Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии панҷ зани кишоварз дар додгоҳи Хатлон. САДО


Панҷ зани кишоварз дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон баъди чаҳор соли талош ва баҳси додгоҳӣ ба 150 сотих замини аз даст рафтаашон дубора соҳиб шуданд. Занҳо гуфтанд, ки дар ин роҳ ба онҳо барномаи амрикоии “Feed the Future Tajikistan Land Market Development Activity” кумак кард.

Пирӯзии панҷ зани кишоварз ба раиси хоҷагӣ дар додгоҳи Хатлон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:37 0:00
Линки мустақим

Танҳо баъд аз онки ба як семинар дар масъалаи замин рафтем, ба ҳарфҳои мо гӯш доданд. Ба мо вакили мудофеъ доданд.

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон шикояти кассатсионии раиси хоҷагии деҳқонии “Шарифҷон”-и ноҳияи Қубодиёнро дар ҳафтаи гузашта баррасӣ намуда, ихроҷи занони деҳқон дар соли 2013 аз ин хоҷагиро нодуруст унвон кард. Додгоҳ бо ин ҳукми худ ҳаққи бонувони кишоварзро ба қитъаҳои замин дубора барқарор намуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми декабр Нодира Сиддиқова, вакили дифои ин гурӯҳи занони кишоварз хабар дод.

Сиддиқова гуфт, додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон Носирхон Сафарзода баъд аз омӯзиши аризаи шикоятии раиси хоҷагӣ бо назардошти моддаи 11-и қонун дар бораи “Хоҷагии деҳқонӣ” ба ин натиҷа расид, ки тартиби аз кор ихроҷ намудани занони деҳқон нодуруст будааст. Ба қавли Нодира Сиддиқова, додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ҳалномаи содиркардаи худро ба бахши Кумитаи замин дар вилояти Хатлон ирсол дошт ва ба ин тартиб панҷ зани деҳқон аз ноҳияи Қубодиён ба қитъаҳои замини кишташон соҳиб шуданд. Мурофиаи охирин аз рӯи ин даъво рӯзи 21-уми ноябр баргузор шуд ва бо назардошти ғайриқонунӣ будани ҷараёни аз кор рондани занҳо натиҷаи он ба нафъи онҳо ҳал шудааст.

Додгоҳ қарори ихроҷи ин коргарон аз ҷониби раиси хоҷагиро ғайриқонунӣ номида, гуфтааст, бар асоси моддаи қонун дар бораи “Хоҷагии деҳқонӣ” дар протоколи ихроҷи корманд бояд имзои 10 нафар бошад, аммо ҳангоми ихроҷи занони деҳқон дар санад танҳо ду имзо ҷой доштааст. Инчунин, дар ҷаласаи аз кор ихроҷ намудан ва қарор содир намудан ҳудуди 20 корманд бояд ширкат дошта бошанд, вале раиси хоҷагӣ ҳамагӣ се - чаҳор нафарро даъват кардаасту бас. Ин аст, ки додрас ин ҳама қонуншиканиро дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ба эътибор гирифта ва ҳалномаи худро содир кард.

Наҷафмо Шакарова, яке аз занони деҳқон ва саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Шарифҷон”-и ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо пас аз як соли кор дар хоҷагии деҳқонӣ ва кишти тарбузу сабзиву картошка ва пахта фаҳмидаанд, ки аз тарафи раиси хоҷагии “Шарифҷон” аз кор ихроҷ шудаанд.

Ба гуфтаи Шакарова, раиси хоҷагӣ панҷ занро, ки саҳмдори замин ҳастанд, бидуни пурсиш аз кор озод кардааст: “Раис фикр кард, ки мо бесавод ҳастем ва ҳаққи худро талаб карда наметавонем. Моро напурсида ихроҷ кард. Дар аввал ба ҳукумати ноҳия, баъд ба додситонӣ ва ба дигар идораҳо муроҷиат кардем. Гӯш накарда, гуфтанд, ки “ба суди иқтисодӣ равед”. Боз ҳам кори мо пеш намерафт. Фақат баъди онки ба як семинар оид ба масъалаи замин, ки аз тарафи як созмони амрикоӣ дар ноҳия ташкил шуд, рафтем, ба ҳарфҳои мо гӯш доданд ва ба мо вакили мудофеъ доданд. Адвокати босавод моро ҳимоя кард ва бо вуҷуди шикоятҳои раиси хоҷагӣ додгоҳ аз ҳаққи мо ҳимоят кард”.

