа ва ё ғайриоддӣ нест. Бархе аз паёмадҳои ахлоқии ин корандеша мекунанд ва мегӯянд, барои мардуми мусалмон эҳтиром ба қабри гузаштаҳову хотираи онҳо муқаддас аст.

Абдулқодирзода: "Кӯчонидани қабрҳо равост"

Вале Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ моҳи сентябр гуфт, дар сурати зарурӣ чунинкор имкон ва иҷозаи анҷом шудан дорад, ба шарте, ки меросбарони ин афрод мувофиқ бошанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар шарҳи назараш ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Дар сурати зарурат кӯчонидани на танҳо қабре, балки ҳатто қабристонро ҳам дини Ислом раво медонад. Вале шарте ҳаст, ки ин қабр ё қабристон бояд таърихи 20-30-сола дошта бошад. Тибқи қоидаи роиҷи исломӣ, устухонҳои майит ба як халтачаи аз матои покгирифта шуда, сипас дар қабри нав ҳатто бе кофтани лаҳад, дубора дафн карда мешавад. Кӯчонидани қабре ба арзишҳои исломӣ ҳеҷ мухолифате надорад."

Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон, ки Боғи Айнӣ марбут ба ҳамин ҳудуди маъмурӣ аст, моҳе пеш гуфта буд, ки дар ҷараёни корҳои бозсозии боғ роҳравҳои нав, мақбараи нав дар болои қабри устод Айнӣ ва фаввораҳо сохта шудаанд.

Боғи Айнӣ дафнгоҳи бузургони тоҷик

Боғи Айнӣ дар солҳои мухталиф макони дафни сардафтари адабиёти шӯравии тоҷикӣ Садриддин Айнӣ (санаи марг 15 июли соли 1954), ду фарзандаш Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафӣ, инчунин раҳбарони вақти Тоҷикистони шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров (санаи марг 12 июни соли 1977), Ҷаббор Расулов (4 апрели 1982) ва шоири маъруф Боқӣ Раҳимзода (30 январи соли 1980) интихоб шудааст.

Зимнан, Боғи Айнӣ дар шаҳри Душанбе охири солҳои 1950-и асри гузашта бунёд шуда, дар он ҷо нахуст ҷасади Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик дафн шудааст. Ин боғ тибқи тарҳи А.А.Мануилов сохта шудааст. Дар солҳои 1980 дар қаламрави ин боғ, ки масоҳаташ ҳудуди 6 гектар мебошад, бозсозие анҷом шуда буд, вале ахиран мақомоти шаҳрдорӣ тасмим гирифтанд, ки ин боғ бояд намуди тозае ба худ бигирад.

Сокинони Душанбе ва маҳаллаҳои атроф Боғи Айниро макони дӯстдоштаи сайру гашт ва тафреҳ ҳисоб мекарданд ва аз он нороҳат буданд, ки дар ҳудуди боғ қабри чанд шахсияти маъруф ҷой дода шудааст.

Баъди охири солҳои 1970 одат шуд, ки бархе чеҳраҳои обрӯманди ҷумҳурӣ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шаванд ва яке аз аввалинҳо Мирзо Турсунзода (санаи марг 24 сентябри соли 1977) буд, ки дар ин макон ба хок супурда шуд. Баъдан ин оромгоҳ тадриҷан ба макони охирати нависандаҳову олимон ва ходимони давлат табдил шуд.

XS
SM
MD
LG