Нодира Сиддиқова
Нодира Сиддиқова

Бар асоси қарори додгоҳ, бонувон рӯзи 5-уми декабр ҳалномаи додгоҳро дастрас карда бояд ба намояндаи Кумитаи замин муроҷиат кунанд, то ки онҳоро бо қитъаҳои аз даст рафтаашон дубора таъмин созад. Вале нафаре, ки аз қарори додгоҳ комилан норозӣ аст, раиси хоҷагии “Шарифҷон” мебошад. Карим Маъруфов ҳукми додгоҳро комилан ноодилона меҳисобад ва мегӯяд, аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебарад. Карим Маъруфов, раиси хоҷагии деҳқонии “Шарифҷон” нахост дар ин бора зиёд шарҳ диҳад, вале рӯзи 5-уми декабр дар як сӯҳбати мухтасар бо Радиои Озодӣ гуфт, ният дорад дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бозбинии ин парвандаро талаб кунад. Вай гуфт, ин баҳс барои ӯ анҷом нашудааст. “Занони кишоварз ба мо туҳмат карданд”, - афзуд ӯ.

Баҳси сари моликият ба замин ва нақши саҳмдорон, ки маъмулан аз ҳисоби сокинони деҳоти атрофи ин қитъаи замин ҷалб мешаванд, аз маъмултарин баҳсҳои додгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Бархе коршиносон мегӯянд, ба хотири инки аксар додгоҳҳои кишвар дар баррасии қазия ва ҳам судури ҳалномаҳо мустақил нестанд, баҳс ба таври ғайримунсифона ҳал мешавад. Дар бархе ҳолатҳо, баҳси хоҷагиҳо бо сармоягузорон – бонкҳо ҳам ба додгоҳ меравад.

Мадумар Нурматов
Мадумар Нурматов

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки дар бисёр ҳолатҳо дониши нокофии ҳуқуқӣ, дасти кӯтаҳи даъвогарон дар ҷалби вакили дифои хусусӣ боиси нокомии онҳо дар додгоҳ мешавад. Мадумар Нурматов, масъули вобаста ба васоити ахбори умуми “Feed the Future Tajikistan Land Market Development Activity”, ки аз ҷониби USAID ё Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии Амрико сармоягузорӣ мешавад, рӯзи 5-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пирӯзии гурӯҳи занони кишоварз дар додгоҳ намунаи ибрат аст. Ӯ гуфт, вақте занони ҷабрдида ба семинар дар чорчӯби лоиҳа даъват шуданд ва мутахассисон бо қазияи онҳо ошно шуданд, ба қароре омаданд, ҳуқуқи онҳоро аз рӯи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мешавад барқарор кард.

Мадумар Нурматов гуфт, “барои расидан ба ҳаққи қонуниашон ба онҳо машварати ҳуқуқӣ дода шуда, манфиати онҳо дар додгоҳ пуштибонӣ карда шавад ва бо хидмати бепули вакили мудофеъ дар ҳамаи мурофиаҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон таъмин карда шаванд”.

Зимнан, тарҳи “Feed the Future Tajikistan Land Market Development Activity” ба таърихи 8 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби сафири вақти Иёлоти Мутаҳидаи Амрико - Элизабет Миллард бо сармоягузории 9,7 млн. доллари амрикоӣ оғоз ба кор кард. Вале саволи асосӣ ин аст, ки дар сурати надоштани маблағ ва дастрасӣ ба вакили дифои созмони ҳуқуқӣ на ҳама кишоварзон дар Тоҷикистон омода мешаванд то охир барои собит кардани ҳаққи худ мубориза баранд.

XS
SM
MD
LG